Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси пажӯҳиши "Озмоишгоҳи Касперский" ва ширкати B2B International, Тоҷикистон аз ҷиҳати осебпазирӣ ба ҳамлаҳои вируси компутерӣ баъд аз Русия дар ҷойи дувум қарор дорад.

Темур Ҷӯраев, як истифодабарандаи Интернет, чанде пеш аз торнамо ё сайти Вазорати молияи Тоҷикистон дидан кард ва ҳангоми "ангушт задан" ба хабарҳо, ба таври автоматӣ ба як торнамои порнографӣ ворид шуд. Ин ҳолати такондиҳанда ӯро водор кард, дигар ба ин сомона "сар" нахалонад.

Музаффар Раҳимов, сардори бахши барномасозии компютерӣ ва иттилоотии Вазорати молия, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин мушкил бартараф шудааст ва тамоми шӯъбаву зерсохторҳои вазорат бо антивирусҳои дорои литсензия таъминанд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аксар торнамоҳои Тоҷикистон ҳимояти қавӣ надоранд ва аксари онҳо борҳо "шикаста шудаанд". Ба қавли Музаффар Раҳимов, 80 дарсади чунин маворид амали кормандони собиқи ҳамон ниҳодҳо буда, танҳо 20 дарсади онро дуздони интернетӣ аз берун созмон медиҳанд.

Ҳамарӯза даҳҳо вирус тавлид мешаванд, ки ба гуфтаи Бахтиёр Файзуллоев, барномасози компютерӣ, ҳар яке аз онҳо ҳадафҳои мушаххаси худро доранд, "вирусҳо як барнома ҳастанд. Ҳар як вирус бо ҳадафе сохта шудааст. Масалан, компютери як касро сироят мекунанд, аммо ба барномаи он ягон коре надорад. Вирусҳое низ ҳастанд, ки ба компютер ворид мешаванд ва иттилои онро ба ягон кас мефиристанд. Баъзеи дигараш калидвожаи соҳиби компютерро медуздад. Ҳатто бачаҳои худамон низ вирус сохта метавонанд. Чанд маротиба сохта паҳн карда буданд."

Бахтиёр Файзуллоев ҳамчунин гуфт, барои ҳифз шудан аз ин вирусҳо бояд антивирусҳои ба таври қонунӣ ё худ литсензияшуда истифода гардад. Зеро ӯ мегӯяд, барои мисол ширкати Касперский, ки чунин барномаҳоро тавлид мекунад, соҳиби озмоишгоҳи вижа аст ва ин озмоишгоҳ ҳамарӯза вирусҳои навро омӯхта алайҳи он, сипар эҷод мекунад ва дар сурати доштани ин гуна антивирус он компютерро ба таври автоматӣ аз ҳуҷуми ҳар гуна вирусҳо ҳимоят карда метавонад.

Дониёр Тӯраев, барномасози яке аз корхонаҳои давлатии кишвар пажӯҳиши анҷомдодаи "Озмоишгоҳи Касперский" ва ширкати "B2B International"-ро воқеӣ медонад, зеро ба гуфтаи вай аксарияти компютерҳои корхонаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони алоҳида бо антивирусҳо таъмин нестанд ва ё таъмин ҳам бошанд, онҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ё роҳзанона (пиратӣ) дастрас шудаанд, ки ин роҳи ҳалли мушкил нест. Дониёр илова кард, ки ҳамлаи вирусҳо масъалаи ҷиддист, вале он мутаассифона, ҷиддӣ гирифта намешавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, роҳбари бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет мегӯяд, "имрӯз гуфта наметавонем, ҳамаи компютерҳои фардӣ аз ҳамлаи вирусҳо эмин ҳастанд." Ҳол он ки ба гуфтаи Ибодуллоев, махсусан муассисаҳои соҳаи маориф дар ин самт бештар осебпазиранд. "Ҳар як флешкае, ки дар компютери мактаб ва ё донишгоҳ монда мешавад, аллакай вируси зиёдро ба худ мегирад. Лекин дар алоҳидагӣ гирем, дар ниҳодҳои давлатӣ ва корхонаву ташкилоти хусусиву ҷамъиятӣ ин чиз ба андозае ба роҳ монда шудааст",-гуфт ӯ.

Аммо то чӣ андоза ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар кишвар аз киберҳамлаҳо худ ва муштариёнашонро эмин нигоҳ дошта метавонанд? Насим Шаймуродов, намояндаи ширкати Tcell дар посух ба ин суол гуфт, ширкати онҳо феълан бо сипари антивирусҳо таъмин мебошад. "Ширкатҳои калоне ҳастанд, ки барои ҳимоя шудан аз ҳар гуна вирусҳо ва шикаста нашудани системаашон аз низоми fire wall, яъне девори оташ истифода мебаранд. Ин система тамоми иттилоъ ва пакетҳое, ки ба ширкат ворид мешавад, филтр мекунад. Агар ягон пакети вирусӣ бошад ва ё ягон кас системаи электронии онро шикастанӣ бошад, ҳамин система аввалин сипарест, ки бар зидди он истодагарӣ мекунад",-мегӯяд ӯ.

Феълан дар Тоҷикистон бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои хизматрасонӣ дар соҳаи телекоммуникатсия аз ҷумлаи ниҳодҳоеанд, ки сипареро дар муқобили ҳамлаи вирусҳои компютерӣ доранд. Аммо Асомиддин Атоев, мутахассиси соҳа мегӯяд, барои пурра ҳифз кардани шабакаи интернетии ватанӣ таъсиси гуруҳи зудамал зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди Асомиддин Атоев, ки киберҳамлаҳо ба кишвар на танҳо зиёни иқтисодӣ, балки зарарҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ расонида метавонанд. Чунон ки Эстония ва Қирғизистон зимни маъракаи интихоботӣ мавриди чунин ҳамлаҳо қарор гирифта, муддате шабакаи интернетӣ аз кор монда буд. Зимнан, тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони интернет марзи 2 миллион нафарро убур мекунад, ки аз нисф зиёди онҳо ҳамарӯза тариқи телефонҳои дастиашон аз шабакаи интернет истифода мебаранд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG