Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорони Озодӣ нархи маҳсулоти асосӣ дар Душанбе ва Прага, як кишвари миёнаҳоли Аврупоро муқоиса карданд. Маълум шуд, ки бисёри нархҳо дар Аврупо аз Тоҷикистон хеле арзонтар будааст.

Тоҷикистон ҳамеша бо табиати зебову меваву сабзавоти арзону фаровонаш шӯҳрат дошт. Аммо ибтидо фаровонӣ моли бойгонӣ шуду ба дунболаш – арзонӣ. Ва ҳоло ин кишвари аграрӣ, ки 72 дарсади аҳолиаш дар деҳот ба сар мебарад, аксари анвоъи хӯрокворӣ, ҳатто меваву сабзавотро аз хориҷ ворид мекунад ва тавре мушоҳида мешавад, нархи маҳсулоти хӯрока дар мағозаву бозорҳояш ҳам дигар аз Амрико ё Аврупо камӣ надорад. Дар нархи бархе маҳсулот балки чемпион ҳам ҳаст.

Албатта, расонаҳои расмӣ то ҳол дам аз ин “вижагӣ”-и Тоҷикикистон, яъне табиату меваву сабзаҷоти гӯё ҳам аз лиҳози тамъу ҳам аз нигоҳи нарх беҳамтояш мезананд. Мо дар ин барнома нархи маҳсулоти асосӣ дар Душанбе , пойтахти Тоҷикистон, бо Прага - пойтахти Ҷумҳурии Чех, як кишвари миёнаҳоли аврупоиро қиёс кардем, то бубинем, арзонӣ дар воқеъ оё дар куҷост – дар Душанбе? Ё дар ... Прага?

Маҳсулот Прага
Душанбе
Орд (50кг)
400 крон / 20 $
123 с/ 25$
намак (1кг)
4 крон / 0,20 $
0,70с/ 0,15$
шакар (1кг)
22 крон/ 1,10 $
4,5 с / 0,90$
равғани офтобпараст(1л)
равғани пахта (1л)
31 крон /1,5 $
--
11с /2,30$
7 с /1,4$
шир (1л) 14 крон /0,70 $
5,5 с /1,1$
ҷурғот (500г)
чакка 1 кило
14 крон /0,70 $
--
3,5 с / 0,70$
10с / 2$
гӯшт (бо устухон)
109 крон / 5,2$
32-33 с /5,5 $
гӯшти лаҳм
139 к /7 $
45 с/ 9$
Картошка
10- 18 крон /0,50 - 0,90$ 2с/ 0,40$
сабзӣ
14 крон /0,70
1,5с / 0,30
пиёз
8- 18 крон /0,40 - 0,70$
1,20с / 0,25$
себ
19 крон /1 $
7с /1,40$
ангур
59-100 крон /3-5$
12- 25с / 2,40- 5$
мандарин
9 крон/ 1$
3,50 -12/ 0,70 -2,40$
банан
18-28 крон/ 0,90 – 1,40$ (1 дона) 2 с/ 0,40$
Лимӯ (1 кг)
32 крон/ 1,6 $
10 с /2$
Об ( 1,5 л) аз 4 крон 0,20$ аз 1,5 с /0,30 $


Муқоисаи нархҳо дар Душанбеву Прага мутаассифона ба сурати умум ба фоидаи Душанбе нест. Нархи маҳсулоти асосӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле сарбафалак задаву дар сабқати нархҳо аз Аврупо ҳам гузаштааст, ки ҳатто бар асоси омори расмӣ, 35,6 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр ба сар мебараду маоши миёнаи мардум дар ин кишвар ҳудуди 600 сомонӣ, ё тақрибан 120 доллар ва ҳмаоши ҳадди ақал 250 сомонӣ, яъне тақрибан 50 долларро ташкил медиҳад.

Барои муқоиса бояд бигӯем, ки маоши ҳадди ақал дар Ҷумҳурии Чех 8500 крон, ё беш аз 400 доллару маоши миёна қариб 24 622 крон, яъне қариб 1250 доллар баровард мешавад. Яъне мардуми Чехия бо маоши 10 маротиба болотар аз Тоҷикистон нархҳои аз Тоҷикистон арзонтар доранд!

Ва он ҳам дар ҳоле ки ба бовари мардуми чех, нархҳо дар ин кишвар назар ба кишварҳои дигари Аврупо баландтар аст ва бисёрии онҳо барои хариди хӯрока ҳар ҳафта ба Олмон мераванд, ки бо маоши миёнаи баробари қариб 2500 евро мағозаҳояш нархҳои аз Прага ва табъан аз Душанбе ҳам хеле арзонтаре доранд.

Аммо сабаб чист, ки нархи маҳсулот, ҳатто нархи меваву сабзавот дар кишвари кишоварзие, чун Тоҷикистон хеле болотар аз Аврупост? Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик дар ин амр нақши ширкатҳои монополист ва бори гарони хароҷоти изофие, ки арзиш аз андози изофаву боҷу хироҷҳои гумрукӣ ва фам фасод - маризии маъмули иқтисоди Тоҷикистон - боло нархи мазсулот изофа мекунанд, омилҳои асосӣ медонад. Як фурӯшанда дар бозори Шоҳмансури Душанбе аммо мегӯяд, як омили дигар аз чанд даст гузаштани маҳсулот то расиданаш ба дасти харидор аст.

Ба ин тартиб, нархҳо дуруст арсае шудааст, ки метавон нгуфт, Тоҷикистон дар он алакай аз Амрикову Аврупо пеш гузаштааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, то замоне ки фазои дар воқеъ рақобати солим дар арсаҳои иқтисодии Тоҷикистон сохта нашавад, ин кишвар ҳамчунон шоҳиди мавҷҳои навбанави парвози нархҳо хоҳад монд. Уфти нархҳоро ба ин шароите ки ҳаст, мо зоҳиран дар кӯтоҳмуддат, яъне дар як ё ду соли наздик нахоҳем дид.


ВИДЕОИ КОМИЛИ ИН БАРНОМА ИНҶОСТ:


http://www.ozodi.org/media/video/chasmandoz-on-prices/25240941.html

Шумо ҳамчунин метавонед вид ҳамчунин метавонед дар сомонаи Youtube дар ин нишонӣ тамошо кунед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG