Пайвандҳои дастрасӣ

Дар миёни чор дарё. 42 ҳазор сокини бе шиносномаи Тоҷикистон


Фирӯза (рост) ва Манзура Холмуродоваҳо

Фирӯза (рост) ва Манзура Холмуродоваҳо

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ҳоло наздик ба 42 ҳазор сокини Тоҷикистон шиноснома надоранд ё бо шиносномаҳое ба сар мебаранд, ки мӯҳлати эътиборашон гузаштааст.

Наздик ба 42 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ҳуҷҷат надоранд ё бо шиносномаҳое зиндагӣ мекунанд, ки эътибори худро гум кардаанд. Пештар шумораи чунин афрод 10 000 нафар баровард мешуд.

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ҳамроҳ бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва созмонҳои иҷтимоӣ дар пажӯҳише чаҳор баробар бештар будани афроди бе ҳуҷҷатро муайян кард. Акнун гурӯҳи вижае иборат аз намояндагони мақомоти марбута таъсис шудааст, ки ба чунин афрод кӯмак хоҳад кард.

Ин пажӯҳиш ҳамчунин сарнавиштҳои гуногунеро рӯшан кард, ки аз фурӯпошии Шӯравӣ ба ин сӯ иттифоқ афтодаанд. Барои намуна, Фирӯза Холмуродоваи 33-сола дар вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба дунё омада, соли 1999, замоне ки ҳанӯз байни Тошканду Душанбе низоми раводид (виза) вуҷуд надошт, дар Тоҷикистон хонадор шуд. Мӯҳлати шиносномаи вай соли 2006-ум ба поён расид ва аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро шаҳрванди кишвари ҳамсоя дониста, барояш шиносномаи нав намедиҳанд.

Фирӯза, ки дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад, гуфт, "вақте ба ниҳодҳое, ки шиноснома медиҳанд, муроҷиат кардем, гуфтанд, шаҳрванди Узбакистон ҳастам ва шиносномаи тоҷикӣ дода наметавонанд. Дар Узабкистон ҳам шиносномаҳо иваз шуданд. Ҳоло ман на шаҳрванди Тоҷикистонам, на аз Узбакистон. 16 сол боз ба аёдати волидонам, ки дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд, рафта наметавонам."

Ба гуфтаи Фирӯза, вай соҳиби чор фарзанд аст ва намедонад мушкили бешаҳрвандияшро чи гуна ҳал кунад. Зеро ӯ мегӯяд, барои таҳияи санадҳо ҳамчун "пора" маблағи зиёд талаб мекунанд, ки вай чунин пулро надорад.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 1996 ба ин сӯ шаҳрвандон дар Тоҷикистон бояд шиносномаҳояшонро табдил мекарданд ва дар сурати анҷом надодани ин амал ба андозаи як маоши ҳадди ақал ҷарима мешаванд.

Аммо Гулбаҳор Холматоваи 55-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки шиносномаи Шӯравияшро то ҳанӯз ҳифз кардааст, мегӯяд, барои иваз кардани шиноснома имкони молӣ надорад. Ӯ гуфт, "соҳиби 9 фарзанд

ҳастам, ки яке аз онҳо маълул аст. Онҳоро дар танҳоӣ тарбият мекунам. Ҳарчанд медонам, доштани шиносномаи нав ҳатмӣ аст, вале барои табдили он пул надорам."

Надоштани сабти шаҳрвандӣ Гулбаҳору Фирӯза ва дигар ҳамтоёни онҳоро аз оддитарин ҳақ, яъне гирифтани табобату нафақа маҳрум кард ва онҳо ҳатто имкони берун рафтан аз музофоти худро надоранд. Зимнан, ба гуфтаи Cанавбар Имомназарова, намояндаи созмони “Чашма”-и ноҳияи Шаҳритус, танҳо созмони онҳо аз миёни аҳолии ин минтақа 1 ҳазору 350 нафарро сабт кардааст, ки бидуни шиноснома ва ё бо бо шиносномаҳои Шӯравӣ ба сар мебаранд.

Вай афзуд, "теъдоди зиёди ин афрод мехоҳанд ба зудтарин фурсат соҳиби шиноснома шаванд ва мо ба онҳо мефаҳмонем, ки бояд 10 доллар барои шиноснома ва ҳамчунин 40 сомонии дигар чун ҷарима пардохт кунанд. Ҳоло 11 нафар соҳиби шиноснома шудаанд."

Кевин Аллен

Кевин Аллен

Кевин Аллен, раҳбари комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон, мегӯяд, мушкили афроди бидуни сабти шаҳрвандӣ ҳоло дар сатҳи ҳукумат матраҳ аст ва эҳтимол дар муддати 5 сол то андозае метавон ба ҳалли он комёб шуд.

Ҷаноби Аллен гуфт, "албатта, вақте мо дар марвиди шаҳрвандӣ ҳарф мезанем, ин маълум аст, ки танҳо ҳукумат метавонад дар ин самт тасмим бигирад. Аммо мо дар ҳамдастӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва иҷтимоӣ кумаки худро дар ин замина ба ҳукумат мерасонем. Омилҳои зиёде вуҷуд дорад, ки дарвоқеъ ҳалли ин масъаларо тақозо мекунад. Оддитаринаш он аст, ки аз ҷиҳати амнияти миллӣ бояд мақомоти аманиятӣ маълумот дошта бошанд, ки дар қаламрави кишвар киҳо ба сар мебаранд ва бояд онҳо сабт карда шаванд. Зеро ҳеч кишваре намехоҳад, ки дар ҳудудаш сокинонеро дошта бошад, ки бидуни қайд ба сар мебаранд."

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, барои расидагӣ ба ин масъала аз ҳама имконият истифода мебаранд. Ба таъкиди ниҳоди мазкур, ин қишри ҷомеа аллакай ҷиддӣ будани паёмади

Ҷомӣ Мирзоев

Ҷомӣ Мирзоев

бешаҳрвандии худро дарк кардаанд. Ҷомӣ Мирзоев, як масъули бахши кор бо гурезаҳо ва сабту шиносномадиҳии вазорати умури дохилӣ гуфт, "роҳбарият омодаанд, барои бартарф намудани чунин мушкил саҳмгузорӣ ва ҳамкорӣ намоянд."

Бо ин ҳама, намояндагони Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон бо ишора ба омори ахири Бунёди атфоли СММ, ки мегӯяд, 12 дарсади атфоли тоҷик шаҳодатномаи таваллуд надоранд, аз хатари бешаҳрвандӣ мондани онҳо нигаронӣ мекунад. Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 312 шахси бешаҳрвандӣ ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG