Пайвандҳои дастрасӣ

Қиссаи сафари Ҳаҷ, сӯхтани манзил ва муборизаҳои Бадриддин


Бадриддин Сафаралиев.

Бадриддин Сафаралиев.

Як сокини 34-солаи ноҳияи Ҳисор, ки мегӯяд, "таҳти таъқибу фишор" қарор дорад ва ҳатто хонааш ба коми оташ рафтааст, то ҳол аз тарафи мақомот ба даъвоҳояш "ҷавоби мусбат" нагирифтааст.

Бадриддин Сафаралиев, сокини деҳаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор ахиран бо шикоят ба дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе омад ва гуфт, талоши гирифтани шиносномаи хориҷӣ барои сафари Ҳаҷҷи Умра боис шуд, ки дар зиндагиаш дигаргунӣ ва нисбаташ фишорҳои равонӣ афзун шавад. Ҳатто оташ гирифтану ба пуррагӣ сӯхтани хонаи истиқоматияшро аз ин қазия дур намедонад…

Қазия ин буда, ки ӯ мехостааст бо модараш ба Ҳаҷҷи Умра биравад ва ба ин хотир дар тирамоҳи соли 2013 барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба бахши шиносномадиҳии мақомоти милиса дар минтақаи Шарораи ноҳияи Ҳисор муроҷиат мекунад. Ба гуфтаи Сафаралиев, "корманди бахши шиносномадиҳӣ ба мо гуфт, барои ҳар шиноснома 100-долларӣ диҳед, дар муддати 1 ҳафта омода мекунам. Азбаски ҳарчи зудтар омода шудани шиносномаҳо зарур буд, ман розӣ шудам ва 200 доллар додам. Барои гирифтани 200 доллар ин корманд ба ман қоғаз дод бо ду муҳр ва гуфт, ки дар 1 ҳафта омода мекунам.»

Аммо ба гуфтаи ӯ, шиноснома дар мӯҳлати ваъдашуда омода нашуд ва ба ин далел Бадриддин Сафаралиев ва модараш аз сафари Ҳаҷҷи Умра дер карданд. Ӯ баъди ин ба вазири умури дохила Рамазон Раҳим шикоят мекунад: "Рӯзи 4-уми декабр ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ занг зада, ҳодисаро фаҳмондам, ки корманди онҳо аз ман пул гирифтаву шиносномаҳоямро тайёр накардааст."

Сафаралиев эътироф кард, ки бо гузашти чанд рӯз як шиноснома ва 100 долларашро баргардонданд ва гуфтаанд, ки боқӣ хароҷотатро ҳам ҷуброн мекунам. Аммо Сафаралиев барои онки дар ин муддат харҷи зиёд кардаву аз сафари Ҳаҷҷ бозмондааст, ба роҳбари бахши шиносномадиҳии Шарора ба таври хаттӣ шикоят мекунад.

Ба дунбол дар ҳаёти Бадриддин Сафаралиев як силсила ҳаводисе рух доданд, ки ба бовари ӯ, ба моҷарояш бо мақомоти милиса рабт дорад. Ӯ мегӯяд, чандин бор ба телефони дастияш занг зада, таҳдид ҳам карданд, ки шикояташро пас бигирад.


Даъватномаи оҷонсӣ ба Сафаралиев.

Даъватномаи оҷонсӣ ба Сафаралиев.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ, шаби 26-уми декабр як нафар, ки худро аз оҷонсии мубориза бо фасоди ҷумҳурӣ муаррифӣ кардааст, ӯро ба оҷонсӣ даъват мекунад: «Дар идораи коррупсия маро то ними шаб маҷбур карданд, то нависам, ки гӯё маро сардори бахши шиносномадиҳии «Шарора» маҷбур карда бошад, ки зидди кормандаш шикоят кунам. Аммо ман гуфтам, ки вай маро маҷбур накарда буд.»

Бадриддин мегӯяд, аз ӯ тақозо кардаанд, ки фардояш боз барои идомаи сӯҳбат ба оҷонсӣ ҳозир шавад. Аммо ӯ субҳ бо ин даъватнома на ба оҷонсии зидди фасод, балки ба қабули додситони кул Шерхон Салимзода рафта, аз рафтори намояндагони оҷонсии зидди фасод ва милиса шикоят менависад.

Аммо мақомоти оҷонсии зидди фасод мегӯянд, ки Сафаралиевро барои он даъват кардаанд, ки алайҳаш шикоят омада буд. Муҳаммад Хайруллоев, корманди оҷонсии зидди фасод дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки нисбати Бадриддин Сафаралиев ба оҷонсӣ аризаи шикоятӣ ворид шуда буд ва азбаски ин масъала берун аз салоҳияти онҳо будааст, он аризаро баъди чанд рӯз ба додситонӣ супурда, домани Сафаралиевро раҳо кардаанд.

Бадриддин ҳамин тавр гумон дорад, ки сӯхтани манзилаш дар таърихи 16 январ низ ба ин моҷаро иртибот дорад.

Ҷавоби Додситонии кул ба шикояти Сафаралиев.

Ҷавоби Додситонии кул ба шикояти Сафаралиев.

Дар ин масъала аз Додситонии кул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи оташсӯзии манзили Сафаралиев аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор бо моддаи 255-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст, вале омилони он сӯхтор то ҳол ошкор нашудаанд. Сафаров Ф.Ш, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Додситонии кул дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи Бадриддин Сафаралиевро «барои баррасии холисона ба додситонии Ҳисор фиристодем. Аммо ҳоло ба мо аз натиҷаи он ахборот надодаанд. Агар норозӣ бошад, марҳамат, муроҷиат кунад.»

Вазорати умури дохила ахиран он корманди бахши шиносномадиҳии Шарораро, ки натавонист шиносномаҳои Бадриддин Сафаралиев ва модари ҳро сари вақт омода кунад, барканор кард ва Бадриддин ҳоло номаи вазорат дар ин бораро ҳамчун аломати ҳақ буданаш дар ин қазия ва нахустин пирӯзии худ дар ин набарди нобаробар ба хабарнигорон намоиш медиҳад. Вале мегӯяд, бо 5 фарзанди ноболиғ пас аз сӯхтори манзилаш дар як ҳуҷраи якрӯяпӯши ҳавлияш ба сар мебарад ва мунтазири ҳалли мунсифонаи қазияи сӯхтори хонааш истодааст, ки шояд онеро ҳам, ки хонаашро оташ зад, пайдо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG