Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маводи мухаддир, шариат ва собиқ муҷоҳидини тоҷик


Оё метавон пули маводи мухаддирро сарфи хайру садақа, аз ҷумла садақаҳои ҷорияе, чун бунёди масоҷид кард?

Маводи мухаддир, қочоқу тиҷорат ва гирифторӣ ба он пас аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба сурате чунин густурда зуҳур кард.
Оне, ки тиҷорат мекунад, ҷомеаро вайрон мекунад ва ба ҷони ҳазорҳо зарар мерасонад. Ҳар чизе. ки ба зиёниҷомеа аст, хусусан ақли ҷомеаи инсониро аз байн мебарад, садҳо баробар аз истеъмолкунанда бадтар аст...


То кунун даҳҳо тан аз гирифторӣ ба ин мавод ҷони худро бохтаву даҳҳо тани дигар аз пушти он бехонаву дар ва ё ятим шудаанд. Ва кам касе ҳаст, ки аз даҳони ин “аждаҳои марг” раҳо ёфта ба зиндагии одиву пешинаи худ бозгашта бошад.

Ба қавли Муртазо Хидиров, раҳбари як созмони мубориза бо нашъамандӣ дар Душанбе, ҳоло ҳам сафи мӯътодони маводи мухаддир коҳиш наёфта, баръакс, синну соли гирифторони он торафт ҷавонтар мешавад.

Ба қавли ин масъули созмони мубориза бо нашъамандӣ, акнун сафи духтарону заноне ҳам, ки рӯ ба маводи мухаддир оварда ва зиндагии худро бидуни он тасаввур карда наметавонанд, афзудааст.

Вай гуфт, “сафи гирифторони маводди мухадир кам нашудааст. Тахминан дар як сатҳ аст. Аммо ҳар сол дар маркази наркологии ҷумҳурӣ одамони нав ба қайд гирифта мешаванд. Онҳое ҳам, ки бештар ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор мешаванд, истифодабарандагони маводди нашъаовар ҳастанд.”



МАВОДИ МУХАДДИР, ХАМР ВА ИСЛОМ

Ин дар ҳолест, ки уламои ислом дар Тоҷикистон маводи мухаддир ё маводи нашъадорро аз ҷумлаи “хамр” медонанд, ки дар шариати исломӣ мамнӯъ ва ҳаром ҳукм шудааст.

Зубайдуллоҳи Розиқ
Рӯҳонии тоҷик Зубайдуллоҳи Розиқ бо ишора ба муқаррароти шариат маводи мухаддир ва фурӯшандагону истифодабарандагони онро маҳкум мекунад. Вай мегӯяд, ҳамаи маводи маст ё мадҳушкунанда, ки маводи мухаддир ё нашъадор низ аз ҷумлаи онҳост, ҳаром шуморида мешаванд.

“Фарқ надорад, дар шакли нашъа аст, ҳашиш аст ё кокаин, вақте халал дар ақли инсон ворид мекунад, аз назари Ислом ҳаром аст. Паёмбари Худо ҳам инро ҳаром гуфтаанд. Ҳамаи олимони исломии дунё низ инро ҳаром мешуморанд. Истеъмоли нашъа ҳаром аст, гуноҳи кабира аст”,-мегӯяд Зубайдуллоҳи Розиқ.

СӮҲБАТИ РӮҲОНИЁН

Аммо ин танҳо сӯҳбатҳои ҷудогона нест, ки рӯҳониён аз мамнӯъ ё ҳаром будани маводи мухаддир ҳарф мезананд. Ин сӯҳбати рӯҳониён аз минбари масоҷид ва ҳатто ҳангоми ҷанозаи афроде, ки маргашон ба маводи мухаддир рабт дода мешавад, низ садо додаанд.

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода
Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи Ҳисор, дар моҳи декабри соли гузашта, дар расми дафни ҷанозаи овозхони ҷавони тоҷик Сӯҳроби Сафарзод низ, ки наздиконаш марги ӯро натиҷаи сактаи қалб ва аммо бархе ҳосили истифодаи барзиёди маводи мухаддир медонистанд, бори дигар аз ҷавонон даъват кард, ки аз маводди мухадир дурӣ ҷӯянд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “истеъмоли маводи мухаддир инсонҳоро аз маъракаи инсонӣ мебарорад.”

МАВҚЕИ ШӮРОИ УЛАМО

Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ мегӯяд, мавзӯи маводи мухаддир ва зиёни он ба ҷомеа ва баҳси он аз дидгоҳи шариати исломӣ солҳост, ки дар мавъизаҳои рӯҳониёни тоҷик баррасӣ ва ба мардум расонида мешавад.

Эшони Абдулбасир, муовини раиси Шӯрои уламо, мегӯяд, ин ниҳоди ҳомии ҳаққи мусулмонҳо ба фикри уламои ислом дар бораи маводи мухаддир мувофиқ буда, истифодаву фурӯши онро ҳаром мешуморад.

“Хамр он чизеро мегӯянд, ки ақлро мерабояд. Пас, ҳар чизе, ки дар шакли маводди мухадир ва ё дар шакли арақ аст, ӯ хамр номида мешавад ва ба таъбири Қуръон ҳаром аст”,-гуфт ӯ.



Эшони Абдулбасир мегӯяд, дар ҳар намози ҷумъа дар робита ба масъалаи маводи мухаддир ва истифодаи он худи сокинон ҳам суол дода, посухи онро талаб мекунанд. Ҷаноби Абдулбасир гуфт, бештари суолҳо дар робита ба истифодаи пулҳоест, ки аз фурӯши маводди мухаддир ба даст меоянд.

"ҲАЛОЛ НЕСТ..."

Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ҳамон тавре ки худи маводи мухаддир аз дидгоҳи шариати ислом ҳаром ҳукм шудааст, фоидае, ки аз фурӯшаш ба даст меояд, низ ҳалол нест.

Абдураҳими Қазоқонӣ, имом-хатиби масҷиде дар шаҳри Душанбе, низ мегӯяд, дар ҳоле ки як нафар аз фоидаи аз тиҷорати маводди мухаддир бадастоварда мехоҳад барои мисол, масҷиде бунёд кунад ва ё ба афроди бозмонда дасти мадад дароз намояд, бесӯд хоҳад буд. Зеро ба қавли ӯ, пуле, ки аз фурӯши маводи мухаддир ба даст омадааст, ҷавобгарӣ дорад ва соҳиби ин пул бӯе аз савоб нахоҳад бурд.



Аммо рӯҳонии тоҷик Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, вақте сохтмони масҷид ва ё кадом кори хайри дигаре анҷом мешавад, сарчашмаи маблағи он пурсида нахоҳад шуд. Бино бар ин, ба гуфтаи ӯ, зоҳиран ҳар биное, ки ба унвони масҷид аз пули тиҷорати маводи мухаддир сохта мешавад, дуруст аст ва намозгузорӣ дар он мамнӯъ нест.



ҲУКМИ ФУРӮШИ МАВОДИ МУХАДДИР

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки уламои ислом дар Тоҷикистон миёни истеъмол ва фурӯши маводди мухаддир фарқ мегузоранд. Ба қавли Зубайдуллоҳи Розиқ, агар истеъмоли маводи мухаддир гуноҳ бошад, фурӯшандаву тавзеъкунандааш гуноҳи боз ҳам бузургтареро муртакиб хоҳад шуд.

Ҷаноби Розиқ ба ин назар аст, ки агар нафаре маводи мухаддирро истеъмол мекунад, танҳо ба ҷони худ зиён меорад ва гурӯҳе, ки маводи мухаддирро мефурӯшад ва ё тавзеъ мекунад, ҷони садҳо ва ё ҳазорҳо танро зери хатар мегузорад.

Вай афзуд, “онеро, ки маводи мухаддир мефурӯшад, дар ислом муфсиди филарз меноманд. Оне, ки тиҷорат мекунад, ҷомеаро вайрон мекунад ва ба ҷони ҳазорҳо зарар мерасонад. Ҳар чизе ба зарари ҷомеа аст, хусусан ақли ҷомеаи инсониро аз байн мебарад, садҳо баробар аз истеъмолкунанда бадтар аст. Гуноҳи бениҳоят бузург аст. Ҳатто бахше аз давлатҳои исломӣ, ки аз рӯи шариат кор мекунанд, ба ин гуна афрод ҳукми қатл муайян кардаанд.”

МУСУЛМОНӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?

Ин ҳама дар ҳолест, ки бештар аз 97 дарсади сокинони Тоҷикистон худро мусулмон мешуморанд. Пас, рӯ овардани ин афрод ба маводи мухаддир, ки Ислом онро радд кардааст, чӣ маъно дорад?

Бобоҷони Қаюмзод
Бобоҷони Қаюмзод, таҳлилгар ва равоншиноси тоҷик, мегӯяд, худро мусулмон шинохтан ва шумурдани мардум ҳанӯз ба маънои огоҳӣ аз ҳама паҳлуҳои Ислом нест.

Ба гуфтаи вай, бештари мусулмонҳои Тоҷикистон дар ҳоле рӯ ба нашъамандӣ ва ё умуман хамр ва ё маводи мухаддир меоранд, ки аз асли дини ислом огоҳии чандоне надоранд ва бештар ба ин фикранд, ки Худованд бо фазилати бахшояндангӣ ва меҳрубониаш, ки карим асту раҳим, ҳама чиз ва ҳама касро мебахшад.

ПАЁМАДИ БЕКОРӢ?

Дар ин сӯҳбати худ бо барномаи "Оини мадоро", Бобоҷони Қаюмзод ҳамчунин омилҳое, чун бекорӣ ва фишори иҷтимоиро ҳам мисол овард, ки боис ба афзоиши сафи нашъамандон ва ҳамин тавр, нашъафурӯшон дар Тоҷикистон мешавад.

Ба бовари ин равоншиноси тоҷик вақте мардон аз бекорӣ ранҷ мекашанад, тангии рӯзгор дар бархе маворид бахше аз онҳоро маҷбур ба ҷустани ҳар роҳу василаи мумкини ба даст овардани рӯзии хонавода мекунад ва шуморе аз онҳо танҳо роҳи раҳоӣ аз ин вартаи зиндагиро дар дарёи гуноҳи гирифторӣ ба маводи мухаддир ё қочоқу тиҷорати он мебинанд.

Вале мо дар ҳоле дар бораи нашъамандии сокинони мусулмони Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта истеъмол ва ҳамин тавр фурӯши маводи мухаддир ба хусус аз сӯи ба истилоҳ “боевикҳо”-и ҳарду ҷониби ҷанги Тоҷикистон тақрибан рӯшод буд.

МУҶОҲИДИН НАШЪА МЕКАШИДАНД?

Ҷалолиддини Маҳмуд
Ҷалолиддини Маҳмуд, аз масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аммо истифодаи саросарии муҷоҳидин аз маводи нашъадорро радд кард.

Вай гуфт, раҳбарияти муҷоҳидини тоҷик ба хотири ин ки маводи мухаддир ва ҳар чизи маст ё мадҳушкунанда дар ислом мамнӯъву ҳаром аст, истифода аз маводди нашъадорро манъ карда буд. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмуд, баъзе аз муҷоҳидин танҳо ба хотири ин ки ин шартро нодида гирифтанд, ҳатто муҷозот шуданд.



Бо ин ҳол, уламои ислом дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бо истифода аз нуфузу эътибор ва нерӯи сухани онҳо метавон ҷомеаро аз ботлоқи маводи мухаддир берун кашид.

Чун ба гуфтаи онҳо, дар тӯли чанд соли ахир, ки мардум рӯ ба масҷиду намоз овард, сафи шаробнӯшон дар Тоҷикистон то ҳадде коҳиш ёфт ва ҳоло пайдо кардани шишаи шароб дар баъзе рустоҳо ҳатто номумкин шудааст.

Бобоҷони Қаюмзод низ мегӯяд, таҳлилҳо баёнгари он ҳастанд, ки сафи мӯътодони маводи мухаддир дар кишварҳои исломӣ дар муқоиса ба кишварҳои дигар камтар аст.

АЗ ШАРИАТ ТО ҚОНУНҲОИ ТОҶИКИСТОН

Аз сӯи дигар, Афғонистон - бузургтарин тавлидкунандаи ҳероину афюни ҷаҳон - низ кишвари мусулмонист. Бобоҷони Қаюмзод мегӯяд, дар кишварҳои исломӣ баъзе аз гурӯҳҳои барои манофеи шахсӣ мусулмононро таҳрик медиҳанд, то ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар баъзе аз кишварҳои исломӣ бархе аз рӯҳониён ҳатто фатво ҳам додаанд, ки тиҷорати маводи мухаддир ба кишварҳои ғайримусулмонӣ ҷоиз ва ҳатто навъе аз “ҷиҳод” аст. Иддаое, ки ҳамсӯҳбати мо мухолиф бо асли дини ислом медонад.



Бар иловаи ин ки Шариати исломӣ истифода ва фурӯши маводи мухаддирро мамнӯъ медонад, қонунҳои Тоҷикистони дунявӣ низ ин амалҳоро маҳкум ва барои гунаҳкоронаш муҷозоти шадид пешбинӣ кардааст.

То имрӯз садҳо нафар дар ин кишвар бо ҷурми қочоқи маводди мухаддир ва фурӯши он зиндонӣ шудаанд, вале бо ин вуҷуд, Тоҷикистон бо 1344 километр марзи мустақимаш бо Афғонистон як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи Русияву Қазоқистон боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG