Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Патрисия Флор: Аз озодии баёну ҳуқуқи башар то масъалаи "Роғун"


Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Миёна Патрисиа Флор зимни гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 11-уми феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе.

Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Миёна Патрисиа Флор зимни гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 11-уми феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе.

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе бо пахши як изҳорот натиҷаҳои сафари фиристодаи ин созмон дар кишварҳои Осиёи Марказиро муассир арзёбӣ кардааст.

Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки Патрисия Флор, фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе дар ҷараёни сафари худ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон роҷеъ ба масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, вазъи амниятӣ дар минтақа, ба вижа Афғонистон ва масоили обу энержӣ гуфтугӯ кардааст.

Патрисиа Флор дар ин гуфтугӯҳо беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи башар ва волоияти қонунро як амри зарурӣ ва пураҳамият хондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қарор аст муколамаи «Ҳуқуқи башар» бо ҳузури масъулону намояндагони Тоҷикистон ва ИА, дар таърихи 6-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи наздик ба дафтари намояндагии ИА дар Душанбе рӯзи чоршанбеи 13-уми феврал ба Озодӣ гуфт, ки меҳвари дидору гуфтугӯҳои Патрисиа Флор бо мақомоти тоҷик, дар канори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ва риояти ҳуқуқи башар, ҳамчунин таъмини озодии баён ва матбуот ва рушди ҷомеаи маданӣ дар кишвар будааст.

Ин манбаъ афзуд, ки Патрисиа Флор, зимни баррасии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ба мавориди эҷоди маҳдудият дар ин замина, сайтбандиҳои ахир, ба хусус торнамои Радиои Озодӣ ишора карда, нигаронии Иттиҳодияи Аврупоро таъкид кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ба навбаи худ итминон додааст, ки ин мавзӯъро мадди назар хоҳад гирифт ва онро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти Тоҷикистон дар ин дидорҳо бештар ба ду мавзӯъ --тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва таъмини амният дар Афғонистон таваҷҷӯҳ кардаанд. Интизороти ҷониби Тоҷикистон ин аст, ки бо иҷрои тарҳи берун шудани неруҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон дар соли 2014, Иттиҳодияи Аврупо дар иҷрои тарҳҳое марбут ба таҳкими марзи давлатии ин кишвар бо Афғонистон кӯмакҳоеро дареғ надорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Иттиҳодияи Аврупо то кунун дар масъалаи таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон тарҳҳоеро рӯи даст дорад ва кӯмакҳои фаннӣ ва молиро кардааст.

Он гуна, ки эълом шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар дидор бо Патрисиа Флор тасмими Иттиҳодияи Аврупоро барои таҳияи стратегияи наваш дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020-ро як барномаи муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонда, аз ҷумла ба роҳ мондани механизми «Муколама оид ба амният»-ро дастгирӣ намудааст.

Аммо дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо мехоҳад то дар масъалаи тарҳи нерӯгоҳи Роғун низ ҳимояти маънавӣ пайдо кунад, манобеи наздик ба дафтари ИА дар Душанбе гуфтаанд, ки мавқеи ин созмонро дар масоили муҳим, аз ҷумла тарҳи Роғун, танҳо Кетрин Эштон, намояндаи олии ИА эълом медорад.

Ҳарчанд ба таъкиди ин манбаъ, мавқеи ИА ин аст, ки давлати Тоҷикистон бояд ҳамкории лозимро бо Бонки Ҷаҳонӣ ба роҳ монда ва натоиҷи ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин тарҳро мунтазир бошад. Чун ба таъкиди ин манбаъ, маҳз натоиҷи ин ташхис метавонад санади бунёдӣ барои ояндаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун бошад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз намояндагони Парлумони Аврупо, ба хусус Стивенсон аз сохтмони Роғун ҷонибдорӣ мекунад ва иҷрои ин тарҳро ба манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки кулли минтақа медонад.

Аммо манобеи Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, назари бархе аз вакилони Парлумони Аврупоро наметавон ба унвони мавқеи ин созмон қабул кард. Зеро ин парлумон аз 750 вакили кишварҳои узви ИА ташкил ёфтааст, ки онҳо намояндагони ҳудуди 36 ҳизби сиёсии ин кишварҳо ҳастанд ва ҳамаи онҳо мавқеи муштарак надоранд.

Боздиди Патрисиа Флор рӯзи душанбеи 11-12-уми феврал сурат гирифт, ки дар чорчуби барномаи ин сафар, вай бо раиси ҷумҳур, мақомоти Вазорати хориҷа, Вазорати адлия ва Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дидор ва масоили густариши ҳамкориҳоиТоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кард.

Хонум Флор, ки дар тобистони соли гузашта Пиер Морелро дар мақоми фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо иваз кард, моҳи июли соли гузашта бори аввал аз Тоҷикистон боздид кард.

Зимнан, Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 570 миллион евро кумакҳои мухталиф расондааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG