Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкили кумиссиюнҳои ҳавзавии интихобот дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Кумиссиюни Марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз таъсиси кумиссиюнҳои ҳавзавии интихобот ва участкаҳо ё марказҳои раъй хабар дод.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи ҷумъаи 20 сентябр дар тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "кумиссиюни марказии интихобот дар нишасти рӯзи гузашта тасмим гирфт ки дар 68 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави Тоҷикистон кумиссиюнҳои ҳавзавӣ таъсис дода шаванд".

Ин ҳам дар ҳоле, ки Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ 68 ҳавзаи интихоботиро дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон таъсис дода буд ва ҳамакнун дар ин ҳавзаҳо кумиссиюнҳо ба фаъолият пардохтанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, "ин ҳавзаҳо дур аз биноҳои ҳукумат ва муасисаҳои давлатӣ ташкил шудаанд ва ҳадафи аслӣ дахолат накардани ҳукуматҳои маҳалӣ ба равандаи баргузории интихобот ва таъмини шафофияти ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кишвар аст".

Аммо ба таъкиди раиси дастгоҳи КМИРТ ҳайати кумиссиюнҳои ҳавзавӣ иборат аз 7 нафар аст, ки умдатан аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, собиқадорони кор ва раисони маҳаллаҳо ташкил шудаанд.

Ҳамчунин ба иттилои масъулони КМИРТ дар дохили Тоҷикистон ҳудуди 3 145 марказ ё учаскаи раъй низ созмон дода шудааст.

Гуфта мешавад, имсол тақрибан 4 миллион нафар сокини ин кишвар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро ба даст овардаанд. Аз ин шумор, ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

Дар ҳамин ҳол Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ гуфт, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба манзури фароҳам овардани шароити раъйдиҳи ба шаҳрвандон, 59 маркази раъй ташкил шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба интихоботи порлумонии соли 2010 се маротиба бештар аст.

Ба ин тартиб ҷаноби Додоев мегӯяд, ки танҳо дар қаламрави Русия дар 24 шаҳру вилояти он марказҳои раъй ташкил шудаанд, ки умдатан дар шаҳрҳои Маскав, Санкт - Петербург, Твер, Тула, Саратов, Волгоград, Уфа, Қазон, Екатеренбург воқеъ гардидаанд ва маҳали буду боши аксари муҳоҷирони кории тоҷик мебошанд.

Ба иттилои масъулони КМИРТ марказҳои раъй дар сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар кишвари хориҷи дур низ созмон ёфтаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 6-уми ноябр, ки ҳамзамон рӯзи қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон аст, баргузор мешавад.

Ҳамакнун 4 ҳизби сиёсӣ, назири наҳзати исломӣ, демократ, аграрӣ ё кишоварзӣ ва сотсиалист номзадҳои худро ба мақоми раёсат ҷумҳурӣ пешниҳод кардаанд.

Қарор аст, имрӯз. ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, низ дар анҷумани интихоботӣ номзади худро муаррифӣ кунад.
XS
SM
MD
LG