Пайвандҳои дастрасӣ

Марзи баста ва ҳамкориҳои "муаллақ"-и Тоҷикистону Қирғизистон


Марзи Исфараву Бодканд. Акс аз бойгонӣ

Марзи Исфараву Бодканд. Акс аз бойгонӣ

Беш аз ду моҳ боз баста боқӣ мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳои тиҷорӣ байни ин ду кишвари ҳамсояро низ дар як ҳоли муаллақ нигоҳ медорад.

Бо вуҷуди музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи боз кардани марз миёни ду кишвар, то ҳанӯз ин мушкил ҳал нашудааст ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ҳамсоякишварҳо низ дар ҳаво муаллақ мемонад. Ҳарчанд ҳарду кишвари ҳамсоя вобастаи ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷоратианд ва доду гирифти зиёд доштанд.

Марзбандии якҷонибаи Қирғизистон баъди тирпаронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд боиси он шуд, ки беш аз даҳҳо мошини борбари тоҷирони тоҷик ҳамакнун дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар дармондаанд ва соҳибкорони тоҷик аз ин вазъ изҳори ба шиддат нигарон ҳастанд ва мегӯянд ин иқдом болои фаъолиятҳои онҳо зарба задаст.

Ба гуфтаи соҳибкорони истаравшанӣ, танҳо дар гузаргоҳи Ӯш беш аз 60 мошини ҳомили молу колои онҳо дар банд мондааст. Ин аст ки ҳудуди 300 соҳибкори истаравшанӣ дар ҳафтаи гузашта бо ирсоли номае ба Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати музокиракунанда бо Қиғизистон хостори мусоидат дар раҳоии молу колояшон шуданд.

Аммо танҳо соҳибкорони тоҷик аз марзбандии ахир хисорот надидаанд, балки тоҷирони қирғиз низ паёмади номатлуби ин марбандиро хуб эҳсос кардаанд ва ин вазъ барояшон хушоянд нест. Бархе аз ин тоҷирон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз зиёни худ пас аз марзбандиҳои ахир қисса карданд.
Бозори "Дордой"

Бозори "Дордой"

Айсулу Одилбекова, тоҷири яклухтфурӯши бозори бузурги «Дордой» дар Бишкек рӯзи 25 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қабл аз марзбандиҳо аксарияти муштариёни корхонаи либосдӯзии вай соҳибкорони тоҷик буданд. Аммо бо баста шудани марз, Айсулу муштариёни тоҷикашро аз даст додааст. Вай гуфт: «То баста шудани марз тоҷирони тоҷик аз мо харид мекарданд. Мо тибқи фармоиш барои онҳо либоҳои кӯдакона ва мардонаву занона медӯхтем. Лекин ду моҳ боз, чун марз баста аст, мо ин муштариёнамонро аз даст додем. Аз Тоҷикистон дигар ба мо дӯхтани либос фармоиш намедиҳанд. Шарикони мо низ инчунин бекор монданд. Мо, соҳибкорони оддӣ, зарар дида истодаем. Сарҳадро тезтар боз мекарданд, хуб мешуд».

Тилек тоҷири дигари қирғиз дар бозори «Дордой», низ баста шудани марз бо Тоҷикистонро қабул надорад. Вай мегӯяд, ҳам дӯстон ва ҳам шарикони тиҷориаш дар ин кишвари ҳамсояро аз датс дода, фаъолияти соҳибкориаш низ зери суол рафтааст. Зеро ба таъкиди Тилек, то замони баста шудани марз бо Тоҷикистон вай аз Чин молро ворид мекард ва соҳибкорони тоҷик буданд, ки ин молҳоро аз амбори ӯ мехариданд. Аммо ба гуфтаи Тилек, бо баста шудани марз соҳибкорони тоҷик низ дигар ба суроғи молҳои вай намеоянд, ки дар ниҳоят зарба ба тиҷорати ин соҳибкори қирғиз задааст.

«Либосҳои зимистонае, ки ман аз Чин ворид карда будам, ба фурӯш нарафтанд. Чунки харидори асосии он тоҷирони тоҷик буданд. Аммо марзи Қирғизистон аз моҳи январ баста ки шуд, бори ман ҳам дар анборҳо хоб рафт,» - мегӯяд ин соҳибкори қирғиз. Акс аз бозори "Дордой"

Акс аз бозори "Дордой"

Дар ҳоле ки тоҷирони қирғиз аз даст додани муштариёни тоҷикашон ва ҳамин тавр аз зарарҳои марзбандии ахир сӯҳбат мекунанд, иддае аз сокинони манотиқи марзии вилояти Бодканди Қирғизистон бо шимоли Тоҷикистон аз камбуди бархе маводи мавриди ниёзи аввалия, назири равғану биринҷ, ки қаблан аз бозорҳои Тоҷикистон ворид мекарданд, азият мекашанд.

Ҷониш Ҳайдаров, хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Бодканд дар ин бора мегӯяд: «Сокинони манотиқи наздимарзии Бодканд аз бозорҳои шимоли Тоҷикистон маводи ниёзи аввалияашон, назири равғану биринҷро харидорӣ мекарданд. Аммо беш аз ду моҳ аст, ки марз баста аст ва ин мавод ба Бодканд аз вилояти Ҷалолобод ворид карда мешаванд. Аз марзбандӣ тоҷироне ҳам, ки аз Тоҷикистон мандарин ворид мекарданд, зарари зиёд диданд.»
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар пайи марзбандии ахир нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған дар манотиқи ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Паёмадҳои марзбандии охир дар ҳолест, ки гузоришиҳои расмӣ аз коҳиши бамаротиби гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳикоят мекунанд. Бар асоси гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон, табодули молу коло миёни ду кишвари ҳамсоя 11 маротиба коҳиш ёфтааст. Дар моҳи январи соли 2013 аз тариқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамагӣ ба маблағи 1 миллион доллар мол гузаштааст. Дар моҳи январи соли 2012 ин рақам 11 миллион доллар буд.

Марзи Тоҷикистон бо Қиғизистон пас аз муноқишаи 11 январ, ки бар асари он 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд, баста шуд. Тайи беш аз ду моҳи музокирот тарафҳо то ҳол натавонистаанд ба ҳалли ин таниш муваффақ шуда ва ин марзи тӯлаш 976 километрро барои равуои мардум ва ҳамлу нақли коло боз кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG