Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суолҳои баҳсбарангези Ҷумҳурихоҳон ва хашми Клинтон


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон
Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон

Вазири умури хориҷии Амрико ба суолҳои баҳсбарангез дар бораи куштори сафири Иёлоти Муттаҳида дар Бенғозӣ посух дод.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми январ дар баробари комиссияи равобити берунаи Сенати ин кишвар ҳозир шуд. Вай дар робита ба қатли сафири Иёлоти Муттаҳида дар Бенғозӣ ба пурсишҳои баҳсбарангези бархе аз аъзои Ҷумҳурихоҳон посух дод.

Ба гузориши СNN, ҷаласаи вазири умури хориҷии Амрико бо аъзои комиссияи равобити берунаи Сенат аввалин бахш барои баррасии паҳлуҳои ҳамла ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Либия аст. Ҳилларӣ Клинтон дар суханони худ ба аъзои комиссия гуфт, “ҳамон тавре ки борҳо аз замони 11-уми сентябр (2012) гуфтаам, масъулияти ин рухдодро мепазирам.”

‬Вазири умури хориҷии Амрико, ки бо хашм сухан мегуфт, афзуд, "дар ҳоле ки ман бо Шумо сӯҳбат мекунам, камаш 20 намояндагии Амрико дар саросари ҷаҳон ҳадафи таҳдидҳои амниятӣ қарор дорад."

Кристофер Стивенс, сафири Амрико дар Либия, 11-уми сентябри соли гузашта дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар шаҳри Бенғозӣ ба ҳалокат расид. Мақомоти Либия гуфтанд, ки силоҳбадастон болои консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри шарқии Бенғозии Либия ҳамла карда, биноро ба коми оташ кашидаанд. Ба қавли онҳо, дар пайи ҳамла сафир савори мошин шуда, мебоист ба ҷои амн интиқол ёбад, аммо дар роҳ ҳадафи ҳамлаи мушакии силоҳбастон қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG