Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони Қазоқистон ба ҳимояи раисашон бархостанд


Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ба раиси ниҳоди мазкур Садиқозӣ Матаев раъйи эътимод эълон кард. Дар ин бора дар ҷаласаи Иттифоқи рӯзноманигорон тасмим гирифта шудааст. Қатъномае, ки дар ҷаласа қабул шуд, айбномаи тафтишот ва додгоҳро нисбат ба раиси Иттифоқи рӯзноманигорон рад мекунад.

Рӯзи 3 октябр додгоҳи Остона раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев ва писараш Асет Матаевро мутаносибан ба шаш ва панҷ соли зиндон маҳкум кард. Падару писар дар ҷиноятҳои коррупсионӣ айбдор мешаванд. Аммо Саидқозӣ ва писараш ин айбҳоро рад мекунанд.

Созмони байналмилалии "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки айбномаи Матаевҳоро бекор кунанд.

XS
SM
MD
LG