Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои Суғд бе мувофиқати Шабдолов раис интихоб карданд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ихтилоф дар сафҳои бахши суғдии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дигарбора сар задааст ва коммунистони ин минтақа бидуни розигии раҳбарони худ дар Душанбе, раиси нав интихоб карданд.

Коммунистҳои Суғд Қурбонҷон Мирзоева -- яке аз фаъолтарин ҳамҳизбони худро раҳбари созмони вилоятӣ интихоб карданд. Аз тирамоҳи соли гузашта ба ин сӯ раҳбари коммунистҳо дар минтақаи шимолии Тоҷикистон барои бори савум иваз мешавад.

Ҷонибдорони хонум Мирзоева бар онанд, ки интихоби вай ба хотири суръат бахшидани фаъолияти ҳизбашон баъди шикаст дар интихоботи парлумонӣ сурат гирифтааст. Вале сарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва дар раъси онҳо Шодӣ Шабдолов раҳбари нави созмони суғдии ҳизби худро эътироф надоранд ва мегӯянд, бидуни мувофиқа бо раҳбарият ва риояти тартиби ҳизбаш интихоб шудани Мирзоева, талоши суст кардани пояҳои Ҳизби коммунистӣ бо дастури мақомот аст.

Қурбонҷон Мирзоева рӯзи чоршанбеи 29 уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вайро дар пленуми созмони суғдии ҳизбаш иҷрокунандаи вазифаи раҳбар интихоб кардаанд. Аммо даъвои раҳбарони ҳизбаш дар бораи он, ки вай бо ёрии мақомот ва барои ҷудоиандозӣ байни сафҳои Ҳизби коммунистӣ омадааст, дуруст нест.

“Бо вуҷуди он, ман Шабдоловро чун лидери ҳизби коммунистӣ эътироф мекунам. Вале ба назари ман, мо коммунистҳо аз идеяҳои марксизм – ленинизм даст накашида, ҷавобгӯ ба замони муосир, давлат ва ҳукумати муосир қадам гузошта тавонем.” - афзуд вай.

Хонум Мирзоева афзуд, вай ният дорад Ҳизби коммунистро, ки ба эътирофи ҳамагон, “пир шудааст”, аз ҳисоби чеҳраҳои нав “ҷавон” кунад. Вай мегӯяд, ҳизбаш омода аст дар самти мубориза бо зуҳуроти тундгароӣ дар ҷомеа бо ҳукумат ҳамкорӣ кунад.

Вале раҳбарони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бе мувофиқати онҳо раҳбари нав баргузидани коммунистҳои Суғдро бепосух гузоштанӣ нестанд. Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб рӯзи 29-юми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озод гуфт, ки ба зудӣ дар пленуми якҷои ҳизбаш ин иқдоми коммунистҳои шимоли Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард:

“Ҳамин Қурбонҷон Мирзоева ва Абдуҷаббор Аҳмадов хуб медонанд, ки дар Ҳизби коммунистӣ аз рӯи принсипҳои Ленин мумкин нест гурӯҳ ё ки ҷиноҳ вуҷуд дошта бошад. Дар тӯли 90 соли фаъолияти Ҳизби коммунистӣ дар Тоҷикистон ягон бор ҳеҷ коммунист, ягон ташкилоти ноҳиявӣ ё шаҳрӣ зидди қарори органҳои марказии ҳизби коммунистӣ набаромадаст. Вале инҳо баромаданд. ”

Зимнан, мухолифати шадиди ҷаноби Шабдолов бо Қурбонҷон Мирзоева ва ҷонибдоронаш аз пешбарии хонум - Мирзоева дар ҷои дуюми рӯйхати ин ҳизб барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ, дар ҷаласаи қаблазинтихоботии коммунистҳо дар Душанбе оғоз шуда буд. Он замон ин масъала байни коммунистҳо баҳсҳои пуршӯреро ба миён овард ва раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешбарии Мирзоева дар ҷои дуюми рӯйхати ҳизбӣ ба ҷои Исмоил Талбаковро рад карда буданд.

Коммунистҳои Суғд тӯли беш аз ним соли охир 3 маротиба раҳбари созмони худро нав мекунанд ва ҳар навбат баҳсҳои пуршӯр бо раҳбарияти ин ҳизбро ба ҳамроҳ дорад. Раҳбари қаблии созмони суғдии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Абдуалӣ Маҳкамов моҳи августи соли 2014 бинобар бемории тӯлонӣ бо хоҳиши худ аз ин маснад канор рафта буд.

Раҳбарияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон то замони интихобти раиси нав, муовинаш Мубинҷон Маҳмудовро ба ҷои ӯ таъин карда буданд. Аммо ин дастурро сарони коммунистҳои Суғд напазируфтанд ва ба ҷои ӯ Абдуҷаббор Аҳмадов, собиқ раҳбари созмон ва як навбат вакили парлумон аз ин ҳизбро бе ризояти раҳбарияти Ҳизби коммунистӣ дигарбора пешвои худ интихоб карданд. Шабдолов ӯро одами ҳукумат номид ва аз Ҳизби коммунистӣ хориҷ кард. Баъди ин ҷаноби Аҳмадов бо роҳи худпешбарӣ вориди сабқати интихоботӣ шуд ва соҳиби мандати вакилӣ гардид.

Ҳоло вай ба Душанбе рафтааст ва коммунистҳои Суғд ба ҷои ӯ Қурбонҷон Мирзоеваро ирокунандаи вазифаи раиси бахши суғдии ин ҳизб интихоб карданд. Ин барои бори аввал аст, ки дар замони истиқлолияти Тоҷикистон як зан котиби аввал ё раиси созмони суғдии Ҳизби коммунист баргузида мешавад.

Қурбонҷон Мирзоева ба гуфтаи худаш аз соли 1975 дар сафи Ҳизби коммунистӣ буда, аз соли 2001 то 2011 котиби дуюм ё ҷонишини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд. Ӯро чун коммунисти хеле фаъол ва ҷасуру фошгӯй ном мебаранд. Дар соли 2011 хонум Мирзоева ба курсии раиси шаҳраки Ғафурови ноҳияи ҳамном нишаст ва ҳамин моҳ ба сабаби бознишастагиаш аз ин кор ихтиёран даст кашид. Тӯли 4 соли гузашта,то арафаи интихоботи парлумонии гузашта, фаъолияти ҳизбиаш хеле камранг ба назар мерасид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG