Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои марзбонӣ: Вазъ дар Дарвози Тоҷикистон ором аст


Раҷабалии Раҳмоналӣ, фармондеҳи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Раҷабалии Раҳмоналӣ, фармондеҳи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд даргириҳо дар минтақаи Дарвози Афғонистонро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки вазъ дар ноҳияи марзии Дарвози Тоҷикистон ором аст.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар он сӯи Дарвоз нооромиҳо вуҷуд дорад, аммо манотиқи марзии кишвар ором аст. ​Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар манотиқи марзии ноҳияи Дарвоз сарҳадбонони тоҷик ба назорати сарҳад идома медиҳанд. То кунун ҳеч нишонае, ки аз тарафи Афғонистон таҳдид сурат гирифта бошад, ба мушоҳида нарасидааст."

Аз чанд рӯз ба ин тараф дар вулусволии Кӯфоби Дарвози Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Дарвози Тоҷикистон, миёни нерӯҳои афғон ва Толибон даргирӣ идома дорад. Мақомоти амниятӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки дар вулусволии Кӯфоби Дарвоз чаҳор фармондеҳи Толибон кушта шудаанд.

Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи пулиси вилояти Бадахшон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар як даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар вулусволии Кӯфоби ин вилоят Мавлавӣ Абдурашид, Мавлавӣ Муҳаммадсафо, Мавлавӣ Мир Аҳмад ва Мавлавӣ Абдуллоҳ, ки афроди барҷастаи Толибон буданд, кушта шудаанд."

Манбаъ меафзояд, дар ин даргирӣ нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён осеб надидаанд. Ба гуфтаи Аҳмадзай, дар ҳоли ҳозир генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулиси Бадахшон барои раҳбарии амалиёт алайҳи Толибон аз Файзобод ба вулусволии Кӯфоби Бадахшон рафтааст.

Генерал Бобоҷон барои раҳбарии амалиёт зидди Толибон ба Кӯфоби Дарвоз рафтааст.

Генерал Бобоҷон барои раҳбарии амалиёт зидди Толибон ба Кӯфоби Дарвоз рафтааст.

Аз сӯи дигар, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки дар ин даргирӣ 8 тан аз нерӯҳои давлатӣ кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд. Вай таъкид кардааст, ки дар ин даргириҳо ду тан аз Толибон кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Бадахшон, даргирӣ дар вулусволии Кӯфоб замоне шурӯъ шуд, ки Толибон ба постгоҳҳои нерӯҳои давлатӣ ҳамла бурданд.

Дар ҳамин ҳол Фавзия Кӯфӣ, вакили парлумони Афғонистон аз вилояти Бадахшон тайи як эъломияи матбуотӣ гуфтааст, "ҳастанд гумоштаҳое, ки ба дастури хориҷиҳо ва барои ҳифзи манфиатҳои кӯчак ва зудгузари худ тарҳи ҳамагонисозии ноамниро дар Бадахшон муштақона мудирият мекунанд."​

Вулусволии Кӯфоб яке аз ноҳияҳои чаҳоргонаи Дарвози Афғонистон аст ва бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад. Дар гузашта минтақаҳои дигари Бадахшон чун Вардуҷ, Ҷирм, Аргу, Карон ва Минҷон, Роғ, Кишм, Юмгон ва дигар минтақаҳо маҳаллӣ даргириҳои мухолифони ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои давлатӣ буданд ва минтақаи Дарвози Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, аз амнтарин бахшҳои ин вилоят ба шумор мерафт. Ҳоло барои аввалин бор аст, ки Толибон дар Дарвоз аз ҳузури худ хабар медиҳанд ва бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешаванд.

Вилояти Бадахшон, ки дар чанд соли гузашта аз амнтарин минтақаҳои Афғонистон ба шумор мерафт, ҳоло ба майдони фаъолияти густурдаи Толибон табдил шуда ва ноамниҳо аз минтақа ба минтақаи дигар доманаи худро васеъ мекунад ва Толибон дар инҷо дар ҳоли густариши нуфузи худ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG