Пайвандҳои дастрасӣ

Коммунистҳои Суғд барои бори аввал эҳтимол дорад интихоботи парлумониро бо сафҳои пароканда истиқбол бигиранд.

Фаъолони Ҳизби коммунист дар Хуҷанд бидуни мувофиқа бо раҳбарияти ҳизби худ нафареро раиси бахши вилоятӣ баргузидаанд, ки раҳбарияти ин ҳизб қабул надорад ва мегӯянд, солҳои охир аслан аз фаъолият дар ин ҳизб канор рафта буд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоби Абдуҷаббор Аҳмадов, собиқ коммунисти фаъол ва вакили парлумони қаблӣ ба вазифаи раиси бахши суғдии ҳизбашро муғойир ба оинномаи ҳизб номид. Вай мегӯяд,ҷаноби Аҳмадов замони аз номи ин ҳизб дар курсии парлумонӣ буданаш аз барномаву мавқеи Ҳизби коммунистӣ дастгирӣ намекард ва ҳатто ҳаққи узвияти худро насупурда, дар ягон чорабинии коммунистҳо ҳам иштирок надошт.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ.

Ҷаноби Талбаков дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ талошҳои раҳбари бахши вилоятии ҳизби коммунистӣ шудани Аҳмадовро “кӯшиши ҷудоиандозӣ байни коммунистҳои Тоҷикистон номид: “Ман фикр мекунам, як гурӯҳи алоҳида, ки аз ҳизб баромада фаъолият надоштанд, мехоҳанд раҳбарии ҳизбиро ба дасти худ бигиранд ва байни аъзои Ҳизби коммунистӣ ҷудоӣ андозанд. Мақсади асосии онҳо Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистист, ки ба назари онҳо, гӯё кор карда натавониста истодааст ва бояд ба истеъфо равад.”

Вале Абдуҷаббор Аҳмадов, раҳбари тозаинтихоби бахши Ҳизби коммунистӣ дар Хуҷанд ин ақидаи раҳбарияти ҳизбашро қабул надорад: “Бовар кунед тамоман асос надорад ин даъво. Мо фақат дар пленуми вилоятӣ фикру андешаҳои худро дар бораи кумитаи марказии ҳизбамон гуфтем, тамом. Мо ягон ғараз ё фикри ҷудоиандозӣ надорем. Ман дар ҳамаи ин масъалаҳо фикру андешаҳои худро гуфта будам.”

Мусоҳибам афзуд, вай ба вазифаи раҳбарии бахши Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо пешниҳоди аъзои пленуми ин бахш қабул кардааст ва ин ҷо ягон берун рафтан аз оинномаи ҳизбашро намебинад: “Дар низомномаи Ҳизби коммунистӣ гуфта шудааст, ки котиби якуми созмони Ҳизби коммунистӣ, котибот ва аъзои пленум дар вилоят дар конфаронс ё пленум интихоб карда мешаванд. Пленум ҳақ дорад ҳангоми дар фосилаи байни конфаронсҳо ба сабаби беморӣ ё дигар сабабҳо аз вазифа рафтани котиби ҳизбӣ, каси дигарро ба ҷои вай баргузинад. Вале мувофиқа кардани номзад бо раҳбарияти аввали ҳизб ин дар доираи регламенти корӣ сурат мегирад ва ин аз давраи гузашта мондааст, ки номзадии котиби созмони шаҳриро аввал бо Маскав мувофиқа мекарданд. ”

Абдуҷаббор Аҳмадов дар интихоботи парлумонии соли 2005 дар ҳавзаи инфиродии Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рақиби худ аз ҳизби ҳоким - Шавкат Исмоилов, раиси кумитаи қонунгузории парлумони пешинро шикаст дода, 5 сол ба курсии вакилӣ дар парлумон такя зада буд ва дар замони вакиливу баъди анҷоми ваколаташ аз саҳнаи Ҳизби коммунистӣ нопадид шуда буд.

Ҷаноби Аҳмадов дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё ин навбат низ дар интихоботи парлумонии соли 2015 номзадии худро пешниҳод кардан мехоҳад, гуфт, ҳоло дар ин бора сӯҳбат карданро барвақт медонад. Бархе аъзои фаъоли Ҳизби коммунистӣ мегӯянд, баҳс сари раҳбарии бахши суғдии ҳизби коммунист аз “ҷоҳталабиҳои шахсӣ” – и бархе аъзои фаъоли ин ҳизб маншаъ мегирад. “Ба фикри ман, ин ҷо ягон кори мақсаднок, ба хотири ҷудоиандозӣ байни аъзои ҳизби коммунистӣ нест. Ин баҳс аз амбитсия, ҷоҳталабиҳои шахсӣ сар задааст.”

Раҳбари пешини созмони суғдии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Абдуалӣ Маҳкамов моҳи августи соли равон бинобар бемории тӯлонӣ бо хоҳиши худ аз ин вазифа рафта буд. Раҳбарияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба ҷойи вай то интихобти раиси нав муваққатан муовинаш - Мубинҷон Маҳмудовро таъйин кард, вале ба гуфтаи Исмоил Талбаков, котиби ҳизби мазкур аз ҷониби раиси тозаинтихоб Аҳмадов ва ҷонибдорони вай пазируфта нашуд.

Раҳбарияти Ҳизби коммунистӣ мехост нимаи дуюми моҳи сентябр бо баргузории ҷаласаи бахши суғдӣ раҳбари навро сари маснад орад, вале гурӯҳе аз коммунистҳои фаъоли Суғд бо пешдастӣ ҷаласаро даъват ва Абдуҷаббор Аҳмадовро раҳбари худ баргузиданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 15 ҳазор узв дорад. Дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ коммунистҳо натавонистанд ягон номзади худро аз шимоли Тоҷикистон ба курсии парлумон бирасонанд. Вале тавонистанд ҳудуди 20 дар сади курсиҳо дар маҷлисҳои маҳаллиро дар ихтиёр бигиранд.

Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, дар наздиктарин рӯзҳо пленуми якҷои кумитаи марказӣ ва созмони суғдии ҳизбашро даъват ва интихоби раиси созмон дар вилояти Суғдро баррасӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG