Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дуюмин хоҳари шафқати рус дар Ҳалаб


Дуюмин хоҳари шафқат аз Русия баъди захмӣ шудан дар Ҳалаб ба ҳалокат расид. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манобеи Вазорати дифоъ гузориш додааст.

Қаблан гуфта шуд, ки дар ҷараёни типраппонӣ ба бемористони сайёр дар Ҳалаб як табиби рус кушта, ду корманди тиб ва хабарнигори шабакаи телевизионии Russia Today маҷрӯҳ шуданд. Маскав дар ин ҳодиса шӯришгарон, ҳамчунин Ийолоти Муттаҳида, Британия, ва Фаронсаро айбдор кард, ки ба шӯришгарон кӯмак мекунанд.

Ҳалаб ба қисматҳо ҷудо шуда, бахше таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ ва бахше таҳти назари ҷангиёни мухолифини мусаллаҳ қарор дорад. Нерӯҳои ҳукумати Башор Асад бо кӯмаки ҳавопаймоҳои Русия ба манотиқи таҳти контроли шӯришгарон зарба мезананд.

Кишварҳои Ғарбӣ дар содир кардани ҷинояти ҷанг, ҳангоми бомбаборони Ҳалаб аз Русия гумонбар шудаанд. Кремл ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG