Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писари "тақаллубӣ"-и Э.Раҳмон, ҳамсинфи Сомон, ба мактаб баргашт


Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе ва ҳамсабақи Сомони Эмомалӣ -- писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон

Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе ва ҳамсабақи Сомони Эмомалӣ -- писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон

Хушдил Қурбонов, ки аз сӯи Оҷонсии зиддифасод барои сӯистифода аз номи писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам мешуд, зарари расондаашро ҷуброн карда, ба таҳсилаш идома медиҳад.

Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе ва ҷияни раҳбари Корхонаи нассоҷҷии тоҷик Анвар Қурбонов, ки бо сӯистифода аз номи писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Сомони Эмомалӣ даст ба қаллобӣ зада буд, бо баргардондани зарари расондааш, таҳсили худро дар ин мактаб идома медиҳад. Як омӯзгори мактаби байналмилалӣ рӯзи 15 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Хушдил ҳамсабақи Сомони Эмомалӣ, писари хурдии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳоло ба мактаб баргаштааст.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш ифшо шавад, Хушдил чанд сол боз ҳамроҳ бо Сомон дар як синф таҳсил мекунанд ва аксаран дар мактаб якҷоя дида мешуданд. Ӯ афзуд, "дар асл Хушдил чандон хонандаи бад нест ва донишаш аз аксар фанҳои таълимӣ аъло ҳаст. Аммо чаро аз номи ҳамсинфи худ истифода бурдааст, бароямон маълум нест."

Дубора ба таҳсил баргаштани ин хонанда дар ҳолест, ки ба иттилои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ӯ худро писари хурдии раисиҷумҳур муаррифӣ карда, даст ба қаллобӣ зада буд, аммо бинобар барқарор кардани зарар тибқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Яке аз муфаттишони парвандаи Хушдил Қурбонов, хонандаи мактаби байналмилалии Душанбе дар Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, ба Радиои Озодӣ гуфт, Хушдил Қурбонов ҳамаи зараре, ки бо роҳи қаллобӣ ба сокинони ҷумҳурӣ расондааст барқарор кард ва тибқи қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Мусоҳиби мо афзуд, "50 ҳазор долларе, ки аз шаҳрванд Маҳмадризо Раҷабов бо ваъдаи ҷудо кардани 0,30 гектар замин аз ҳудуди ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакӣ ба даст оварда буд, низ баргардонд."

Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, Хушдил Қурбонов бо моддаи 247 қисми 4 “қаллобӣ” Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста мешуд. Муфаттиши парванда мегӯяд,, Қурбонов қатъи назар аз иттиҳом боздошт нашуда, дар озодӣ ба сар мебурд. Хушдил Қурбонов ба он муттаҳам мешуд, ки худро писари хурдии раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, соли 2014 ҳамроҳ бо хешовандаш - Ҷӯрахон Холов боварии шаҳрванд Маҳамадризо Раҷабовро ба даст оварда, бо ваъдаи ҷудо кардани 0,30 гектар замин аз ҳудуди ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯ 50 000 доллар гирифта буд.

Ба дунболи қазияи "писари қалбакӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола хабар дод, ки худро дар як вақт ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва ёвари Азими Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон муаррифӣ карда, ҳатто тавонистааст ба бибии пираш дар остонаи таҷлил аз Иди Ғалаба аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ 500 сомонӣ кумакпулӣ рӯёнад.

Худи Умедҷон дар гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ суҳбат карда, аз ҷумла гуфт, "бо роҳбари ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ тамос гирифтам. Телефони мобилиро бардоштанд, баъд аз салом гуфтам, монда набошед. Гуфтанд, ташаккур. Худамро ҳамчун ёрдамчии Азим Иброҳим, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ намудам. Гуфтанд, марҳамат, чӣ пешниҳод, чӣ хизмат? Гуфтам сокини ноҳияи Фирдавсӣ Муҳиддинова Фотима соли таваллудаш 1935 аст. Дар ҷашни Ғалаба ӯро кумаку дастгирӣ кунед. Онҳо дархостро қабул карда гуфтанд, ки ҳатман меёбем ва кумак мекунем."

Ин ҷавон мегӯяд, ба мақомоти Фирдавсӣ ному насаби бибияш ва рақами телефонҳоро дода, баъд аз чанде 500 сомонӣ аз номи соҳибкорони ин ноҳия кумакпулӣ дарёфт кардаанд. "Баъдан боз ба ман занг заданду гуфтанд, дархости Шуморо иҷро кардем,"-афзуд ӯ.

Боздошти "пайвандону ҳамкорони"-и раисиҷумҳур, раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар гузашта мақомот бештар аз намояндагони тақаллубии идораҳои давлатии зинаҳои поёнӣ хабар медоданд. Ахиран додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ Илҳом Баротов, сокини Ҳисорро ба шаш соли зиндон маҳкум кард, ки худро корманди ширкати "Автодром" муаррифӣ карда, дар як сол аз 32 сокини Душанбе барои омода кардани шаҳодатномаи ронандагӣ аз 150 то 1 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG