Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармои шадид дар Тоҷикистон. Мақомот: мардум ғизову сӯзишворӣ захира кунанд. ВИДЕО


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар манзилҳои худ ба миқдори зарурӣ сӯзишворӣ захира кунанд. Ҳавошиносон мегӯянд, ки ҳавои сард ва боридани барф тӯли як ҳафта идома хоҳад ёфт.

Зимистон ва барфҳои зиёд имсол ба Душанбе ва нуқоти дигари Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат фаро расид. Сардии ҳаво рӯзи 22 ноябр, як ҳафта пеш аз хатми тирамоҳ дар дараҷаи минуси 8 буд ва ба қавли мутахассисони ҳавошиносӣ, ҳанӯз охири кор нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сардии шадиди сармо дар ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор дода ва аз сокинони кишвар даъват кардааст, то дар манзилҳои худ ба миқдори зарурӣ сӯзишворӣ захира кунанд. Ҳавошиносон мегӯянд, ки ҳавои сард ва боридани барф тӯли як ҳафта идома хоҳад ёфт.

Сармои шадид дар Тоҷикистон. Мақомот: мардум ғизову сӯзишворӣ захира кунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни шарҳи ин ҳушдор аз ҷумла гуфт, ки сокинон бояд утоқҳоро бо системаи гармидиҳии боэътимод таъмин кунанд, то барои аҳли хонаводаҳояшон сарпаноҳе аз сармои шадид бошад. Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шудааст, ки ашёи мавриди аввали зарурия, ба мисли чароғ, радиои транзисторӣ, шамъ, фонус, гӯгирд, захираи хӯрок ва оби ошомиданӣ, анвои доруҳои гуногун, бистарҳои гарм ва ҳатто халтаҳои хоб ва ғайраро нигоҳ доранд ва аз истфодаи асбобҳои гармидиҳии худсохти барқӣ ва обӣ худдорӣ варзанд.

Кӯлоб барфпӯш шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Ба гуфтаи Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ба далели якбора сард шудани ҳаво ва боришоти зиёд дар бештари манотиқи кишвар, гурӯҳҳои наҷотдиҳии ин кумита ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Ба иттилои ӯ, то шоми 22 ноябр ҳеҷ ҳодисаҳои нохуши марбут ба боришоти шадид ба қайд гирифта нашудааст.

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки сардии бесобиқа ва ҳамчунин боришоти барф дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳадди аққал як ҳафта идома хоҳад кард ва сокинон бояд омода шаванд, ки сардтарин ва сербориштарин рӯзҳои ин ҳафта 26 ва 27 ноябр фаро мерасад.

Ба иттилои Фаридун Аҳмадов, як мутахассиси ин марказ, дар ин рӯзҳо шиддати сардӣ дар Душанбе то дараҷаи минус 14 поин омада, дар ноҳияҳои атрофи Душанбе ҳадди аксар то минус 20 ва 25 сард хоҳад шуд. Вай гуфт, баробар бо сардӣ, боришоти зиёди барф ҳам пешбинӣ мешавад. Аҳмадов гуфт, ки аз шоми 20 ноябр ба ин тараф резиши борон ва барф дар қисматҳои зиёди кишвар идома дорад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳавошиносон иллати сардии ҳаворо ба воридшавии тундбоди сибирӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ марбут хонданд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар муқоиса бо чанд соли охир чунин сардӣ ва боришоти зиёд дар Тоҷикистон хеле пештар аз пешбиниҳои маъмулии ҳавошиносон сурат мегирад ва сабабаш ҳам вуруди якбораи мавҷи сардӣ ба минтақа мебошад. Боришоти ғайримунтазираи барф ва сардии зиёд ин шабу рӯзинчунин дар шаҳрҳои Бишкек, Тошканд,Остона ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида мешавад.

Мақомоти шаҳри Душанбе дар ин замина мегӯянд, ки омодагиҳои пойтахт барои боришоти зиёд дуруст ба роҳ монда шудааст ва набояд ҳодисаи фавқулоддае рух диҳад. Шакарбек Самадов, муовини раиси шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22 ноябр гуфт, ки пойтахт ба истиқболи зимистон пурра омода буда, вазъи ҳаво ба фаъолияти муназзами мактабу бемористонҳо таъсире нахоҳад гузошт. Вай гуфт, ки системаи гармидиҳии манзилҳое, ки таъмирдидаанд, фаъол шуда, сокинони ноҳияи Сино ҳам аз рӯзи 23 ноябр пурра бо гармӣ таъмин мешаванд.

Айни замон, сокинони чандин манотиқи пойтахт гуфтанд, ки бо боришоти шадиди барф дар манзилҳояшон барқ хомӯш шуда, системаи гармидиҳӣ ҳам ҳанӯз ба кор надаромадааст.

Аз аввали моҳи ноябр дар манотиқи Тоҷикистон ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳову шаҳрҳҳои саноатӣ реҷаи интиқоли барқ ё ба истилоҳ “лимит” роҳандозӣ шудааст. Сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо барои чанд соат субҳ ва шом ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд. Маъмулан ин сокинон барои гарм кардани манзилҳои худ аз ангиштсанг истифода мебаранд, ки қимати ҳар як килои он дар ҳолиҳозир ба 1 сомониву 50 дирам баробар аст.

Рӯзи 22 ноябр дар вазорати маорифи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таҳсил дар мактабҳои аз рӯи нақша пеш меравад ва феълан ҳеҷ тағйироте дар реҷаи дарсӣ пешбинӣ нашудааст. Вале ҳадди аққал дар як мактаби пойтахт рӯзи сешанбе ба волидон гуфтанд, ки бо сабаби набуди барқ таҳсил боздошта шуд ва бояд фарзандонашонро аз мактаб ба хона бубаранд.

Сокинони Тоҷикистон сардиҳои камсобиқаи зимистони солҳои 2007 ва 2008-ро ба ёд меоранд, ки назар ба солҳои гузашта фавқулодда сард буд. Он мавсим бӯҳрони энержии Тоҷикистон аз гузашта бештар аланӣ шуд, дар баробари бекор мондани корхонаҳо, манзилҳои зист дар ҳолати сардии шадид ва бебарқӣ монданд.

Ҳарорат дар водиҳо то минуси 15-20ва дар кӯҳсорон то минус 30 дараҷа поин омад.Сардиҳои бесобиқаи соли 2008 муҳимтарин чолиши Тоҷикистон дар он сол номида шуд, ки аз рӯи арзёбиҳои вазорати тандурустӣ дар мавсими сармо ҷони 12 нафарро гирифт. Хабарнигорон он сол аз бебарқ мондани зоишгоҳҳои Душанбе ҳам хабар доданд. ​

XS
SM
MD
LG