Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба Додгоҳи ИДМ шикоят набурдааст


Ҷаласаи додрасони Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар Минск.

Ҷаласаи додрасони Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар Минск.

Қаблан гуфта мешуд, ки Тоҷикистон масъалаи зарарҳои иқтисодии худро аз роҳбандии Узбакистон ба ин додгоҳ хоҳад кашонид.

Аммо тавре дар ҷаласаи ахири Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар пойтахти Беларус, шаҳри Минск, раиси ниҳоди мазкур Людмила Каменкова гуфт, дар панҷ соли охир танҳо ду ариза ба ин додгоҳ ворид шуд, ки якеро ҳукумати Қазоқистон нисбати ҳукумати Русия барои муайян кардани ҳаққи моликият дар миён гузошт ва дигариро ҳукумати Беларус нисбати Русия роҷеъ ба ҳаҷми пардохтҳои гумрукии фуровардаҳои нафтӣ эълом дошт.

Кишварҳои дигари узви додгоҳ ягон бор барои ҳалли мушкили худ ба он муроҷиат накардаанд. Моҳи ноябри соли 2010 вақте раиси порлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, асноде дар даст дорад, ки Узбакистони ҳамсоя бо бастани роҳи оҳан, манъи ҳаракати қаторҳо ва ғорат шудани вагонҳои Тоҷикистон миллиардҳо доллар ба ин кишвар зарар расонидааст, эълом дошта буд, ки Душанбе нисбати ин аъмоли Узбакистон аризаеро ба додгоҳи байнулмилалии иқтисодӣ омоад мекунад. Аммо, зоҳиран, ҳукумати Тоҷикистон чунин аризареро ба Додгоҳи иқтисодии ИДМ пешниҳод накардааст.


Дар ин ҷаласа хонуми Каменкова гуфт, Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ хостори густариши аъзо ва тағйири мақоми он шудааст. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир шаш кишвари ИДМ узви ин додгоҳанд. Инҳо Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонанд. Аммо аз он ҷо, ки баҳсҳои иқтисодӣ миёни коршарикони гуногун иттифоқ меафтанд, васеъ шудани доираи ширкаткунандагони созишнома боаҳамият хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки худи ИДМ ба як сохтори бетаъсир ва “маҳфили президентҳо” табдил ёфтааст.

Хонуми Каменкова ба он низ ишора кард, ки аз ин ба баъд шеваи ҳалли баҳсҳо миёни кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва Созишномаи Додгоҳи иқтисодии ИДМ фарқ хоҳад кард.

Изҳороти раиси Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар ҳоле садо медиҳанд, ки Тоҷикистон аз 2-юми марти соли равон Тоҷикистон ба таври расмӣ узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шудааст. Аммо раиси додгоҳ шарҳ надод, ки шеваи ҳалли аризаҳои як узви ин созмон чӣ тафовутҳо хоҳад дошт.

Дар ҷаласаи навбатии Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳамчунин густариши муроҷиатҳо ба ин додгоҳ баррасӣ шуд. Ҳоло ба додгоҳи мазкур танҳо ниҳоду муассисаҳои ИДМ, раҳбарияти олии ҳокимияти кишварҳои узв муроҷиат карда метавонанд. Аз ин ба баъд додгоҳ мехоҳад, ба дигар ширкаткунандагони додугирифти иқтисодӣ низ ҳаққи арз дода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG