Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Coca-Cola аз Украина барои Қрим узр хост


Харитаи баҳсбарангезе, ки Coca-Cola нашр карда буд
Харитаи баҳсбарангезе, ки Coca-Cola нашр карда буд

Ширкати маъруфи Coca-Cola барои нашри харитае, ки дар он нимҷазираи Қримро ҳамчун як бахши Русия нишон дода буд, расман аз Украина узр пурсидааст.

Coca-Cola, яке аз бузургтарин ширкатҳои нӯшобасозии дунё аз тариқи нома ба Валерий Чалий, сафири Украина дар Амрико, расман барои нашри харитае, ки дар он вилояти тасарруфшудаи Қрими Украина ҳамчун бахши Русия тасвир мешуд, аз Украина узр хост. Клайд Таглл, ноиби аршади президенти Coca-Cola дар ин нома ба сафири Украина аз ҷумла навиштааст: "Барои танҳо узр хостан боқӣ мемонад, чунки ин кор набояд рух медод. Ҳарчанд тағйирот ба харитаро оҷонсие, ки ба ширкати мо рабт надорад, шомил кардааст, мо тамоми масъулият барои чунин натиҷаи корро ба дӯши худ мегирем."

Сафири Украина Валерий Чалий дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ширкати Coca-Cola саривақт ва бо шеваи муносиб узр пурсидааст: "Умедворам, ки қазияи дар байни идҳо иттифоқуфода, вале хеле ибратбахш паёми рӯшанбе барои тамоми ширкатҳои фаромиллие мешавад, ки дар Украина (ва нафақат дар Украина) фаъолият доранд ваё қасди кушодани тиҷорати худро доранд."

***

Дар арафаи Соли нав бахши ширкати Coca-Cola дар Русия дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" харитаи Русияро нашр кард, ки боиси норозигии корбарон шуд, чунки ин харита вилояти аз Украина тасарруфшудаи Қрим ва ҳамин тавр, вилояти Калининград ва ҷазираҳои баҳсии Курилро дар бар намегирифт.

Ширкат узр хоста, ба ин харита ин се минтақаи дастикам дуяш - Қрим ва Курил - баҳсиро изофа кард. Ин ба навбати худ эътирози украиниҳоро барангехт, ки тасарруфи Қримро ғайриқонунӣ ва ишғоли муваққати ин нимҷазира аз сӯи Русия мешуморанд. Дар ниҳоят, баъди баёнияҳои бахши украинӣ ва дафтари марказии Coca-Cola ин харита аз саҳифаи ширкат бардошта шуд.

Украиниҳо аз рафтори бахши русии Coca-Cola чунон ба хашм омада буданд, ки аз тариқи Интернет маъракаи таҳрими маҳсулоти ин ширкатро ба роҳ андохтанд. Ҳештеги #BanCocaCola ("Манъи Coca-Cola") дар рӯзҳои охир аз ҳештегҳое буд, ки дар бахши украиниии шабакаи иҷтимоии Твиттер бештар аз ҳама хотирнишон мешуд.

Русия дар моҳи марти соли 2014 бо эъзоми нирӯҳои низомиаш нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Украина ва кишварҳои дунё тасарруфи ин нимҷазираро эътироф намекунанд ва кишварҳои Ғарб дар пайи ин алайҳи Маскав як силсила таҳримот низ ҷорӣ карданд.

Мақомоти Украина ба иқдомҳое, ки ба сурате Қримро ҳамчун бахши Русия тасвир мекунанд, шадидан мухолифат мекунад. Дар моҳи сентябри соли 2015 сафорати Украина дар Қазоқистон алайҳи дастикам 3 китоби дарсие дар ин кишвар эътироз кард, ки дар онҳо, аз ҷумла дар китобҳои дарсии "Ҷуғрофиё" Қрим ҳамчун бахши Русия тасвир мешуд. Дар пайи ин эътироз, вазорати маорифи Қазоқистон ин китобҳои дарсиро аз макотиб барчид.

XS
SM
MD
LG