Пайвандҳои дастрасӣ

Харобкорӣ дар оромгоҳи масеҳиён дар Фархор


Гӯристони масеҳиёни Фархор оромгоҳи 3 ҳазор нафар аст.

Гӯристони масеҳиёни Фархор оромгоҳи 3 ҳазор нафар аст.

Дар ноҳияи Фархор гӯристони масеҳиён, ки охирин нишони мавҷудияти рустаборони замони Шӯравӣ дар ин ноҳия дониста мешавад, аз байн меравад.

Ҷамъияти кӯчаки русҳо дар Фархор, ҷануби Тоҷикистон аз тахриби сангу салибҳои беш аз 3 ҳазор гӯри наздиконашон дар ин ноҳия бонги изтироб мезананд. Аммо масъулини ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, талош доранд, то аз тахриби гӯристони масеҳиён ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ин ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон замони Шӯравӣ садҳо тан аз рустаборон ба сар мебурданд, аммо ҳоло аз ин ҷамъияти бузург танҳо панҷ нафар боқӣ мондааст, ки як рисолати худро дар ҳифзи ҳамин гӯристони бузурги наздиконашон мебинанд.

То ҳанӯз маълум нест, ки кадом гурӯҳ ё афрод панҷараҳои фулузӣ ва салибҳои хоси гӯристони пайравони мазҳаби масеҳиро, ки дар паҳлӯи гӯристони мусалмонон ҷойгир аст, мешикананд.

Салибҳои шикастаи болои гӯри писар, падар ва модар Валя Тиглова, як рустабори 63-солаи ин ноҳияро сахт нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, ду наслаш дар ин гӯристон дафн шудаанд ва ӯ ҳам танҳо ба хотири нигаҳбонии гӯри ягона писару волидайнаш то ҳол дар Фархор мондааст.

Ин зан мегӯяд, чанд рӯз пеш вақти боришот афроде салиб ё нишонаи болои сари гӯри писарашро чаппа кардаанд, вале азбаски вазнин буд, бо худ бурда натавонистаанд. Ӯ тахмин мезанад, ки эҳтимол дуздон панҷараҳои атрофи гӯр ва оҳанҳои салибро ба нафароне, ки манзил бунёд мекунанд, мефурӯшанд.

«Бовар кунед, соли гузашта, панҷараҳои арматурии онро, ки аз фулуз сохта шуда аст, бурданд. Имсол бошад навбат ба сангу салибҳо расид. Дигар намедонем, чӣ кор кунем,»-мегӯяд Тигилова.

Валентина Набиеваи 60-сола, яке аз панҷ узви дигари ҷамъияти рустаборони ноҳияи Фархор рӯзи 30 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамеша шоҳиди тахриби сангу салибҳо қабристон мешавад, аммо то ҳол на мақомоти маҳаллӣ ва на худи онҳо тахрибкоронро шиносӣ накардаанд.

«Ду рӯз пеш омада аз мазор дидан карда будем, баъзе сангу салибхо дар ҷояшон буданд. Як рӯз наомадем, алакай онро шикастаанд. Лекин мо то кунун нафаҳмидем, ки сангу салибҳои мазори волидайни мо ба кӣ лозим шуда бошад-» - гуфт мусоҳиби мо.

Аммо Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ҳукумати маҳаллӣ ба урфу оддатҳо ва боварҳои масеҳиён эҳтиром доранд ва ҳеҷ гоҳ ба тахриби оромгоҳи онҳо роҳ намедиҳад. Хонуми Раҳимзода, гуфт, ки ҳатто маросими дафни баъзе русҳои танҳомондаро ҳукумати маҳаллӣ ташкил мекунад.

Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фархор ба ғайри аз мардуми бумӣ ду ҷамъияти бузург - рустаборон ва кореягиҳо ба сар мебурданд. Сокинони рустабор бештар мансабҳои давлатиро дар даст дошта, аммо кореягиҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шолӣ мекориданд ва ҳосили хубе низ ба даст оварда, минтақаи Кӯлобро аз биринҷ таъмин мекарданд. Вале баъди сар задани ҷанги шаҳрвандӣ онҳо Тоҷикистонро тарк гуфтанд ва оромгоҳи мардуми рустабор дар ин минтақа бенигоҳубин монд.

Оромгоҳи кореягиҳо пас аз кӯч бастани ин ҷамъият комилан тахриб шудааст.

Абдуғаффор Абдураҳамонов, яке аз сокинони маҳаллӣ мегӯяд, ки ӯ ҳолати гиряи яке аз писарони кореягиро дар қабристонашон дидааст. Ӯ мегӯяд, ки гиряи ӯ дар он буд, ки аз ин оромгоҳи кӯчак дар деҳаи Кокул ягон нишон намонда буд. Ба гуфтаи Абдуғаффор, ин оромгоҳи зеборо, ки сангу салибҳои қиммат ва панҷараҳоӣ зебо дошт, ғорат карда бурданд ва ғорату шикастани қабристони русҳо низ ба қабристони кореягиҳо шабоҳат дорад.

Қабристони масеҳиён дар Фархор бузургтарин қабристони масеҳиён дар минтақаи Кӯлоб дониста мешавад.

Ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир буда, аз пойтахт, шаҳри Душанбе дар масофаи 200 километр дурӣ қарор дорад. Ин ноҳия беш аз 150 ҳазор аҳолӣ дорад, ки танҳо панҷ нафараш рустабор аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG