Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Қорӣ Фатҳиддин барои "кӯрхати" бозгашт аз Сурия


Акс аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Акс аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки бо иддаои тавассути "дуо" ва "кӯрхат" баргардондани наздиконашон аз Сурия аз чанд нафар пул гирифтаанд. Вазорат яке аз ин афродро барои дастдарозӣ ба номуси муштариёни зан низ муттаҳам мекунад.

Қорӣ Фатҳиддин дар ҷараёни бозпурсӣ иқрор шудааст, ки маблағҳои ба даст овардаашро барои бунёди манзил сарф кардааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 19 октябр гуфтанд, алайҳи Ризоқул Дустмуродови 56-сола ва Фатҳиддин Саймиддинов, маъруф ба Қорӣ Фатҳиддин, тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд. Дар хабари расмии вазорат аз ин ду нафар узви Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ном бурда шудааст, ки "бо мусоидати якдигар пули зиёди сокинонро аз худ намудаанд."

Аз ҷумла, ба қавли манбаъ, Қорӣ Фатҳиддин аз сокини ҳамин ноҳия Мурод Саидмуродов гӯё барои баргардондани бародараш аз Сурия бо дуо ба Тоҷикистон, пул гирифта ва дигар онро надодааст. Ризоқул Дӯстмуродов, инчунин, муттаҳам мешавад, ҳисоби маблағҳое, ки Мурод Саидмуродов аз филиали бонки "Имон Интернешнл" дар ноҳияи Шаҳринав ба ивази гарав гирифта буд, онҳоро ба Қорӣ Фатҳиддин додааст.

Мақомот мегӯянд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар дар ҷанги Ховари Миёна иштирок доранд

Мақомот мегӯянд, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар дар ҷанги Ховари Миёна иштирок доранд

Ба иттилои манбаъ, Қорӣ Фатҳиддин дар ҷараёни бозпурсӣ иқрор шудааст, ки маблағҳои ба даст овардаашро барои бунёди манзил сарф кардааст. Аммо то ҳол наздикони афроди гумонбар дар бораи иттиҳоми онҳо суҳбат накардаанд ва иттилои дигаре ҷуз хабари Вазорати корҳои дохилӣ дастрас нест.

Як рӯҳонии тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, "кӯрхат"-ро амале донист, ки тавассути "мулло"-ҳо барои пайдо кардани чизи қиматбаҳо анҷом мешавад. "Ин амал дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон миёни мардуми авом роиҷ аст ва мардум дар ҳолати гум шудани чизи қиматбаҳои худ ба назди мулло мераванд, то онро “кӯрхат” кунад", - афзуд мусоҳиби мо.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба иттилои расмӣ беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия рафта, то кунун хабари марги беш аз 300 нафари онҳо таъйид шудааст. Бисёре аз хонаводаи ҷангҷӯён мегӯянд, аз сафари фарзандони худ ба майдонҳои ҷанги Ховари Миёна хабар надоштанд ва талош доранд, онҳоро аз ҳар роҳ ба ватан баргардонанд. Эҳтимол ин эҳтиёҷмандӣ баъзеи онҳоро барои дарёфти ёрӣ ба назди рӯҳониён бурда бошад.

Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар" дар додгоҳ

Асадулло Иброҳимов, маъруф ба "муллои ҷодугар" дар додгоҳ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ризоқул Дустмуродов ва Фатҳиддин Саймиддиновро ба дастдарозӣ ба номуси занон ва нашъамандӣ низ муттаҳам мекунад. Ба иттилои вазорат, ҳини тафтиш аз хонаи Қорӣ Фатҳиддин китобҳои мазҳабӣ, тӯмор ва як адад сигори тамғаи "Беломор"ро, ки ба иддаои тафтишот дар дохилаш бангдона будааст, низ пайдо кардаанд. "Аз хонаи Ризоқул Дӯстмуродов, ки корафтодагонро қабул мекардааст, адабиёти гуногуни динӣ, нусхаҳои тумору таштоб, метали тунукагӣ, ашё ва дигар аломатҳое, ки нишонаҳои хурофотпарастӣ доранд, ҳамчунин рифолаҳо дарёфт ва мусодира шудаанд", - мегӯянд мақомоти ВКД.

Парванда алайҳи ин афрод дар ҳолест, ки тибқи қонун рӯҳониён ва муллоҳое, ки бо истифода аз оҷизии "муштариён" ба онҳо дастдарозӣ мекунанд, то 7 сол ҳукми зиндон хоҳанд гирифт. Тайи се соли охир тавассути расонаҳои расмии Тоҷикистон ва ҳам дар интернет наворҳои зиёде нашр шуданд, ки дар онҳо нафароне ба унвони "мулло" ба табобати занҳо машғул буданд ва ба онҳо дастдарозӣ мекарданд.

Бархе аз ин “муллоҳо” бо ҷурми таҷовуз ба номус ва ё “ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта” ба мӯҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла, Асадулло Иброҳимов дар Душанбе, Назруллоҳ Солеҳов дар Исфара ва Асадуллоҳ Каримов дар Панҷакент бо ҳамин иттиҳом дастгир шуда, ду нафари аввал пушти панҷара рафтанд. Аммо Назруллоҳ Солеҳов дар маҳбаси муваққатии Хуҷанд аз олам гузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG