Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша миёни донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ


Задухӯрд миёни донишҷӯёни соли аввал ва соли дуввуми Донишгоҳи славянӣ дар маркази Душанбе рӯзи 13- уми октябр пас аз дарс сурат гирифтааст.

Дар ин занозанӣ ба гуфтаи бархе аз донишҷӯён аз ду тараф ҳудудан 20 нафар ширкат доштанд. Ва дар санаи 17-уми уми октябр ин донишҷӯён аз сӯйи кормадони мақомоти милисаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор ёфтаанд. Маҳмадулло Асадуллоев сухангӯи вазорати корҳои дохилаи кишвар дар суҳбат бо Озодӣ ин ҳодисаро чун як амали авбошӣ унвон карда гуфт, ахиран дар ин маврид парванда боз шудааст.

«Зафар Сулаймон Ангуршоевич, соли таваллудаш 1993, Абдуллоев Самад, соли тавалудаш 1994, Шарипов Манучеҳр соли таваллудаш 1991 Назрихуҷаев Амрихудо рӯзи 12 ум дар соати 13 аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда бо донишҷӯёни бахши якуми донишгоҳи мазкур, Ҳумайнии Зафар, Маҳмадуллоев Умед, Нозуков Далер, Нуров Шоҳин, Набиев Алишер, Амиршоев Шаҳриёр ва Сафаров Таҳмурас якдигарро латукуб намуда ба ҳам зарари ҷисмонӣ расонидаанд. Айни замон ин нафарон боздошт гардидаанд ва корҳои тафтишотӣ идома дорад. »

Ба гуфтаи омӯзгорон ва ҳам бархе аз донишҷӯёне, ки аз ин ҳодиса огоҳанд, ин муноқиша пас аз озмуни «Мо истеъдодҳоро меҷӯем», ки ҳамасола дар миёни донишҷӯёни курсҳои аввали донишгоҳ гузаронида мешавад, сар задааст. Ду донишҷӯ гӯё бар сари ҷойи нишаст бо ҳам баҳс кардаанд ва ин баҳси онҳо ба берун аз донишгоҳ кӯчидаву ҳудудан 20 нафари дигарро ба мадори худ кашидааст.

Сорбон, як донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи славянӣ мегӯяд, аз оғози сол ин бори дуввум аст, ки миёни донишҷӯён ҷанҷол сурат мегирад, аммо ба қавли ӯ ин аввалин чунин ҷанги калони гурӯҳӣ дар миёни донишҷӯён аст: «Асли воқеа ҳамин, як донишҷӯ ба тарафи дигари сухани қабеҳ мегӯяд ва ин ба ҷанг мепечад. Онҳо баъди чорабинӣ ба беруни донишгоҳ рафта муноқиша кардаанд.»

Ва аммо бо назардошти зодгоҳи ду тарафи даргир дар миёни гурӯҳе аз донишҷӯён сӯҳбатҳое ҳам ҳаст, ки гӯё ин қазия хусусияти маҳалгароӣ дорад. Вале омӯзгорони донишгоҳ ин иддаоро беасос медонанд ва мегӯянд, ин муноқиша мисли дигар ҷанҷолҳои байни ҷавонон, дар пайи баҳсҳои ночизи лафзӣ сар задааст.

Раҳмон Улмасов, ноиби ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия мегӯяд, дар 16 соли фаъолияти ин донишгоҳ дар Тоҷикистон, ин барои аввалин бор аст, ки миёни донишҷӯён чунин як муноқиша сурат гирифтааст. Дар пайи ин ҳодиса ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҷанҷолҳои байнидонишҷӯён, чанд рӯз аст мақомоти ин донишгоҳ бо донишҷӯён сӯҳбатҳо гузаронида истодаанд. Ҷаноби Улмасов мегӯяд, онҳо бештар бо донишҷӯёни соли аввали донишгоҳ, ки тоза аз курсии мактабӣ ба донишгоҳ омадаву бо ҳаёти донишҷӯи чандон ошно нестанд, кор мебаранд.

«Донишҷӯёни соли аввал ҳоло ба шароити донишгоҳ чандон мутобиқ нашудаанд. Солҳои охир маълум, ки дар байни мактаббачаҳо чӣ ҳодисаҳо рух дод. Барои ҳамин ҳам онҳо ҳоло омода нестанд, мо бо онҳо сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки инҷо шумо бо аризаи худ омадед ва имкон дорад, ки барои чунин амалҳо аз донишгоҳ хориҷ шавед. Ин ҳодиса сабти навораш дар мо ҳаст. Инҷо фақат баҳс шудааст ва давоми он дар берун шудааст, онҳо ҳатто ҷанг нашудаанд, фақат ҷамъ шуданд ва милисаҳо омада халос кардаанд. Ба ҳар ҳол мо интизорем, агар нафари гунаҳгор ошкор шавад ҳатман ӯ аз донишгоҳ хориҷ хоҳад.»

Бар асари муноқишаи донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ, ки сари вақт мақомоти милиса аз он гоҳ шудаву дар ҷои ҳодиса ҳозир шудааст, ягон донишҷӯ зарари ҷиддии ҷисмонӣ набардоштааст, аммо тайи солҳои ахир дар пайи чунин ҷанҷолу муштзаниҳо, ки ғолибан байни мактаббачаҳо ва бо истифода аз корд сар мезанад, чандин нафар ҷароҳат бардошта буд.

Ҷанги байни мактабҳо ва аслан афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон дар солҳои ахир мояи нигаронии ҷомеа ва масъулини Тоҷикистон гаштааст. Саидхоҷа Мирзохӯҷаев, муовини аввали сардори раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе ахиран дар сӯҳбат бо мо гуфт, мизони ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар соли равон афзудааст. Аз ҷониби ноболиғон 182 ва аз сӯйи ҷавонон 1052 ҷиноят содир шудааст.

Саидхоҷа Мирзохуҷаев
афзуд: «Барои ҳамин ҳоло нақша-чорабиниҳои Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбӣе ва ноҳияҳо барои гузаронидани рейдҳои муштарак дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон вазорати моариф пешбинӣ шудааст. Мо кӯшиш мекунем, ки корҳои профелактикии мо натиҷаи хуб диҳад.»

Омилӣ аслии ба олами ҷиноят фурӯ рафтани ҷавонону ноболиғонро ҳам аксарият дар бекорӣ, дур мондани ҷавонону наврасон аз таълиму тарбия ва набуди марказҳои дилхӯшӣ барои ин насл медонанд.
XS
SM
MD
LG