Пайвандҳои дастрасӣ

Аз (ба) Тоҷикистон -- героин ба Аврупо, кокаин аз Аврупо


Масъулони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоиҷкистон мегӯянд, барои аввалин бор дар қаламрави кишвар мухаддироти навъи кокаинро мусодира кардаанд.

Ба воситаи Тоҷикистон ба Аврупо афюну ҳашишу ҳероин мерафт ва акнун бо масири чаппа аз Аврупо ба Тоҷикистон кокаину спайс, экстазӣ ва даҳҳо навъ ҳаб ва ё таблеткаҳои нашъадори сунъӣ меояд.

Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон рӯзи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи маълумоти пешакӣ кокаин эҳтимол аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба воситаи Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Бар замми кокаин, ҳабҳои маводи мухаддир акнун ҳарчӣ бештар ба Тоҷикистон роҳ меёбанд.

Хушнуд Раҳматуллоев -- сухангӯи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, дар се моҳи соли равон мусодираи ҳабҳои нашъадор ба маротиб афзудааст. Ӯ гуфт, "дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазор дона ҳабҳои гуногун аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуд. Ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар зиёдтар аст. Бештари маврид фурӯши он дар дискоклубҳо мушоҳида шуданд. Ин гуна ҳабҳо бештар аз кишварҳои Аврупои шарқӣ тариқи Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад."

Хушнуд Раҳматуллоев

Хушнуд Раҳматуллоев

Раҳматуллоев афзуд, барои истеҳсоли ин гуна ҳабҳо таҷҳизоти зиёд ва лабараторияҳои муҷаҳҳаз зарур аст. Аз ин рӯ, ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо кишварҳое имкони истеҳсоли ин гуна ҳабҳоро доранд, ки саноати кимиё ва дорусозӣ дар онҳо тараққӣ карда бошад.

Арзон будани ҳабҳои нашъадор нисбат ба ҳероину афюн ва дигар навъҳои маводи мухаддир истеъмоли онҳоро барои афроди мӯътод дастрастар мекунад. Ин аст, ки гардиши ин маводи нашъадор дар бозори сиёҳ дар Тоҷикистон бештар шудааст. Истеъмоли ҳабҳо ҳатто масири қочоқбаронро дигар кардааст. Агар қаблан мақомот ва расонаҳо танҳо аз боздошти кадом қочоқбаре гузориш медоданд, ки қасди бурдани мухаддиротро ба Русия дошт, ҳоло ин масир баръакс шудааст. Аксарияти кулли ҳабҳои нашъадор бинобар маълумоти мақомоти дахлдор маҳз аз Русия маъмулан тариқи ҳавопаймоҳо кочоқ мешудааст.

Дар олами мӯътодони маводи мухаддир ҳабҳои нашъадор бо номҳои гуногун машҳур аст. Сафар, ҷавони 28 солаи тоҷик, ки мӯътоди маводи мухаддир аст ва дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои нашъамандии ба номи Минҳоҷ Ғуломов табобат мегирад, мегӯяд, ҳабҳои нашъадор хеле зиёданд, аммо миёни афроде, ки аз он истифода мекунанд ду навъаш бо номҳои Tоyota ва Camry дар Тоҷикистон маъруф аст. Вай гуфт: "Инҳоро бештар дар дискокулбҳо ва дигар маконҳои дилхушӣ мефурӯшанд. Нархи як ҳаби аввалӣ 25 доллар аст. Camry бошад, 50 доллар. Ҳаст таблеткаҳое, ки то 100 доллар як донааш нарх дорад."

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба фарқ аз маводи мухаддири маъмулӣ нархи ин гуна ҳабҳо арзонтар аст, аммо хумор ва ба истилоҳ "ломка"-и баъд аз истеъмолӣ ба маротиб сахттар аст. Ин аст, ки Сафар мегӯяд, организми ҷавонон зудтар ба ин гуна ҳабҳои нашъадор хӯ мегирад ва бозори нашъаҷаллобон боз ҳам гармтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, намуди зоҳирии ин ҳабҳо аз доруҳои маъмулӣ чандон фарқе надорад ва аз ин рӯ қочоқбарон бо истифода аз ин шабоҳат миёни дигар доруҳо онро аз марзҳо мегузаронанд.

"Хариду фурӯши ин таблеткаҳо тариқи интернет сурат мегирад, чунки гуфтугӯи телефониро гӯш мекунад. Бинобар ин, мо тариқи интернет бо фурӯшандагон суҳбат мекунем. Онҳо ба мо як рақам медиҳанд. Ба ин рақам дар автоматҳои кӯча пулу гуфтаи онҳоро мегузаронем. Баъди ин онҳо мегӯянд, ки маслан аз фалон ҷо таблеткаро омада гирем. Аммо фиреб намекунанд,"-нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Сафар мегӯяд, қаблан ӯ ин усули фурӯши ҳабҳои нашъадорро дар Маскав дида буд ва ҳоло он дар Тоҷикистон ва пойтахт роиҷ ҳам шудааст. Ӯ мегӯяд, нашъаҷаллобон барои фурӯши молашон аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Ҳар нашъаҷаллоб дар Фейсбуку Одноклассники саҳифа дорад ва харидорони доимӣ низ ҳатто намедонанд, аз кӣ "мояи сархушии дусоатаашон"−ро мехаранд.

Ҳусейн Солиев, нарколог ва табиби мӯътодони маводи мухадир мегӯяд, вақтҳои охир миёни ҷавонон марвидҳои истеъмоли ҳабҳои нашъадор зиёд вомехӯрад. Бинобар арзёбии ин табиби тоҷик, ҳоло то 30 дарсади мӯътодони маводи мухаддир вобастаи ҳабҳои нашъадор ҳастанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ҳабҳои нашъадор ҳам мисли дигар навъҳои мухаддирот касро гирифтораш мекунад ва табобати ин гуна мӯътодон ҳам мисли нашъамандони "маъмулӣ" ҷараён мегирад.

Бино ба маълумоти оморӣ, шумори нашъамандон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ афзоиш ёфтааст. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 324 бемори гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар муқоиса бо се моҳи соли 2014 ба 112 нафар ё 1,5 дарсад бештар аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG