Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон хостори таъмини озодии баён ва дин дар Тоҷикистон шуд


Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, нақзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон намунаҳои рӯшан дорад.

Танқиди вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар як қатор кишварҳои пасошӯравӣ аз тарафи Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоиши вазирони кишварҳои узв дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) садо дод, ки рӯзи 6-уми декабр дар Дублин, пойтахти Ирландия, ҷараён гирифт. Хонуми Клинтон гуфт:

"Дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон намунаҳои маҳдудкунии озодии баён чи дар интернет ва чи расонаҳои дигар ва ҳамчунин нақзи озодии дин мавҷуд аст. Дар Қафқоз мо фишор ба озодии адлия, ҳамла ба журналистонро мебинем ва интихоботҳо на ҳамеша озоду одилонаанд. Ва дар Русия мо маҳдудкунии ҷомеаи маданӣ, аз ҷумла тарҳи пешниҳодии қонунеро дидем, ки аз бисёр созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистоне, ки аз хориҷ таъмини молӣ мебинанд, талаб мешавад, ҳамчун агенти хориҷӣ сабтином гарданд."

Дар ҳамоиши Дублин вазирони умури хориҷии 57 кишвари узви САҲА ширкат доштанд. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки раёсати даврии Ирландия ба САҲА поён меёбад. Ҳамзамон бо баррасии вазъи феълӣ дар кишварҳои узв роҷеъ ба ояндаи САҲА ва ислоҳот дар ин ниҳод низ сӯҳбатҳо садо дод. Дар ҳамоиши байнулмилалӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ҳузур дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG