Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии марзбонони тоҷик бо қочоқчиёни афғон дар Ҳамадонӣ


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Марзбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии як гурӯҳ қочоқчиён аз Афғонистон ба ин кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Сарраёсати нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, шаби 2-юм ба 3-юми ноябр дар яке аз дидбонгоҳҳои марзии ноҳияи “Ҳамадонӣ” миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задхӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, ки ин гурӯҳи қочоқчиёни афғон зимни убури сарҳади Тоҷикистон ба муқовимати марзбонон дучор шуда, ба самти Афғонистон фирор намуданд. Дар маҳали ҳодиса тахминан 20 кг чарс ва 1,5 кг ҳероин дарёфт шудааст.

Бино ба иттилои Сарраёсати марзбонии КДАМ, дар моҳи августи соли равон низ марзбонони тоҷик дар як даргирӣ бо қочоқчиёни афғон чанд қочоқчиро кушта, маводи мухаддир ва силоҳи оташфишонро мусодира карда буданд.

Ба иттилои Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии КДАМ, дар нимсолаи аввали соли равон марзбонони тоҷик 6 маротиба аз кӯшиши убури хати сарҳад пешгирӣ карда, 9 қочоқчиро боздошт, 11 вайронкунандаи хати сарҳад нобуд ва 1 нафарро маҷруҳ кардаанд. Дар ин давра марзбонони тоҷик 13 яроқи оташфишон ва 520 дона лавозимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон садҳо километр марзи муштарак дорад ва мушкилгузар ва кӯҳистонӣ будани қисмати бузурге аз он, назорат бар ин марзро боз ҳам мушкилтар кардааст. Афғонистон яке аз манбаъҳои тавлиди маводи мухаддир дар ҷаҳон ба шумор меравад ва гуфта мешавад, ки тариқи марзҳои шимолии он кишвар, маводи мухаддир ба кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамин тавр Русия, қочоқ мешавад.

Аз сӯи дигар, мақомоти кишварҳои Осиёи Миёни борҳо аз он нигаронӣ кардаанд, ки тиҷорати маводи мухаддир дар Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳҳои тундрав қарор дорад ва ин маблағҳо ба рушди ифротгароӣ дар минтақа истифода мешавад. Аз чанд моҳ ба ин тараф шимоли Афғонистон дар бесуботӣ ба сар мебарад ва ин нооромиҳо то марзи Тоҷикистон низ расидааст. Ҳамакнун чанд минтақа дар марзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Тахор ва Кундузи Афғонистон дар тасарруфи ҷангиёни гурӯҳи Толибон қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, доираи амалиёти “Ҳифз- 2015” дар атрофи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи он бо ҷалби 40 ҳазор аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ, афсарону сарбозони захиравӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон машқҳои омодагии тактикии зидди террористӣ ва омодагии мудофиавии ҳудудӣ давом дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин тамриноти низомӣ афсарону сарбозони захираҳои эҳтиётӣ ва шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда ширкат доранд. Дар ин тадбир ба иштирокчиён дарсҳои ҳарбӣ гузаронида шуда, қадамзании низомӣ, тирпаронӣ аз силоҳи сабуки ҷангӣ ва техникаи зиреҳпӯш анҷом мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, дар машқҳои тактикии зидди теророристӣ 10 техникаи ҳарбии ҳавоӣ ва беш аз 100 адад техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ истифода мешавад. Тамриноти низомии “Ҳифз-2015” дар панҷ машқгоҳи ниҳодҳои қудратӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҷараён дорад ва то 5-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Гуфта мешавад ин амалиёт дар пайи нақшаи ҳукумати кишвар барои сайқал додани малакаи низомӣ ва омодагӣ барои дифоъ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ гузаронида мешавад.

Зимнан, дар пайи тасарруфи манотиқи шимолии Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи Толибон дар ду моҳи ахир нигарониҳо дар Тоҷикистон ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон ба миён омадааст. Аз ҷумла, дар ҳафтаи гузашта дар ҷараёни даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва неруҳои давлати Афғонистон дар вилояти Тахор, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст, садои тирпарронӣ ва инфиҷорҳо дар манотиқи марзии Тоҷикистон шунида шуд.

XS
SM
MD
LG