Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: «Амрико ба Шӯравӣ шудани Авруосиё мухолиф аст»


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, кишвараш аз ташкили шакли нави Иттиҳоди Шӯравӣ дар зери ниқоби ҳамоиши иқтисодӣ пешгирӣ хоҳад кард.

Дар нишасти хабарӣ дар Дублин, пеш аз оғози мулоқоташ бо ҳамтои руси худ, вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон бо ишора ба минтақаи Авруосиё гуфт, “талошҳое дида мешавад, ки минтақа дубора шӯравӣ карда шавад.”

Бо ишора ба нақшаҳои Маскав дар таҳким ва амиқрафти робитаҳои иқтисодӣ бо ҳамсояҳояш хонуми Клинтон афзуд, ин талош зери номҳои дигар, ба мисли Иттиҳоди гумрукӣ ё Иттиҳоди Авруосиё ҷараён дорад. “Вале набояд дар ин маврид иштибоҳ кард. Мо чӣ будани мақсадро медонем ва талош дорем роҳҳои босамари коҳиш ё пешгирии онро пайдо кунем,” – гуфт Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида.

Хонуми Клинтон гуфт, кӯшиши эҷоди ҳукмронии минтақаӣ ҳамзамон бо маъракаи нави таъқибу фишор аз тарафи режимҳои рӯ ба Маскав дар қаламрави Шӯравии пешин иттифоқ меафтад.

Лаҳни сӯҳбатҳои хонуми Клинтон ишора ба он мекунанд, ки Иёлоти Муттаҳида “бозоғоз” ё “перезагрузка”-и равобиташ бо Маскавро, ки дар соли 2009 эълон шуда буд, бознигарӣ мекунад. Дар ҷараёни он танқиди вазъи ҳуқуқи башар дар Русия қатъ гашта, ба Маскав имконияти фаъолияти озодона дар қаламрави Шӯравии пешин дода шуд.

Талошҳои ҳамоиш, ки хонуми Клинтон ба онҳо ишора кард, аз тарафи раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин бо як мақолаи пешазинтихоботии ӯ дар моҳи октябри соли гузашта сар шуданд, ки дар онҳо ба ҳамгироии зичтари иқтисодӣ ва таъсиси “Иттиҳоди Авруосиё” даъват мешуд. Путин он вақт гуфта буд, ки ҳадаф эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ нест, балки ҳамоиши наздиктар аст.”

Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, нақзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон намунаҳои рӯшан дорад. Танқиди вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар як қатор кишварҳои пасошӯравӣ аз тарафи Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоиши вазирони кишварҳои узв дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ( САҲА) садо дод, ки рӯзи 6-уми декабр дар Дублин, пойтахти Ирландия, ҷараён гирифт. Хонуми Клинтон гуфт:

"Дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон намунаҳои маҳдудкунии озодии баён чи дар интернет ва чи расонаҳои дигар ва ҳамчунин нақзи озодии дин мавҷуд аст. Дар Қафқоз мо фишор ба озодии адлия, ҳамла ба журналистонро мебинем ва интихоботҳо на ҳамеша озоду одилонаанд. Ва дар Русия мо маҳдудкунии ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла тарҳи пешниҳодии қонунеро дидем, ки аз бисёр созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистоне, ки аз хориҷ таъмини молӣ мебинанд, талаб мешавад, ҳамчун агенти хориҷӣ сабтином гарданд."

Дар ҳамоиши Дублин вазирони умури хориҷии 57 кишвари узви САҲА ширкат доштанд. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки раёсати даврии Ирландия ба САҲА поён меёбад. Ҳамзамон бо баррасии вазъи феълӣ дар кишварҳои узв роҷеъ ба ояндаи САҲА ва ислоҳот дар ин ниҳод низ сӯҳбатҳо садо дод. Дар ҳамоиши байнулмилалӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ҳузур дорад.
XS
SM
MD
LG