Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфтааст, ки кишварҳои узви ин паймон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳамин тариқ манъи бозгашти онҳое, ки дар хориҷ тамринҳои террористӣ дидаанд, чораҳои иловагӣ рӯи даст хоҳанд гирифт.

Виктор Василиев, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи 14 октябр дар ҳошияи нишасти Шӯрои шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои террористӣ ва манъи бозгашти онҳое, ки дар хориҷ тамринҳои террористӣ дидаанд, чораҳои иловагӣ рӯи даст хоҳанд гирифт. Ҷаноби Василиев ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ки "аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ва маълум, ин тасмим дар бораи чораҳои иловагӣ дар муқобила алайҳи терроризм мебошад."

Намояндаи Русия дар Созмони Амнияти паймони дастаҷамъӣ дар ин мусоҳиба ҳамчунин ба "Интерфакс" гуфтааст ки "мо дар бораи чораҳои аввалия барои пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони кишварҳои узв сӯҳбат мекунем. Ҳамчунин чораҳои иловагӣ дар робита ба манъи онҳое рӯи даст хоҳем гирифт, ки аллакай дар урдугоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои террористӣ тамрин дидаанд."

Намояндаи Русия дар СПАД мегӯяд, ки кишварҳои узви ин паймон барои манъи бозгашти онҳое, ки дар хориҷ тамринҳои террористӣ дидаанд, чораҳои иловагӣ рӯи даст хоҳанд гирифт."

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҷумлаи созмонҳое мебошад, ки Русия ва дигар кишварҳои узви СПАД онро террористӣ эълон намуда ва фаъолияти онро дар қаламравҳояшон манъ кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ҳудуди 5 ҳазор аз шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳои Шӯравии дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои тундрав, меҷанганд.

​Виктор Василиев дар ин мусоҳиба ба ҳузури шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ишора намуда ва ҳамзамон гуфтааст, ки террористон бархе минтақаҳои Туркияро барои рафтуомад истифода мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Василиев, дар ин робита мушкилот вуҷуд ва мутахассисони мубориза бо терроризм дастҷамъона барои манъи бозгашти он шаҳрвандоне, ки имкон дорад дар фаъолиятҳои террористӣ даст доранд, ҳамкорӣ мекунанд.

Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ имрӯз дар Ереван --пойтахти Арманистон баргузор мешавад. Дар ин нишаст ба ҷуз президенти Қазоқистон, руасои ҷумҳури ҳама кишварҳои узв ин паймон ширкат доранд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Арманистон, дар нишасти сарони кишварҳои СПАД тақрибан 20 масъала баррасӣ мешавад, ки муҳимтарини онҳо таҳдидҳои байналмилалӣ ва вокуниши сареи ин созмони низомии минтақавӣ ба ҳама гуна таҳдидҳои амниятӣ мебошад. Қарор аст дар ин ҳамоиш масъалаи амалӣ шудани қарорҳои нишастҳои қаблии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ низ мавриди баррасӣ қарор бигиранд.

Интизор меравад, ки сарони кишварҳои узви СПАД - Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳамчунин мушкилоти минтақавию байналмилалӣ ва чораҳои якҷоя барои мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир, таъсиси Маркази вокуниши буҳронии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро низ баҳс намоянд.

Назарбоев бинобар сармохӯрдагӣ дар нишасти СПАД ширкат надорад.

Назарбоев бинобар сармохӯрдагӣ дар нишасти СПАД ширкат надорад.

Дар нишасти Ереван ширкати раисони ҷумҳури ҳама кишварҳои узв, ба ҷуз Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ширкат доранд. Қазоқистон аз қабл гуфта буд, ки бо сабаби беморӣ, президент Нурсултон Назарбоев дар ин нишаст иштирок намекунад ва ҳайати Қазоқистонро дар ин нишаст сарвазири он кишвар раҳбарӣ хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар раъси як ҳайати баландоя ба Ереван рафт. Маскав ҳам рӯзи гузашта гуфт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти Ереван ширкат хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмозбек Отамбоев ҳам аз Гурҷистон вориди Арманистон шудааст.

Раҳбарии ин давраи созмон барои солҳои 2015-2016 ба ӯҳдаи Арманистон буд ва бо ҷаласаи Ераван раҳбарии ин кишвар дар ин созмон ба поён мерасад ва навбати раҳбарии ин созмон барои як соли оянда ба Белорус вогузор хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш чанд санади муҳим низ ба имзо бирасад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG