Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи як оила аз боздошти хушунатбор


Сафаралӣ Сангов дар бемористон, 2-юми марти соли 2011
Сафаралӣ Сангов дар бемористон, 2-юми марти соли 2011

Наздикони шаҳрванд Сафаралӣ Сангов мегӯянд, ин сокини 24-солаи Душанбе аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино шадидан латукӯб шудааст.

Аммо Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрванд Сангов рӯзи 1 март бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва ҳангоми эълони ҷурм, талоши худкушӣ кардаву маҷрӯҳ гашт.

Вале ҳамсари ҷабрдида, хонуми Сарвиноз гуфт, ки рӯзи 1 март тақрибан соатҳои 11 якчанд нафар ногаҳон
Сарвиноз Сангова, ҳамсари Сафаралӣ
ба хонаи онҳо ворид шуда шавҳарашро боздошт карданд: «Якбора ба шавҳарам часпиданд. Онҳо ӯро ба замин афтонданд ва дастонашро ба пушташ тоб дода, ба сару рӯяш заданд. Доду вой кардем, ки чӣ кор мекунед, касе ба мо гӯш намедод.»

Сарвиноз мегӯяд, ин афрод, ки либоси мулкӣ доштанд, худро муаррифӣ накарданд ва бо вуҷуди пурсупоси наздикон дар идораи полис баъдан ҳам дар бораи шавҳараш маълумот надодаанд.

Суннатулло, писари Сафаралӣ Сангов низ мегӯяд, шоҳиди боздошт ва латукӯби падараш будааст.

Аммо дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷабрдида қаблан низ “доғи судӣ” дошт ва ҳоло бо “далелҳои шаъйӣ” боздошт шуд. Хонуми Сарвиноз мегӯяд, ки шавҳараш соли 1998 дар Русия 5 сол зиндонӣ шуда ва баъд аз раҳо шудан аз маҳбас ба ватан баргашт. Ӯ касби ронандагиро пеша кард ва рӯзҳои наздик як мағозаи хурд боз карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин мағоза сабаби асосии боздошти шавҳараш шудааст.

Дигар наздикони Сафаралӣ Сангов, ки низ шоҳиди ҳодиса будаанд, гуфтанд, кормандони милиса ҳеҷ айбномаеро алайҳи ӯ эълон накарданд. Ҳамсари бародари Сафаралӣ мегӯяд: ”вақте бародари шавҳарамро милисаҳо дар пеши чашмам мавриди латукӯб қарор доданд, аз онҳо пурсидам, ки чӣ гуноҳ дорад ва гуноҳашро ошкор гӯед. Ва агар гуноҳ ҳам дошта бошад, набояд шумо ӯро ин қадар ранҷ диҳед.”

Пизишки бемористони Қарияи Боло, Осаф Сафаров, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаноби Сангов дар ҳоли бисёр вазнин, бо осеби ҷиддии мағз ва ҷоғи шикаста ба ин бемористон интиқол дода шудааст. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ, ки ӯро ба беморхона оварданд, гуфтанд, ки ин мард худро аз баландие поён партофта, маҷрӯҳ кардааст. Пизишкон афзуданд, сабабҳои аслии ба ин ҳол афтодани ҷаноби Санговро муоинаи ҷиддитар муайян хоҳад кард.

Ин ҳодиса норушаниҳое дорад, ки бояд рӯзҳои оянда мушаххас шаванд, аз ҷумла оё “далелҳои шаъйӣ”, ки мақомот аз он ҳамчун сабаби қасди худкушӣ кардани Сангов ном бурдаанд, чӣ будаанд ва оё метавонистанд, дар воқеъ як инсонро ба худкушӣ тела диҳанд? Ё агар ин шаҳрванд ҷинояткор бошад, чаро ӯро на ба бемористони Вазорати умури дохилӣ, балки ба Қарияи Боло овардаанд ва чаро ҳеҷ ходими полис дар пушти дари утоқи ӯ назорат намебарад?

Ҳуқуқшиноси мустақил, Карим Асламов, мегӯяд, гунаҳкор будани шаҳрвандонро танҳо додгоҳ мушаххас мекунад ва ҳар амали хушунтабор алайҳи боздоштшудаҳо, агар ҷой дошта бошад, бархилофи қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле ҷараён гирифт, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хотири боло бурдани обрӯи ходимони полис ва афзоиши эътимоди мардум ба онҳо “Оиномаи ахлоқи ҳирфаии ходими полис”-ро ба нашр расонд.
XS
SM
MD
LG