Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои гулгузорӣ ба пояи ҳайкали доҳии худ Владимир Илич Ленин дар зодрӯзи ӯ аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ноҳияи Рудакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) мераванд

Коммунистони Тоҷикистон имсол низ мехоҳанд, дар зодрӯзи доҳии худ Владимир Илич Ленин гирди ҳам оянд ва бар пояи пайкараи ӯ гулчанбар гузоранд. Вале ин бор, бо сабаби он ки дар шаҳри Душанбе ягон муҷассамаи бузурги Ленин боқӣ намондааст, онҳо 145-солагии доҳии худро дар ноҳияи Рудакӣ, 30 километрии пойтахти Тоҷикистон, ҷашн мегиранд.

Исмоил Талбаков муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 22 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари аъзои ин ҳизб ба собиқ ноҳияи Ленин аз рӯи ночорӣ ба амал меояд. Вай бо изҳори таассуф аз барканда шудани муҷассамаҳои Ленин дар пойтахт гуфт, охирин муҷассами барқади ӯ дар боғи Рудакӣ (собиқ боғи Ленин) боқӣ монда буд, вале бо бозсозӣ ва иваз шудани номи боғ охирин ҳайкали барқади Ленин дар пойтахт бо муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик иваз карда шуд.

Ҷаноби Талбаков афзуд, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҳукумати шаҳри Душанбе нома ирсол дошта, хоҳиш кардааст, ки барои дубора гузоштани ҳайкали барқади Ленин ҷои муносиберо дар шаҳр пешинҳод кунад ва мунтазири посухи шаҳрдорӣ ҳастанд. Ҷаноби Талбаков афзуд, ки то ҳол алоқа ва муҳаббат ба Ленин ҳамчун поягузори давлати муқтадири Иттиҳоди Шӯравӣ нишон медиҳа, ки мардум аз арзишҳои ҷомеаи шӯравӣ ва аз хушиҳои он даврону он давлати сохтаи Ленин ба некӣ ёд мекунанд.

«Вақте ки муҷассамаи Ленинро аз шаҳрак ва ё навоҳӣ мебардоранд, сокинон ин пайкараҳоро дар манзилҳои худ ҳифз мекунанд. Имрӯзҳо даҳҳо муҷассамаи барқад ва нимпайкараҳои Ленин дар ҳавлӣ ва бӯстонсароҳои мардум гузошта шудаанд. Хусусан дар Данғара 12 бюсти Ленин дар дасти мардум аст, » - гуфт Исмоил Талбаков.

Исмоил Талбаков мегуяд имрӯз раҳбарияти ҳизби коммунистӣ ба хотири ёдбуди доҳии худ ба ноҳияи Рудакӣ ва Ваҳдат мераванд ва дар онҷо зери ҳайкалҳои барқади Ленин гулгузорӣ мекунанд ҳамчунин аъзои ҳизби комунист дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар дар он ҷойҳое, ки муҷассамаву нимпайкараҳои Ленин ҳаст гулгузорӣ хоҳанд кард ва ба ин муносибат конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ низ дар пойтахт ва дар навоҳии кишвар баргузор хоҳад шуд.

Зодрӯзи доҳии коммунистҳо Владимир Илич Ленин дар замонии Шӯравӣ яке аз ҷашнҳои умдаи расмӣ ва оммавӣ ба шумор мерафт, аммо бо гузашти зиёда аз ду даҳа аз фурӯпошии СССР афроди ками Ҳизби коммунист ва асосан сокинони солхӯрда аз ин рӯз ёдовар мешаванд. о чанд соли пеш муҷассамаҳои Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ҳанӯз зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленинро бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ё Рӯдакӣ ва Мавлавӣ иваз карда шуданд. Аммо нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG