Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати тавлидкунандаи маъруфтарин нӯшокӣ дар ҷаҳон гуфтааст, омодаи ворид шудан ба бозори Тоҷикистон аст.

Ҳусейн М. Акин, президенти Coca-Cola оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфтааст, вақти вуруди ин ширкат ба Тоҷикистон фаро расидааст. Дар ин бора рӯзи 23 ноябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳусейн М. Акин аввали ҳафтаи равон дар мулоқот бо Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки "то ҳол бозори Тоҷикистон аз ҷониби ширкати Coca-Cola мавриди омўзиш ва таҳлил қарор гирифта буд ва айни замон, бевосита вақти он расидааст, ки ширкати Coca-Cola ба бозори Тоҷикистон ворид шавад."

Президенти Coca-Cola оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфтааст, ин ширкат дар марҳилаҳои аввал барои истеҳсоли маҳсулоташ дар Тоҷикистон 30 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад ва дар муддати 10 соли минбаъда ин нишондиҳандаро ду маротиба зиёд хоҳад кард.

Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд, барои баррасии шарту шароити сармоягузории ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҳисоби намояндагони Кумита ва худи ширкат гурӯҳи кории муштарак таъсис ёфта, ҷузъиёти фаъолиятро ояндаи наздик маълум хоҳад кард.

Дар сурати шурӯи кори ин ширкат дар бозори Тоҷикистон, Соса-Cola нахустин бренди маъруфи амрикоӣ мешавад, ки ба ин ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гарчанде таи 20 соли охир дар шакли кӯмак ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои гуногун ба Тоҷикистон ҳудуди як миллиард доллар ворид кардаст, бахши хусусии ин кишвар ба Тоҷикистон тақрибан таваҷҷӯҳе надорад.

Ишораҳоеро дар заминаи имкони вориди бозори Тоҷикистон шудани ин ширкат нахустин бор тобистони соли ҷорӣ Кен Гросс, сафири собиқи ИМА дар Душанбе дар сӯҳбат бо намоядагони матбуот карда буд. Айни замон, оқои Гросс дар ҳамон мусоҳибааш дар бораи монеаҳои пешорӯи сармоягузорони хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, "фасод ва андози баланд" таваҷҷӯҳи бизнеси хориҷиро ба ин кишвар кам мекунад. "Вақте сармоягузор меояду аз вай ҳисса мехоҳанд, вай албатта фирор мекунад», - гуфта буд Кен Гросс.

Баробари ин Кен Грос изҳор дошта буд, ки раванди ҷалби сармоягузор айни ҳол миёни давлатҳои ҷаҳон ба як мусобиқа табдил ёфтааст, ки масъулини тоҷик бояд дар он фаъолтар бошанд: «Мо наметавонем сармоядорони ИМА-ро барои маблағгузории лоиҳаҳои Тоҷикистон водор кунем. Сармоягузор ба он кишвар маблағгузорӣ мекунад, ки шароити беҳтари корӣ дорад».

Дар ду нуқтаи аз ҳам дуртарини сайёра ҷойгир будани Амрикою Тоҷикистон, инфрасохтори заифи нақлиётиро Грос аз монеаҳои дигари густариши сармоягузории Амрико ба Тоҷикистон гуфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG