Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода: Мо ба Эрону Туркия гуфта будем, ки Кабирӣ дар ҷустуҷӯст


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода дар як нишасти хабарӣ дар робита ба расман таҳти пайгард қарор гирифтани Муҳиддин Кабирӣ ва ҷузъиёти ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта суҳбат кард.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 25 январ гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ - раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) расман таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор дорад ва кишварҳои узв бояд ба хости онҳо арҷ гузоранд. Аммо ба саволи хабарнигорон дар ин бора, ки пас, чигуна ӯ тавонистааст барои мисол ба ҳамоише ба Эрон биравад, гуфт, "посухи ин савол бояд аз мақомоти он кишвар пурсида шавад".

Ӯ гуфт, "барои чӣ вай озодона рафтуо мекунад, аз худи ҳамон кишварҳо пурсидан зарур аст, чун онҳо низ узви Интерпол ҳастанд. Мо тамоми маълумотро дар бораи ин ҳодиса ба Эрону Туркия ва дигар кишварҳо фиристода будем."

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар идома Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро барои тарҳрезӣ ва сармоягузории ошӯби Абдулаҳим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ дар моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам кард. Ӯ гуфт, ки дар пайи ин ҳамлаҳо 38 тан аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим "безарар карда шудаанд".

Раҳимзода:Ба Эрону Туркия гуфтем, ки Кабирӣ дар ҷустуҷӯст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Рамазон Раҳимзода 25 январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, то ин дам беш аз 200 ҷонибдори дигари Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шуда, аз ин теъдод 11 тан ихтиёрӣ худро ба мақомот таслим кардаанд. ​"28 узви ин гурӯҳро мардум дастгир кардаанд," -- афзуд ӯ. Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки ҳоло парвандаҳои ин афрод дар дасти Додситонии кулли Тоҷикистон аст ва қисмати зиёдаш алакай ба додгоҳ фиристода шудааст. Ба қавли ӯ, "баҳои ниҳоиро ба ин ҳодиса танҳо додгоҳ медиҳад."

Аммо Раҳимзода эътироф кард, камбудии онҳо аст, ки ҷилави ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим гирифта нашуд. "Дар фаъолияти ояндаамон ин камбудро бартараф мекунем," -- афзуд вазир.

Субҳи 4 сентябри соли гузашта афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карда ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифон гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода ва ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дар тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид.

Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карда ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд. Ба дунбол, даҳҳо тан аз аъзои ҲНИТ, ба шумули 13 узви раёсати олии он низ боздошт шуданд.

Вазири корҳои дохилӣ дар идомаи сӯҳбати 25 январаш бо хабарнигорон аз марги Мулло Амриддин, ки раҳбари "Ҷамоати Ансоруллоҳ" гуфта мешуд, низ хабар дод. Ӯ гуфт, ки "Мулло Амриддин дар пайи амалиёт дар Афғонистон ба ҳалокат расидааст." Амриддин Табаров, маъруф ба Мулло Амриддин дар поёни солҳои 90 сулҳи мухолифон бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва сипас ба Покистон фирор карда буд.

Ҷузъиёти дигари суҳбати Раҳимзода ба зудӣ нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG