Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии генерал Ғоибов: Бурди Салимзода, бохти Ғоиб?


Шерхон Салимзода - аз чап ва Абдуфаттоҳи Ғоиб - аз рост

Шерхон Салимзода - аз чап ва Абдуфаттоҳи Ғоиб - аз рост

Додгоҳи олии Тоҷикистон Эмом Ғоибов ва Одил Очилов - ду мақоми дар гузашта баландпояи додситонии кул ва Оҷонсии мубориза бо фасодро баъди 10 моҳи боздошт озод кардааст.

Манобеъи Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯянд, додраси Додгоҳи олӣ С.Холова ҳукми сафеди Эмом Ғоибов ва Одил Очилов, раҳбар ва муовини сардори куммиссиюни тафтиши парвандаи машҳури “исфарагиҳо»-ро рӯзи 7 март содир кардааст. Гуфта мешавад, айбдоркунанда айбномаашро пас гирифтааст ва дар натиҷа барои додрас ба ҷуз аз бастани ин парвандаи пурсарусадо илоҷи дигаре намемонад. То боздошташон дар моҳи майи соли 2013 Ғоибов унвони генерали адлия ва Очилов унвони полковник(сарҳанг)-и адлияро доштанд ва аз шахсиятҳои калидӣ дар тими Шерхон Салимзода дар Оҷонсии зидди фасод ва баъдан дар низоми додситонӣ ба шумор мерафтанд.

Боздошти Эмом Ғоибов, ки ҳамсабақи донишгоҳии додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода буд, дар як соли пеш аломати авҷи нави рақобатҳо байни оқои Салимзода ва раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов, ки ҳоло номашро ба Абдуфаттоҳи Ғоиб иваз кардааст, гуфта мешуд. Манобеъи Озодӣ мегӯянд, раҳоии Эмом Ғоибов нишон медиҳад, ки дар ин рақобат Шерхон Салимзода дастболо шудаву раҳбари Оҷонсии зиддифасод бохтааст.

Аммо дар ин замин эҳтимоли муомила ваё ба ибораи дигар "мусолиҳа" байни раҳбюарони пурнуфузи ин ду идораи тафтишотиро ҳам истисно намекунанд.

Додситони собиқи Исфара генерал Эмом Ғоибов, ки ахиран дар мақоми додситони ноҳияи Фирдавсии пойтахт кор мекард, ва Одил Очилов – муовини ӯ дар кумиссиюни вижаи масъули тафтиши парвандаи маъруф ба “парвандаи исфарагиҳо” моҳи майи соли 2013 бо иттиҳоми фасод ва ришвахоҳӣ дастгир шуданд.

Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Эмом Ғоибов дар солҳое ки Низомхон Ҷӯраев мири олами ҷиноии Исфара шумурда мешуд, додситони он минтақа буд. Ӯ дар як номаи саркушода, ки аз боздоштгоҳ ба номи раисиҷумҳур навишт ва моҳи майи соли 2013 дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуд, ба ҳамсабақиаш бо додситони кул таъкид карда, гуфта буд, ки зоҳиран ҳадафи аслӣ ӯ нест, балки тавассути вай мехоҳанд барои Шерхон Салимзода “чоҳ бикананд.”

Боздошти Ғоибов ва Очилов дар чаҳорчӯби боздоштҳои пурсарусадое буд, ки Тоҷикистон баъди бозгашти мармузи вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, соҳибкори шинохтаи зодаи Исфара Низомхон Ҷӯраев шоҳидаш шуд.

Низомхон Ҷӯраев, ки баъди чанд соли фирор ҳанӯз моҳи августи соли 2010 дар Маскав боздошт шуд, баъди қариб якуним соли боздошт ва баррасии парвандаи истирдодаш ба Тоҷикистон пирӯз омад ва дар поёни моҷҷи марти соли 2012 озод шуд, вале баъди чанд рӯзи раҳоияш дар Маскав ғайб зада, ба таври ногаҳонӣ дар Душанбе пайдо шуд.

Низомхон Ҷӯраев дар мусоҳибае ки билофосила тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нашр шуд, гуфт, аз солиёни тӯлонии фирор безор шуда, худаш баргаштааст ва мехоҳад ба тафтишот “барои барқарор кардани адолат” кумак кунад. Низомхон Ҷӯраев инак қариб 2 сол боз дар бинои Оҷонсии зидди фасод дар як ҳоли нимабоздошт ба сар мебарад ва ҳар сари чанд вақт алайҳи мансабдорони баландпояе, ки гӯё аз ӯ пора гирифтаанд, шаҳодат медиҳад.

Ба ҷуз аз Эмом Ғоибов ва Одил Очилов то кунун боз чандин мақоми тоҷики дар гузашта баландпоя ва бонуфуз бар асоси шаҳодатҳои додаи Низомхон Ҷӯраев кунҷи зиндон рафтаанд.

Маҳз бар асоси шаҳодатҳои Низомхон Ҷӯраев, дар моҳи апрели соли 2013 Нур Нуров, додраси собиқи Додгоҳи олӣ, нафаре, ки ҳукми 33 тан аз ёрони Низомхон Ҷӯраев дар “парвандаи исфарагиҳо”-ро дар соли 2009 содир карда буд, бо ҷурми “қаллобӣ” худ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ дар он парванда низ бо ҳамин ҷурми қаллобӣ барои 10 солу 6 моҳ зиндонӣ шуд. Бердиқул Расулов, вакили дифоъ дар ин парванда низ бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакорӣ 9 сол гирифт ва ҳатто Пирумшо Олимов, бародари Рустам Олимовро, ки дар ин «филми детективӣ» ҳамагӣ «нақш»-и ронандаро бозӣ мекард, бар асоси ду моддаи Қонуни ҷиноӣ - пораситонӣ ва шарикӣ дар ҷиноят - 7 сол ҳукми шартӣ доданд.

Зайд Саидов

Зайд Саидов

Нахустин иттиҳомоти Оҷонсии зиддифасод алайҳи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва аз соҳибкорони маъруфи кишвар, ки рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашташ аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд, низ бар пояи шаҳодатҳои Низомхон Ҷӯраев буд, ки мегуфт, Саидов ҳангоми вазириаш корхонаи “Тоҷикатлас”-и ӯро кашида гирифтааст. Ҷӯраев ҳамчунин иддао дошт, ки ба Зайд Саидов 100 000 доллар пора ҳам додааст. Саидов ҳарчанд мегуфт, ки ин ҳама иттиҳомот асосе надоранд ва ин ҳама таъқиб интиқоми мақомот барои азми ӯ ба сохтани ҳизби Тоҷикистони нав аст, дар моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Пушти ҳукми сафеди Ғоибов ва Олимов чӣ ё кӣ меистад?

Эмом Ғоибов ва Одил Очилов нахустин нафарон аз ин қофилаи "тӯъма"-ҳои қазияи Низомхон Ҷӯраеванд, ки додгоҳ сафедашон мекунад.

Вакили мудофеъ Бахтиёр Насруллоев дар Фейсбук навиштааст, ки дар ҷараёни мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ аз айбномае ки алайҳи ин ду корманди собиқи додситонӣ бояд эълон мекард, даст кашидааст, ки амре дар додгоҳҳои Тоҷикистон Ин вакили мудофеъ бо алам менависад, “барои сафед шуданамон ҳамаамон дӯсти наздики прокурори генералӣ шуданамон лозим аст, ки прокурор аз фикри айбдорӣ даст кашад.”

Вакили мудофеъи дигар Файзинисо Воҳидова, ки ба унвони вакили Низомхон Ҷӯраев аз обҳои зери яхи ин парванда хуб огоҳӣ дорад, низ дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, “ба ҳар сурат дар вазъи кунунии ҳокимияти судӣ ва номустақилияти додгоҳ ман шахсан аз ин санади судӣ хушнудам, зеро суд имрӯз ба сарсонхона табдил ёфта, судяҳо аз рӯи вазифа адолати судиро таъмин намекунанд ва модоме ки чунин иқдом рӯи даст омадааст, бояд мо аз он ҷонибдорӣ намоем, ки суди диктотурии ин давлат лоақал дар як сол як- ду нафари бегуноҳро сафед мекунад.”

Аммо хонум Воҳидова аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки чаро вақте далели порадиҳӣ собит нашуд, додситонҳои собиқро раҳо карданд, вале Зайд Саидовро бо вуҷуди набудани ягон исбот барои 26 сол ба зиндон фиристоданд? Аммо хулосаи ин ҳуқуқдон аз ин ҳама гаштҳои зиддунақиз ҷолиб аст, ки менависад: дар шароити додгоҳҳои Тоҷикистон барои даст ёфтан ба ҳукми сафед бояд “қудои прокурор, ҳамкурси прокурор, хеши прокурор ваё прокурор бошӣ.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG