Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Маъмуров: "Ҳифзи марз бо Афғонистон мушкил аст"


Як афсари собиқадори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки миёни сарҳадоти кишварҳои ИДМ, назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҳама мушкилтар мебошад.

Ҳомидбой Маъмуров, афсари мустаъфии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро намешавад бо техника назорат кард.

Ба гуфтаи оқои Маъмуров, бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ин қисмати марз, танҳо сарҳадбонон метавонанд назорати онро пурра таъмин намоянд. Ҳомидбой Маъмуров, ки ҳоло ба сарбозону афсарон дарс мегӯяд, афзуд, нерӯҳои марзбонии кишвар аз ҳама ҷиҳат барои ҳифзи марз омода мебошанд.

Ҳ.Маъмуров дар бораи назорати марз бо Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Рӯзи 28-уми май 22-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар як ҳамоиши фароғатӣ-фарҳангӣ, ки дар "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе бо ширкати роҳбарияти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баргузор шуд, афсарону аскарон нерӯи худро дар муқобили душмани эҳтимолӣ ба намоиш гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳамоише ба муносибати 22-юмин солгарди нерӯҳои сарҳадӣ гуфтааст, ки “нерӯҳои марзбонии Тоҷикистоназ пояҳои аслии давлати миллии мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад.”

Тоҷикистон бо чаҳор кишвар - Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон беш аз 4 ҳазор километр марзи муштарак дорад. Марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон, ки 1400 километрро ташкил медиҳад, вобаста ба вазъи кишвари ҳамсоя муташанниҷ мегардад.

Дар ин авохир, ки Толибон ва дигар гуруҳҳои тундрав дар минтақаҳои шимоли Афғонистон фаъолтар мешавад, амнияти марзи Тоҷикистон дубора сари забонҳо шудааст. Ин қисмати марзи Тоҷикистон як масири қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Русия ҳам дониста мешавад.

Таҷлил аз 22-юмин солгарди таъсиси нерӯҳои марзбонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфтааст, вале танҳо аз соли 2005 ба ин сӯ масъулияти ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бар зиммаи он вогузор шуд. То ин муддат марз бо Афғонистонро сарҳадбонони Русия зери назорат доштанд. Марзбонони Русия, ки солҳои тӯлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон онҷоро тарк карданд.

Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд. Ба ин тартиб, марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия, барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзори лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд. Аммо дар ин авохир бо ноором шудани вазъ дар шимоли Афғонистон ва суқути чандин минтақа дар марзи кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон ба дасти Толибон, сару садоҳо дар мавриди бозгашти дигарбораи нерӯҳои русӣ ба Тоҷикистон шунида мешавад.

XS
SM
MD
LG