Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабдаҳ тобистони бебарқии Хоҷағалтон дар як рӯз ҳал шуд


Занони деҳаи Хоҷағалтон аз бебарқӣ ба ҳукумат шикоят бурданд.

Занони деҳаи Хоҷағалтон аз бебарқӣ ба ҳукумат шикоят бурданд.

Бархе аз сокинони деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Восеъ субҳи 26 июн бо Озодӣ дар тамос шуда гуфтанд, ки баъд аз нашри матлаб дар бораи ҳабдаҳ тобистони бебарқии онҳо мақомот мушкилашонро ҳал кардаанд.

Баъзе аз сокинони рустои Хоҷағалтони ноҳияи Восеъ мегӯянд, баъд аз нашри матлаби "Озодӣ" дар бораи ҳабдаҳ тобистони бебарқии онҳо мушкилашон ҳал шудааст. Ин матлаб рӯзи 25 июн чоп шуд.

Муҳаммади Саидзода, сокини Восеъ, субҳи 26 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "муовинони раиси ноҳияи Восеъ ва кормандони идораи барқ то нимашаби панҷшанбе масъалаи бебарқиро ҳал краданд. Ҳоло сокинони Хоҷағалтон соҳиби барқ шуданд."

Субҳи рӯзи панҷшанбе ҳудуди 20 тан аз сокинони деҳаи Хоҷағалтони ҷамоати “Мирзоалӣ Вайсов” дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Восеъ ҷамъ шуда ва шикояти худро нисбат ба бебарқӣ дар фасли тобистон ба раҳбарият расониданд. ​Розиямоҳ Назарова, сокини деҳаи “Хоҷағалтон”-и ҷамоати Мирзоалӣ Вайсов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо, ҳудуди 20 марду зан ба назди раҳбарияти ноҳия омаданд, то мақомот ба мушкилоти бебарқии онҳо дар фасли тобистон расидагӣ кунанд. Ба гуфтаи Назарова, онҳоро ваъда доданд, ки агар дар саҳро рафта пахта чобук кунанд, мушкилоти қувваи барқ ҳал мешавад.

Ӯ мегӯяд, ин корро ҳам анҷом доданд, аммо қувваи барқ то ҳол барои онҳо наомад. "Ҳар сол ҳамин фасл, ки шурӯъ шуд, мушкилии мо сокинон низ оғоз мешавад. Қувваи барқро мекушанд, баҳонаашон як чиз аст, ки трансформатор сӯхт. Соли гузашта низ мо дар моҳи Рамазон ҳамин мушкилро пушти сар кардем, аммо ягон мақомот ба шикояти мо нарасид”,-гуфт Розиямо Назарова.

Ба гуфтаи сокинон деҳаи Хоҷағалтон, ҳар сол дар фасли тобистон ба муддати ду моҳ мушкили бебарқӣ доранд ва сабаби он ҳам ба ин рабт мегирад, ки шабакаҳои барқии ноҳия нерӯи барқро барои фаъол будани нассоҳои обкаши хоҷагӣ ба хотири парвариши пахта ҷудо мекунад ва ба ин далел деҳаи Хоҷағалтон аз барқ маҳрум мешавад.

Ширинмоҳ Сайдалова, сокини дигари деҳаи «Хоҷағалтон» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, 17 сол мешавад, ки деҳаи онҳо дар фасли гармо аз қувваи барқ маҳрум мегарданд. Ба гуфтаи Сайдалова, ҳатто чанд моҳи пеш мардум пул ҷамъ карда ва трансформоторро ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ харидорӣ кардаанд, то шабакаҳои барқӣ ҳиссаи нерӯи барқи ин деҳаро аз нассоҳои обкаш ҷудо кунанд, вале масъулон то ҳол ин дастгоҳро барои деҳа васл намекунанд ва мушкили бебарқии сокинон ҳамчунон идома дорад.

Дар пайи эътирози сокинон дар назди бинои ҳукумат, Нуралӣ Мӯъминов -- муовини раиси ҳукумат онҳоро қабул карда ва ваъда додааст, ки ҳатман ба мушкили онҳо расидагӣ хоҳад шуд.

Аммо Мирзо Одинаев, сардори Шабакаҳои барқии Восеъ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон аз трансформатори насосҳои обкашӣ қувваи барқ мегирифтанд ва бо иллати корношоям шудан, сокинон бе барқ мондаанд. Ба гуфтаи Одинаев, сокинон трансфарматор харидорӣ карда васл намудаанд, аммо то кунун барои бо қувваи барқ пайваст кардан иҷозаи расмӣ ба онҳо нашудааст.

Ҷаноби Одинаев афзуд: «Он трансформатор барои хоҷагиҳои деҳқонӣ буд, аммо он низ сокинонро аз барқ таъмин мекард. Вақте он сӯхт, сокинон бе қувваи барқ мемонанд. Ҳоло мо барои трансформатри нави сокинон иҷозатнома гирифтагӣ нестем ва онро низ ваъда дода наметавонем, ки кай ҳуҷҷат тайёр мешавад, то мо онро васл кунем.»

Ин барои аввалин бор нест, ки сокинони деҳаи “Хоҷағалтон” мушкилоташонро ба мақомот матраҳ мекунанд, аммо солҳост, ки ҳалли худро наёфтааст. Деҳаи “Хоҷағалтон”-и ноҳияи Восеъ ҳудуди 100 хонавода дорад, ки дар маҷмӯъ беш аз 500 нафар ба сар мебарад.

Он чӣ мояи нигаронии ин сокинон аст, ки дар фасли тобистон ва он ҳам замоне, ки Тоҷикистон камбуди тавлиди нируи барқ надорад ва ҳатто нерӯи барқи изофиаш “барабас” меравад, онҳо аз нерӯи барқ маҳруманд. Деҳаи «Хоҷағалтон» дар чаҳоркилометрии маркази ноҳияи Восеъ ноҳия ҷойгир аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG