Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодири Қосим: "Корхонаҳои зиёде ба давлат баргардонида шуданд"


Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ гуфт, ки ширкатҳои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва бозори «Саховат»-и марбут ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзат ва вакили Маҷлиси намояндагон, бо сабаби қонуншиканиҳо ҳангоми хусусигардонӣ "дубора ба ҳолати пешин баргардонида шудаанд".

Мансабдори аршад рӯзи 29 июл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ба ҷуз ширкатҳои Зайд Саидов ва Муҳиддин Кабирӣ ширкату корхонаҳои зиёде ҳастанд, ки бо сабаби ҷой доштани камбудиҳо ҳангоми хусусигардонӣ бо қарори додгоҳҳо дубора дар ихтиёри давлат қарор дода шуданд. Қодири Қосим афзуд, аксари ин корхонаҳо дар солҳои 90-ум хусусӣ карда шуда буданд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон тайи соли равон чанд корхонаи марбут ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва бозори "Саховат"-и шаҳри Турсунзодаро, ки ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дошт, давлатӣ эълон карданд.

XS
SM
MD
LG