Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ миёни хонандагони ду мактаби Душанбе


Бар асари муноқиша ва занозанӣ миёни хонандагони ду мактаби шаҳри Душанбе як нафар маҷрӯҳ шуда ва ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ҷовидон Одинаеви 18-сола, хонандаи синфи 10-и мактаби 32-и шаҳри Душанбе, ки бар асари муноқиша ва занозанӣ маҷрӯҳ шудааст, ҳоло дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ буда, тавони ҳарф заданро надорад. Ҳангоми боздиди мо аз бемоистон, пизишкон гуфтанд, соате пеш Ҷовидонро ҷарроҳӣ карданд ва ӯро дидан номумкин аст, вале бародари ӯ Ҷаҳонгир Одинаев шукр мегуфт, ки бародараш зиндааст.

Ба гуфтаи ӯ, бародараш, ки гӯштингир аст, шоми 17-уми феврал барои варзиш аз хона баромада буд, аммо пас аз ним соат хабар расид, ки ӯро корд задаанд. Ҷаҳонгир мегӯяд аз паҳлу ба шиками Ҷовидон корд задаанд: «Як корд зада шудааст. Аммо нуги корд чуқур рафтааст, ки он ба шуш расида ва ба ҷигар ҳам зарар кардааст.»

Ҷаҳонгир меафзояд, хонаводаи онҳо ҳанӯз сабаби сар задани моҷароро намедонад ва худи Ҷовидон ҳам ба ғайр аз сарҷунбонӣ то ҳол натавонистааст, чизе гӯяд ё ҳодисаро нақл кунад.

Тавре гуфта мешавад, муноқишаи Ҷовидону ҳамсинфонаш ва як гурӯҳ аз хонандагони мактаби 59-и шаҳри Душанбе дар хиёбони Маяковский шоми 17 феврал сабаби занозанӣ шудааст. Дар ин моҷаро 9 нафар даст дошта, дар ҳоли ҳозир 6 нафари онҳо боздошт шудаанд.

Ҳарчанд аз сар задани муноқиша миёни ин гурӯҳи ҷавонон ду рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо то ҳол сабаби сар задани ин задухӯрд дақиқан мушаххас нашудааст.

На раҳбарияти мактаби 32 ва на аз мактаби 59 то ҳол намедонанд сабаби аслии моҷаро чӣ будааст. Мақомоти интизомӣ низ бо сабаби халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд.

Идигул Зоирова, раҳбари мактаби 32-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо афзуд, хонандагони мактаби онҳо шоми 17-уми феврал, замоне аз интернеткафеи наздики мактабашон мебароянд бачаҳои мактаби 59 наздашон омада ҷанҷол мебардоранд. Тавре хонум Зоирова мегӯяд Ҷовидон то ҳол ягон бор дар ҷанги байни мактабҳо иштирок накарда буд. Вай маъмулан пас аз дарс ба хона меравад ва назорати волидонаш ҳам хеле қавист: «Аз рӯй сӯҳбате, ки ман бо хонандагон доштам онҳо гуфтанд дар интернеткафе нишаста буданд, ки бачаҳои мактаби 59 омада ба сари онҳо ғурғур кардаанд. Баъд вақте инҳо аз интернеткафе берун мешаванд онҳо омада занозаниро сар мекунанд. Маъмулан миёни мактаббачгон ақидае ҳаст, ки онҳо гӯё минтақаи худро доранд. Вақте хонандаи як мактаб ба минтақаи онҳо меравад ӯро зери латукӯб қарор медиҳанд. Ва ё баръакс. Аммо ҳоло дақиқан намедонам чӣ гап шудааст.»

Ҷонишини мудири мактаби 59 Мавзуна Назирқулова бошад, мегӯяд то ҳоли ҳозир мақомот ба онҳо иҷоза надодаанд, ки бо шогирдонашон сӯҳбат кунанд ва сабаби моҷароро дақиқ намоянд. Тавре хонум Назирқулова афзуд дар ин ҷанҷол 4 нафар аз шогирдони онҳо даст доштааст. Иқболшоҳи Ҳақназар, ки Ҷовидонро корд задааст, ба нақли муаллима Назирқулова дар оилаи на чандон солим тарбият ёфтааст. Зеро ҳам падар ва ҳам модари Иқболшоҳ маъюби гурӯҳи аввал буда, ба ғайр аз ин боз 9 фарзанди дигар доранд, ки ғолибан беназоратанд: «Мо бо падару модари Иқболшоҳ сӯҳбат кардем онҳо мегӯянд аз ин амал огоҳ нестанд ва чизеро намедонанд. Онҳо, ки маъюбанд барои тарбияти фарзанд шароити хуб надоранд.»

Ба нақли хонум Назирқулова ҳарчанд Иқболшоҳ ҳамеша хилофи оинномаи мактаб рафтор мекардааст, аммо боре чунин ҷанг карданашро надидаанд. Қаблан вай ин гуна корҳоро накарда буд.

Як хонандаи синфи 11-и мактаби 59, ки худро шартан Фаррух муаррифӣ кард афзуд, одатан онҳо бо чунин занозанӣ мехоҳанд «имиҷи» худро миёни ҳамсолонашон боло баранд ва нишон диҳанд, ки онҳо пешво ва ё ба қавле лидер ҳастанд.

Ҷомеашиносону соҳибназарон бошанд занозаниҳои гуруҳии мактаббачаҳоро барои ҷомеа хатарнок унвон карда, меафзоянд сабабгори аслии ин амал худи муаллимон ва мақомотҳои интизомиянд.

Аъзамшоҳ Ширговадӣ, ҷомеашиноси тоҷик бар ин аст, ки яке аз сабабҳои нишон додани чунин зӯровариҳо муносибати дағали мақомоти интизомист. Вай мегӯяд вақте кормандони милиса дар мактабҳо мехоҳанд бо роҳи зӯрӣ аз амалҳои номатлуб пешгирӣ намоянд, хонандагон низ аз чунин амалҳо истифода мебаранд: «Сабаби дигари ин гуна амалҳо нарасидани педагогҳои воқеиянд, ки онҳо наметавонанд бо муҳасиллин хуб сӯҳбат кунанд.»

Зимнан ин бори аввал нест, ки миёни муҳасилини мактабҳои шаҳри Душанбе занозани то ба кордзанӣ мерасад. Мувофиқи оморҳои расмӣ дар соли 2013, дар Тоҷикистон 360 ҷиноят, ки бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдидаҳо анҷом ёфтааст ба қайд гирифта шудааст.

Муноқишаи хонандагон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00
XS
SM
MD
LG