Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қуфли садҳо ҷодуро шикаст


акс аз бойгонӣ гирифта шудааст

акс аз бойгонӣ гирифта шудааст

Дар пайи ҷустутуҷӯи яроқ дар рӯдхонаи Душанбе кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ним мошин қулфу калид пайдо кардаанд.

Ин “бозёфт” эҳтимолан моли сокинонест, ки барои расидан ба ҳадафе аз ҷодугарҳо гирифтаанд. Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофеаи граждании Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 16 июл дар ҷамъи хабарнигорон масъалаи ба оббозӣ муносиб будани кӯлу рӯдхонаҳоро баҳс мекард, гуфт, дар қаъри рӯдхонаҳо "сатил-сатил қулфу калид нуҳуфтааст".

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз бозёфте мисол овард, ки ин ниҳод шоҳидаш буд. “Вақте як ҳодиса шуд, мо аз дохили дарё (Душанбе) як яроқро ҷустуҷӯ кардем. Ба ҷои яроқ сатил−сатил қулфу калиди маҳкам ва дар сангҳо бастагӣ пайдо кардем. Албатта агар касе ба ин об

Хайриддин Абдураҳимов

Хайриддин Абдураҳимов

саракӣ равад, сараш рост ба ҳамон қулфҳо мезанад. Дар ҳамин ҳолат ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гунаҳкор аст? Боз мардум омада ботаваҷҷӯҳ нигоҳ доранд, ки чаро ин қулфҳоро мо баровардем. Вагарна чӣ ҷои тааҷҷуб дорад? Хуллас, ним ароба қулфу қулфча пайдо кардем”, - гуфт ҷаноби Абдураҳимов.

Ишораи Абдураҳимов ба "як ҳодиса" зоҳиран куштори Холмӯъмин Сафаров, шавҳари хоҳари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар се соли пеш буд, ки дар пайи он мақомот барои ҷустуҷӯи силоҳ чанд рӯз зери оби дарёи Душанберо кофтанд.

Дар шаш моҳи ахир беш аз 50 нафар дар кӯлу рӯдхонаҳои кишвар ҳалок шуданд ва ҳисоб нашудааст, ки чӣ қадари онҳо аз бархӯрдан бо оҳанҳои зери об ҷон додаанд. Тоҷикистон фолбинӣ ва фаъолияти фолбинҳоро, ки тибқи омори расмӣ теъдодашон ба 5 ҳазор нафар мерасид, моҳи декабри соли 2007 мамнӯъ кард. Аммо аксари фолбинҳои қаблӣ патент ва ё муҷаввизи “табиби мардумӣ” гирифта фаъолияти худро идома доданд.

Ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба нерӯи сеҳру ҷоду бовар дорад. Аз корманди ҳукуматӣ гирифта, то артисту сиёсатмадор аз тӯмор ва қуфлу калиди сеҳршудаи ҷодугарҳо истифода мекунанд ва қуфлҳоро ба кӯлу рӯдхонаҳо мепартоянд. Агар масъалаи ҷустуҷӯи силоҳ намебуд, шояд ин оҳанҳои “сеҳршуда” солҳо дар қаъри дарёи Душанбе пинҳон мемонд.

Рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, ки сеҳру ҷоду дар ислом қатъиян ҳаром ҳукм шудааст ва ҳар кӣ ба чунин коре даст мезанад, ҳам ин дунё ва ҳам қиёматашро месӯзонад. Онҳо ҳамин тавр, пулеро, ки аз тариқи ба мардум фурӯхтани “сеҳру ҷоду” ба даст меояд, ҳаром мехонанд.

Аммо бо ин вуҷуд, бозори “муллоҳои ҷодугар” дар Тоҷикистон ҳамчунон гарм боқӣ мемонад. Соҳибназарон мегӯянд, бесаводӣ ва ноогоҳӣ аз донишҳои воқеии дунявӣ ва исломӣ ва ҳамин тавр мушкилоти зиндагӣ бисёре аз мардуми зудбоварро ба доми ҷодугарҳо, ки ба қавле, “ресепт”-и ҳама дарду ҳама мушкилиро доранд, тела медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG