Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муштариёни "Ҳафтбурҷ" хеши Убайдуллоевро ба додгоҳ мехонанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ду нафар аз масъулони ширкати «Ҳафтбурҷ» Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро оғоз кард.

Сарони ширкати «Ҳафтбурҷ» ба он айбдор мешаванд, ки бо роҳи фиреб 1,5 миллион доллари шаҳрвандонро рабудаанд. Ин парванда бар асоси шикояти 156 муштарии ширкати мазкур боз шуда, акнун додгоҳ нақши ду нафар аз масъулони «Ҳафтбурҷ» Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро дар ин қазия баррасӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе фаъолияти ширкати «Ҳафтбурҷ»-ро, ки бо тиҷорати шабакавӣ кор мекард, манъ намуд. «Ҳафтбурҷ» ба муштариёнаш, ки бо пардохти 130 то 500 доллар шарики он мешаванд, пешниҳод мекард, шаҳрвандони дигарро ба кори ширкат ҷалб намдуда, аз маблағи воридшуда даромади муайян ба даст оранд.

Муштариёни норозии ширкат мегӯянд, айбдоршавандаҳо Олим Маъруфов (писари Маъруф Орифов -- раиси собиқи ширкати “Орима”) ва Ориф Расулов дар ин ширкат нафарони дуввум баъди Мудири кулли он Саидҳомид Маҳмудов (хешованди шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев) ба шумор рафта, маблағҳои ширкатро дар Дубай гардиш дода, барои фаъолияти муштариён маводи зарурӣ ворид мекардаанд.

Яке аз муштариёни норозӣ Саидраҳмон Нуралиев мегӯяд, ки ба додгоҳ кашида шудани танҳо ду нафар ҳамчун масъулони ширкат мушкили онҳоро ҳал намекунад, зеро онҳо танҳо дастури мудири куллро иҷро мекарданд. Ба назари ҳамсӯҳбати мо дар курсии айбдорӣ бояд Саидҳомид Маҳмудов низ ҷалб карда шавад, зеро ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ӯ имзо мегузошт: «Ҳоло мо фақат 156 нафар ба додгоҳ шикоят кардаем. Дар дигар ноҳияҳои пойтахт даҳҳо нафари дигар ҷабрдидаҳо ҳастанд, ки бо шуруи мурофиа онҳо дар назди додгоҳ ҷамъ мешаванд ва мунтазири ҳалли масъалаи маблағҳояшон ҳастанд,» -- гуфт Саидраҳмон Нуралиев ба хабарнигори Радиои Озодӣ.

Дар зимн, Саидҳомид Маҳмудов сарпарасти ширкати «Qnet» ("Кюнет") низ ба шумор меравад, ки аз тарафи муштариён ҳамчун "пирамидаи молӣ" ҳадафи интиқод ва нигарониҳо қарор ёфтааст.

Мӯҳтавои «Qnet» аз он иборат аст, ки шахс бо тавсияи нафаре, ки қаблан тариқи сомонаи ин муассиса барои худ, ҷавоҳироти тилло, ба монанди соат, сикка, занҷира, таҷҳизоти тиббӣ, техникӣ ва ё роҳхати сафарҳои сайёҳӣ, харидааст, яке аз ин маҳсулотро интихоб мекунад. Маблағи ҳадди ақали харид, беш аз 500 долларро ташкил дода ба он 10 доллар ҳаққи воридшавӣ ва беш аз 20 доллар ҳаққи роҳкирои мол илова мегардад. Аммо “кормандон”-и ширкат ё фурӯшандагони он муштариро водор мекунанд, ки харидани ин ашё танҳо як навъ шарти узвият дар ширкат аст ва узвият дар оянда ба онҳо даромади бузург меорад. Баъзе аз муштариён мегӯянд, ҳарчанд ширкат онҳоро фиребидааст, беҷазо хоҳад монд, зеро намояндагии ин ширкатро дар Тоҷикистон яке аз пайвандони шаҳрдори Душанбе ба ӯҳда дорад.

Бо вуҷуди он ки, Саидҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати "Q-Net" дар Тоҷикистон пайванди хешу таборӣ доштанашро бо Маҳмадсаид Убайдуллоев рад намекунад, аммо мегӯяд, раиси шаҳр ҳеҷ пайванде ба ин ширкат надорад.

Қаблан зиёда аз 1000 муштарии «Ҳафтбурҷ» дар як номаи боз ба раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони ва Додситони кулл хоста буданд, ки ба ин қазия расидагӣ шавад. Онҳо мегӯянд, бино бар амри додситонӣ наметавонанд, пули худро аз ширкат бозпас гиранд.

Ин барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун зери ҳар гуна ном «аҳроми молиявӣ» дуруст карда билохира мардуми зиёдеро аз пулҳошон маҳрум мекунанд. Яке аз чунин ширкатҳои пурсарусадо ки бо номи «мӯҳрабизнес» маъруф буд, ба Ҷамшед Сиёев дахл дошт, ки дар соли 2003 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG