Пайвандҳои дастрасӣ

"Розетта" номи Тоҷикистонро ба сархати ахбор овард (ВИДЕО)


Акси кометаи 67P/ Чурюмов – Герасименко, ки 19 сентябри соли 2014 бо ёрии ДК «Розетта» гирифта шудааст.

Акси кометаи 67P/ Чурюмов – Герасименко, ки 19 сентябри соли 2014 бо ёрии ДК «Розетта» гирифта шудааст.

Шаҳоби Чурюмов -Герасименко, ки дастгоҳи кайҳонии "Розетта" шаби 12 ноябр рӯяш нишаст, ба номи нуҷумшиносон аз Украинаву Тоҷикистон чунин номгузорӣ шудааст.

Шаби 12-уми ноябр, вақте дастгоҳи кайҳонии Оҷонсии фазонавардии Аврупо барои аввалин бор дар таърихи башарият рӯи як шаҳоб ва ё “ситора”-и думдор нишаст, хабаргузориҳои ҷаҳон исми Тоҷикистонро ҳамчун макони зисти яке аз кашшофони ин шаҳоб номбар карданд.

Светлана Герасименко, нуҷумшиносе аз Тоҷикистон ҳамроҳи ба фазошиноси украини Клим Чурюмов ин ситораи думболадорро дар соли 1969 дар фазои Қазоқистон кашф карданд. Ин думболадор, ки дар дурии 500 миллион километрӣ аз замин қарор дорад бо исми Чурюмов ва Герасименко номгузорӣ шудааст. Дастгоҳи Оҷонсии кайҳонавардии Аврупо, ки “Розетта” ном гирифтааст, ва дар дохилаш асбоби пармакунандае баробари нишастан ба рӯи шаҳоб ба ҷуз акс садои мусиқиеро низ ба замин фиристодааст.

Олимон ба ин савол, ки оё ин мусиқӣ аз куҷо пайдо шуд, фарзияҳои мухталиф пешниҳод кардаанд. Аммо манбаи аслии он ҳанӯз дақиқ нашудааст. Ҳоло олимон ва кайҳоншиносон хеле ҳаяҷонзадаанд ва ҳамчунин интизори пажӯҳишҳои баъдианд, ки битавонанд ба ҳамаи суолҳо посух бигӯянд. Аммо кайҳоншиносон аз ҳоло муътақиданд, ки ин дастгоҳи фазошиносӣ маълумоти муҳимро дар ихтиёри заминиён қарор хоҳад дод.

Шаҳоб ва ё кометтаи мазкур аз сӯи ду олими Шӯравӣ Чурюмов- Герасименко ҳанӯз моҳи октябри соли 1969 ошкор карда шудааст.

Нуҷумшинос Светалана Герасименко шогирди олими укроинӣ Клим Чурюмов аст, ки аз соли 1973 то имрўз ба ҳайси ходими илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекунад.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 13- уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фуруд омадани дастгоҳи кайҳонии “Розетта” аз дастовардҳои муҳимӣ илмӣ ва умуман инсоният дар асри 21 мебошад. Вай гуфт: “Дар асри мо ин бузургтарин муваффақияти илмӣ аст. Худатон тасаввур кунед, ки дастгоҳи кайҳонӣ баъди даҳ сол мувофиқи нақша дар сатҳи кометта нишаст. Мақсади асосии фиристодани ин дастгоҳ, омӯзиши сохтор ва таркиби химиявии ин кометта аст. Ин кометта аз офтоб хеле дур ҷойгир аст ва ва дар таркиби яхии он тавассути ин дастгоҳ омӯхта шуда, мунтазам маълумотҳо ба замин фиристода мешавад. Бояд гӯям ки чун дар кашфи ин кометта саҳми олимони тоҷикистонӣ низ ҳаст ва ин боиси ифтихори мост.”

Ҷаноби Раҳимӣ афзуд, бо омӯзиши ин гуна ҷирмҳои осмонӣ мо ба гузаштаи дури таърихии сохтори Замин ошно мешавем ва ин имконият медиҳад, ки ба саволи Дар ояндаи сайёраи моро чӣ интизор аст?, посух гӯем. Раҳимӣ мегӯяд, хонум Герасименко барои назорат бар фурудоии дастгоҳи кайҳонии “Розетта” ба шаҳоби кашф кардааш ба Олмон ба маркази Оҷонсии кайҳонавардии Арупов сафар кардааст ва ҳоло дар он ҷо қарор дорад.

Дастгоҳи кайҳонии «Розетта» 2 марти соли 2004 аз Замин ба сӯи шаҳоби Чурюмов - Герасименко фиристода шуд. Ин дастгоҳ то мадори шаҳоб 10 солу 8 моҳу 11 шабонарӯз парвоз кард. Беназир будани ин таҷриба дар он аст, ки ин думболадор, дар кайҳон бо суръати баланд ҳаракат мекунад ва нишастани дастгоҳи кайҳонӣ ба рӯи он ба гуфтаи кайҳоншиносон мисли мӯъҷиза аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG