Пайвандҳои дастрасӣ

Занозании донишҷӯёни тоҷику қазоқ дар Академияи ВКД


Донишҷӯёни Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар шаҳри Қустанай

Донишҷӯёни Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар шаҳри Қустанай

Дар Академияи пулиси Қазоқистон дар шаҳри Қустанай байни донишҷӯёни маҳаллӣ ва курсантҳои тоҷик занозанӣ шудааст.

9 донишҷӯи тоҷики Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар шаҳри Қустанай бо донишҷӯёни маҳаллӣ занозанӣ кардаанд. Ин занозанӣ шаби 2 ба 3 март ҳангоми ба ошхона даромадани донишҷӯён рух додааст.

Расонаҳои Қазоқистон мегӯянд, муноқиша байни донишҷӯён бар сари рӯбучини ҳудуди ин муассисаи таълимӣ рух додааст ва донишҷӯёни тоҷик баъди ин муноқиша аз болои девори Академия фирор карда, шаби гузаштаро дар як манзили иҷора рӯз кардаанд.

Эргашбой Холматов, раҳбари “Шарқ” – маркази фарҳангиву миллии тоҷикони вилояти Қуустанай – рӯзи 3 март ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин муноқиша заминаҳои сирф маишӣ дошта, ягон ангезаи миллӣ дар он нест: “Ман аз шаб баробари шунидани ин хабар ба Академияи вазорати корҳои дохилӣ рафтам. Занозанӣ шудааст, аз ҳарду тараф шатта хӯрдаанд – ҳам онҳо ва ҳам бачаҳои мо. Бачаҳои тоҷик баъди занозанӣ аз хобгоҳ гурехтанд. Мо ҳамаи онҳоро ҷамъ карда, пеши табибон бурдем. Хушбахтона, касе ҷароҳати ҷиддӣ набардоштааст ва субҳи имрӯз ҳамаи бачаҳоро ба Академия бурдем.”

Эргашбой Холматов гуфт, мақомоти Академияи пулиси Қустанай ваъда додаанд, ки нафарони гунаҳкор дар ин муноқишаро ҷазо хоҳанд дод, вале ба гуфтаи ӯ, масъалаи муҷозот ваё аз ин муассисаи таълимӣ ихроҷ кардани донишҷӯёни тоҷик матраҳ нест: “Мақомоти Академия гуфтанд, ки омӯзгоронеро, ки бояд ба рафтори донишҷӯён назорат мекарданд, вале ба ин занозанӣ роҳ додаанд, ҷазо медиҳанд, то ки ин корҳо дигар такрор нашавад. Бачаҳоро бо ҳам оштӣ додем ва имрӯз ман боз ба Академия меравам, ки аз ҳолашон хабар бигирам. Фикр мекунам, ҳамааш ҳал шуд, ягон ҷои нигаронӣ боқӣ намондааст.”

Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар шаҳри Қустанай

Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар шаҳри Қустанай

Дар Академияи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар шаҳри Қустанай бар асоси созишномаҳои байнидавлатии Қазоқистону Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 25 курсант аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Онҳо дар оянда ба сафи мақомоти милисаи Тоҷикистон хоҳанд пайваст. 9 донишҷӯе, ки шаби гузашта занозанӣ кардаанд, донишҷӯёни соли дуюм будаанд.

Эргашбой Холматов гуфт, як қисми дигари донишҷӯёни тоҷик дар соли сеюму чорум таҳсил мекунанд, вале онҳо дар ин шабу рӯз дар давраи таҷрибаомӯзӣ аз ҷумла дар воҳидҳои милиса Тоҷикистон қарор доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ин нахустин чунин мавриди бадрафторӣ нисбат ба донишҷӯёни тоҷик дар ин мактаби пулис буд, ки ба бовари оқои Холматов, “сабаби асосиаш ҷавонии онҳост, ки хундарҷӯшанд ва гоҳо барои як чизи андак аз гиребони якдигар мегиранд.”

Ӯ изҳори итминон кард, ки муноқиша дар Академияи пулиси Қустанай пурра ҳал шудааст ва ба донишҷӯёни тоҷик дар ин муассиса таҳдиде дигар вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG