Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Душанбе дархости раҳоии Ҷамолиддин Маҳмудовро рад кард


Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси думоҳаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дуруст шумурд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рад кард. Бино бар ин қарор ҷаноби Маҳмудов дар давраи думоҳаи тафтиши парвандааш дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии онҳоро рад кард ва қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомони дар мавриди ҳабси думоҳаи зерҳимояашонро бетағйир гузошт. Вакилони Ҷамолиддини Маҳмуд рӯзи 16 феврал барои иваз кардани қарори боздошт ва аз ҳабси думоҳа раҳо кардани зерҳимояашон ариза дода буданд.

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Вакилони мудофеъ мегуянд дирӯз дар пурсиши муфаттишони парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов ҳарду ҳам Бузургмеҳр Ёров ва Барот Беков ширкат доштанд ва зерҳимояашон дар баёноти худ зикр кардааст, ки “бинобар ноором будани вазъият дар Душанбе дар солҳои фаъолияти Кумисияи муштараки оташбас раҳбари вақти Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва раиси Кумиссияи оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои аминияташ ба вай туфангча додааст."

Ҷаноби Маҳмудов гуфтааст, ки он солҳо вай маҷбур буд ба ноҳияҳои шарқии кишвар сафар кунад ва ин туфангчаро барои амнияташ ба ӯ дода буданд.

Тавре Бузургмеҳр Ёров мегуяд якуним сол қабл Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор маҳалли зисти Ҷалолиддин Маҳмудовро кофтуков карда, ба иттилои ҳамсояаш туфангчаро аз зери хок гирифта буд ва Ҷалолиддин бо огоҳ шудан аз ин ҳолат дигар дилпур шудааст, ки силоҳро мақомоти интизомӣ гирифтаанд. Вай афзудааст, дар акси ҳол метавонист худаш ин аслиҳаро ба мақомоти қудратӣ супорад.

Ҷаноби Маҳмудов гуфтааст, ҳаргиз вай аз ин силоҳ истифода накардааст ва онро барои мақсади нопок нигаҳдорӣ ҳам накардааст.

Вакилони Маҳмудов мегӯянд, ки ҳоло пурсиш идома дорад ва пас аз анҷоми он айби Ҷалолидиин Маҳмудов расман эълон мешавад. Иттиҳоме, ки то ҳоло дар миён аст, хосияти пешакӣ ва муваққатӣ дорад.

Ҷалолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонуни силоҳ боздошт шуд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ҷаноби Маҳмудов бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҲНИТ узви Кумиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъин шудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 11 феврал бо баргузории нишасти Шӯрои сиёсияш боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд)-ро дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март аз қабл "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва аз мақомот хост, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар Ҷ. Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд." Ин ҳизби сиёсӣ изҳори умед кардааст, бо дарназардошти он ки Маҳмудов узви Кумисюни марказии интихобот асту "дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ" низ саҳм дорад, қазияи ӯро шахсан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зери назар мегирад.

Дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, қазияи силоҳи ёфтшуда ҳанӯз соли 2013 барои мақомот маълум буда, нав рӯи об баромадааст. ​"Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад," - омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон зӯҳри 11 феврал гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд), яке аз раҳбарони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишварро нашр кард. Чунин дугунаӣ дар номи ин сиёсатмадори мухолиф аз ин аст, ки ӯ дар маҳфилҳои сиёсӣ бо номи Ҷалолиддини Маҳмуд маъруф аст, вале дар санадҳояш номи ӯ Ҷамолиддин Маҳмудов будааст.

Дар ин гузориши муфассали 6-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта мешавад, ки “тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷамолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.”

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар шарҳи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Раёсати олии ҳизбаш гуфт, “воқеан, як туфангча мутааллиқ ба ӯст, вале аз силоҳҳои боқимонда чизе намедонам.”

Ҷаноби Кабирӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ пеш аз шурӯи ҷаласаи парлумонӣ ба хабарнигорон гуфт, ин туфангча ҳангоме ки Ҷалолиддини Маҳмуд муовини ҳамраиси Кумиссиюни оташбас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон буд, ба ӯ дода шудааст.

“Соли 1996 Ҷалолиддини Маҳмуд таппончаро ба ҳамдеҳаи худ Латиф Сардоров медиҳад, то нобуд кунад. Вале Сардоров ба ҷои нобуд кардан онро дар ҳавлии худ нигоҳ медорад. Бо гузашти 17 сол, дар охирҳои соли 2013 келини соҳибхона бо ҳамсари худ даъво мекунад ва барои қасосгирӣ дар бораи пинҳон кардани таппонча ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Чун маъмурони пулис меоянд, Сардоров пинҳон кардани таппончаро иқрор мекунад. Аммо кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, ки ба ҷои ҳодиса меоянд, ба маъмурони пулис мегӯянд, таппончаро дар ҷойи пинҳон карда боқӣ гузоранд,” - шарҳ дод Муҳиддин Кабирӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG