Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои иҷтимоӣ аз ҳукумат хостанд тарҳи вазорати адлияро напазирад


Иддае аз созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва байналмилалӣ аз тарҳи вазорати адлияи Тоҷикистон, ки бар асоси он дастрасии созмонҳои иҷтимоии кишвар ба грантҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷиро маҳдуд мекунад, нигаронӣ карданд.

Даҳҳо созмону ташкилоти дохилӣ ва хориҷӣ дар вокуниш ба иқдоми вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиатномаеро унвонии ҳукумат омода карда, мехоҳанд то аз талоши вазорати адлия ҷиҳати маҳдуд кардани дарёфти кӯмакҳо ё грантҳои хориҷӣ барои пешбурди фаъолияташон ҷилавгирӣ шавад.

Ҳудуди 92 созмон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ рӯзи 25 ноябр тайи як баёния аз тарҳи Қонун “Дар бораи иттиҳодияиҳои ҷамъиятӣ” нигаронӣ намуда ва онро мухолиф бо меъёрҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ин тарҳро лағв намуда ва ҳуқуқи созмонҳои ғайридавлатӣ дар мавриди дарёфти кӯмакҳо барои фаъолияти худ, аз ҷумла аз манобеи хориҷиро эҳтиром намояд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он, дастрасии созмонҳои иҷтимоии кишвар ба грантҳо ё кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ маҳдуд карда мешавад.

Тибқи ин лоиҳаи Вазорати адлия, дарёфти грантҳо аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ барои созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи ҳукумати кишвар дода хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ин лоиҳа дар дасти ниҳодҳои марбути кишвар қарор дорад ва қарор аст дар ояндаи наздик ба парлумон фиристода шавад.

Ин лоиҳа монанд ба тарҳҳое дар дигар кишварҳои Шӯравии пешин аст, ки ҳукуматҳо талош мекунанд, монеи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатие шаванд, ки аз хориҷ грант ё кӯмак дарёфт мекунанд. Далели чунин маҳдудиятҳо ин аст, ки гӯё созмону ташкилотҳои кӯмакгир, манфиатҳои сиёсии ҷонибҳои кӯмакрасонро ҳимоят мекунанд.

Дар ин баёния аз он нигаронӣ шудааст, ки бо қабули ин тарҳ, бар мушкили созмонҳои ғайридавлатӣ, ки бе ин ҳам ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд, афзуда хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки онҳо ҳамвора дар бораи сарчашмаи маблағҳои худ ба Вазорати адлия ва мақомоти андоз маълумот ироа менамоянд. Ҳамзамон дар ин баёния аз мудохилаи мустақими ҳукумат дар фаъолияти Созмонҳои ғайри давлатӣ нигаронӣ шудааст, ки ба амалӣ шудани тарҳҳои ин созмонҳо латма мезанад.

Ба гуфтаи муаллифони ин баёния, ахиран тафтишу фишори созмонҳои ғайридавлатӣ аз сӯи мақомот афзоиш ёфта ва гоҳҳо ба баста шудани бархе аз ин созмонҳо мунҷар мешавад Созмонҳоҳои ғайридаватӣ мегӯянд, ки агар ин тарҳ қабул шавад, майдони фаъолияти ташкилоту созмониҳои иҷтимоиро боз тангтар хоҳад кард.

Ба гуфтаи онҳо, тарҳи нави Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ба тааҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон мухолифат дорад ва дар таноқуз аст. Аз ин рӯ онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудаанд, ки ба тааҳҳудоти байналмилалии худ амал намуда ва аз қабули чунин қонун худдорӣ намоянд. Онҳо ҳамчунон пешниҳод намудаанд, ки дар ин росто бояд бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ машварат сурат бигирад аз мушовирони байналмилалӣ маслиҳат пурсида шавад.

Дар ҳоли ҳозир бештар аз 2 ҳазору 800 созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG