Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳ: Бедории навбатӣ? (Даъват ба баҳс)


Либиёиҳо вуруди шӯришиён ба Троблусро ҷашн мегиранд.
Либиёиҳо вуруди шӯришиён ба Троблусро ҷашн мегиранд.

Рӯйдодҳои ҷаҳони араб нишон дод, ки одамон омодаанд, барои озодӣ ҷон диҳанд. Оё ин бедорӣ ба дигарон таъсир дорад?

Бист сол пеш ман дар як зиёфати беозор дар меҳмонии ноширони рӯзномаи “Оказ” дар Ҷидда ҳадафи ҳамлаи ногаҳонӣ ва бераҳмона қарор гирифтам.

Ҳамлаи маҷозӣ, албатта, чун ин як зиёфати
Мисриён, тунисиҳо, сурёниҳо ва либиягиҳо акнун исбот карданд, ки онҳо низ қадри озодиро медонанд ва омодаанд барои худу ҳамдиёрони хеш қурбониҳои бузург кунанд...

бидуни маю алкогол буд. Яке аз мизбонони меҳрубони ман ба саҳна баромад ва эълом дошт, ки “Акнун ҷаноби О’Салливан дар мавзӯи “Саҳми арабҳо аз “перестройка” чӣ хоҳад буд?” сӯҳбат мекунад.” Аҷиб буд, ки ин эълон дар зиёфати кормандони матбуот садо медод ва биноан, барои ман хабаре буд.

Мизбони ман бо лабханд маро ба саҳна даъват кард. Вақте ба ӯ наздик шудам, пичиррос задам: “Ман чӣ қадар бояд ҳарф занам?” “Дароз не,” посух дод ӯ, “ягон чиҳил ё панҷоҳ дақиқа.”

Шояд забти видеоии ин паём дар ягон ҷо маҳфуз аст ва рӯзе ба шарми ман, дар куҷое нашр хоҳад шуд. Кофист, бигӯям, ки ман мардона ва ҳушпарак – ҳиллаи кӯчаке, ки дар лаҳзаҳои ночорӣ ба кор мебаранд, бо нутқ ва суолу ҷавоб ин мӯҳлатро паси сар кардам. Ва ҳатто бароям муяссар шуд, паёми камубеш ҷиддӣ низ диҳам. Вале ба суол посухи ҳақиқӣ надодам.

Қисман ба он иллат, ки ман намедонистам, саҳми арабҳо аз “перестройка” чӣ буда метавонад ва аслан ин таъбир чӣ маъно дорад.

НИГОҲҲО АЗ ЗОВИЯҲОИ ГУНОГУН

Сабаби дигар, аммо ин буд, ки мизбонони ман ҳам дар ин бора андешаҳои пароканда ва норӯшан доштанд. Онҳо аз инқилобҳои охири махмалӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва бозсозии горбачёвӣ, ки тадриҷан ба фурӯпошии коммунизми Шӯравӣ оид гашт, илҳом гирифта буданд. Аммо онҳо ба натиҷаи мантиқии аён нарасида буданд, ки режимҳои арабиро зарур аст ба зердастони хеш озодӣ ва демократияи бештар диҳанд.

Чизе дар ин бора гуфта намешуд. Дар иваз, аксари онҳо баҳс мекарданд, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ дигар абарқудрат нест, Исроил ҳам ба Иёлоти Муттаҳида ба ҳайси ҳампаймони стратегӣ дар Ховари Миёна лозим нахоҳад буд. Биноан, Амрико метавонад равобиташ бо Исроилро суст кунад ва ба ормонҳои миллии фаластиниҳо бархӯрди дӯстонатаре нишон диҳад. “Саҳми арабҳо аз “перестройка” он шаб зоҳиран ҳамин буд, ки баҳсҳои доғ, вале дур аз мавзӯъро ба бор овард.

Хулоса, ман ҳаргиз ба суол посухи муносиб надодам. Аммо имсол посухро ба ҷои ман Таърих дод: “Саҳми арабҳо аз “перестройка”, тавре маълум мешавад, ин аст, ки онҳо низ бояд аз ҳамон сатҳи озодӣ ва демократия бархӯрдор бошанд, ки чехҳо, русҳо, қазоқҳо ва дигар тобеони Шӯравӣ дар солҳои 1989 ва 1991 ба даст оварданд.

БЕДОРИИ ҶАҲОНИ АРАБ

Мисриён, тунисиҳо, сурёниҳо ва либиягиҳо акнун исбот карданд, ки онҳо низ қадри озодиро медонанд ва омодаанд барои худу ҳамдиёрони хеш қурбониҳои бузург диҳанд. Мазмун ин нест, ки демократия ҳатман метавонад дар Ховари Миёна гул кунад, вале ин посух ба суолест, ки ҷомеаҳои араб инро мехоҳанд ё на? Мехоҳанд. Ва ҳатто тайёранд, барои ин ҷон диҳанд.

Aкси раҳбарони мамолики араб дар ҳалқаи дор. Аз рост: Ҳуснӣ Муборак, писараш Ҷамол, раҳбари Яман Абдуллоҳ Солеҳ, Либия -- Муаммар Қаззофӣ ва Сурия -- Башор ал-Асад.

Лекин дар давоми бист сол ҷомеаи байнулмилалӣ ҳамон мавзеъро гирифтааст, ки аҳли зиёфати нашрияи “Оказ” бист сол пеш дошт. Онҳое ки мехостанд, хушназарии худро ба ормонҳои ҷаҳони араб намоиш диҳанд, комилан ба низои исроилу фаластиниҳо тамаркуз кардаанд. Ақидаи ин ки мардуми араб шояд бештар хостори истифода аз озодиҳое бошанд, ки ғарбиён худодод мешуморанд, ғолибан кам гирифта мешуд. Ва замоне ки ин ақида аз тарафи ҳукумати Ҷорҷ Буши писар эълон шуд, бисёриҳо онро як гумроҳии заҳромези неоконсервативӣ шумурданд, ки бе ин ҳам зимни ҷанг дар Ироқ шармсор гаштааст.

Вале, тавре ҳоло мебинем, илҳом аз солҳои 1989 ва 1991 (ҳарчанд на ҳамеша айнан ҳамон ақидаҳои сиёсӣ) ором-ором дар зеҳни ҷавонон дар Қоҳира, Тунис, Димишқ ва Троблус реша давонд. Ба онҳое, ки таҳсили хуб гирифтаанд ё вазифаҳои масъуле дар дӯш доранд, писанд нест, ки барояшон дар мазҳари ом чун бо бачаҳои нотавони диктатор ба таври падарсолорона ё золимона бархӯрд шавад. Фанновариҳои нави иттилоотӣ назорати яккаи ҳукуматҳо ба иттилоъро баҳам зад ва ҳар шахсе, ки интернет дорад, метавонад, рӯзномаҳои Лондон ё Сиднейро бихонад.

Андешаҳо озодонатар паҳн мешаванд. Бархе аз ин андешаҳо, ба монанди исломгароии тундравона ба озодӣ ва демократия (дар беҳтарин ҳолат) муносибати тазодомез доранд. Аммо исломизм низ мисли ҳар идеологияи дигар ҳам муқовимати интеллектуалӣ ва ҳам
Ҷавони яманӣ, ки аз тири маъмурони амниятӣ захмӣ шудааст. Санъо, 1 июни соли 2011

тарафдориро ангезиш медиҳад. Ин баҳс аксаран шакли идеяҳои либералиро ба худ мегирад. Ин бозори махфӣ, аммо пуршӯри назарияҳои гуногуни сиёсӣ дар як нуқта ба ҳам меояд: мухолифат ба зулм. Ҷавонарабиён мумкин аст, чунин истилоҳотро напазиранд, аммо бист сол баъдаш онҳо талабгори саҳми худ аз “перестройка” шудаанд. Саҳми онҳо дар шакли Бедории араб ба ҳаёти онҳо омад.

Аммо оё ҷавонони Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои авторитарии пасошӯравӣ имрӯз саҳми худро аз Бедории араб гирифтан мехоҳанд? Мутахассисон ва коршиносони минтақаӣ мойиланд, чунин пурсишро ба ҳайси як суоли содалавҳона ё нобаҳангом рад кунанд. Онҳо ба чунин фактҳои зишт ишора мекунанд, ки дар ин ҷомеаҳо ҷунбиши қавии мухолифат вуҷуд надорад ва ин ҳукуматҳо динро зери назорати сахт гирифтаанд ва Русияву Чин ҳамчун ҳокимони минтақа ҳаргиз роҳ намедиҳанд, ки як ҳукуматдории муваффақи демократӣ дар ин ҷо арзи вуҷуд кунад. Тақрибан ҳақ ба ҷониби онҳост.

Лекин мутахассисон ва коршиносони минтақаӣ айнан ба ҳамин шакл эҳтимоли шӯриш дар ҷаҳони арабро то рӯй додани он рад мекарданд. Ҳатто замоне ки он иттифоқ афтод, аввал дар кишварҳое сар зад, ки коршиносон эҳтимоли ошӯбро дар онҳо хеле ночиз мешумурданд. Чанд коршинос пешгӯӣ кард, ки дар Туниси мӯътадил ва миёнагаро инқилоб сар мезанад? Кӣ гуфт, ки сурёниҳои қаторӣ ҳамарӯза ҳаёти худро барои озодӣ қурбон мекунанд?

ИШТИБОҲИ КОРШИНОСОНИ СИЁСӢ

Коршиносон ҳамеша аз рӯи таъриф мефаҳманд ва медонанд, ки статус-кво чист. Онҳо метавонанд ниҳодҳои қудрат, решаҳои қабилаии он, шеваҳои назорат, тавонмандиҳои ангезиш ё безарар кардани мухолифатро мӯ ба мӯ шарҳ диҳанд. Тақрибан нохудогоҳона онҳо паёме медиҳанд, ки ҳукуматҳо ғайри қобили ҳамлаанд.

Онҳо ҳаққанд то ҳамон замоне ки ногаҳон ва ғофилгирона маълум мешавад, ки ноҳаққанд. Таърихи ду асри охир, тавре ки нависандаи канадаӣ Марк Стейн батакрор ёдрас мешавад, таърихи қудратҳои густарда, қавӣ ва решадор аст, ки тақрибан дар як шаб фурӯ мепошанд ва суқут мекунанд, аз ҳукумати мутлақи подшоҳӣ гирифта, то империяи Шӯравӣ.

Ғафлати коршиносон дар инқилобҳо ва суқути империяҳо дар ҳар бист сол ё мисли ин сабаб дорад. Як махраҷи каср, ки онҳо наметавонанд, чен кунанд, тағйири

мафкураи зердастони Қудрат аст. Ин таҳаввул берун аз мадори радарҳои коршиносон, оҳиста ва комилан ғайри қобили ламс иттифоқ меафтад. Аз қазо, аломатҳои ҳушдорро худи дастгоҳи истибдодии диктаторҳо нобуд мекунад. Ва амалан рӯйдод танҳо замоне ошкор мешавад, ки зердаст бармехезад ва ҳамчун шаҳрванд ошкоро дар муқобили зулм меистад ва ба ҳайрати ҳамдигарӣ бо ҳазорон шаҳрванди дигар мепайвандад. Шӯълае, ки аз он аланга бармехезад, метавонад як ҳодисаи кӯчаки ҳамарӯза бошад, ба монанди зарбулати гумонбаре аз тарафи полис, рӯйдоди хурде, ки метавонад ҳама чиро иваз кунад.

Хуб, иҷоза диҳед, ба суоли худ баргардам, ки оё ҷавонони Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Беларус ва кишварҳои дигари худкомаи пасошӯравӣ саҳми худро аз Бедории араб мехоҳанд? Фикр мекунанд, ки ин ҷо сабақе барои онҳо маҳфуз аст? Гумон доранд, ки чизе мисли ин метавонад дар ҷомеаҳои онҳо ва ҳаёти онҳо низ рӯй диҳад? Оё аз ҳисси ноумедкунандаи идора шудан аз тарафи қудрате, ки ба ҳеҷ кас ҳисобот намедиҳад, азият мекашанд? Ё эҳсос мекунанд, ки метавонанд аз ин ҳисси маъюскунандаи итоат ғолиб оянд ва озодиеро ба даст оранд, ки либиягиҳо ин ҳафта ба даст оварданду сурёниҳо ҳамоно барояш мубориза мебаранд?

Ягона коршиноси ин масъала Шумо, хонандаи ин мақолаед. Шумо чӣ фикр доред?

(Ҷон О’Салливан Дабири иҷроияи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодист. Андешаҳое, ки дар ин шарҳ бозтоб ёфтаанд, андешаҳои шахсии ӯянд ва на ҳатман назари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро мунъакис мекунанд.)
XS
SM
MD
LG