Пайвандҳои дастрасӣ

"Арӯси замонавӣ" ва чор филми Худоназаров дар ҷашнвораи “Дидор”


Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик

Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик

Ҷашнвораи имсола ва ҳафтуми "Дидор" дар Тоҷикистон бо филми "Братан" (Бародар)-и коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худоназаров оғоз шуд. Сафар Ҳақдодов – раҳбари Анҷумани синомагарони Тоҷикистон – рӯзи 16 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни ин фестивал, ки чор рӯзи оянда идома мекунад, се филми дигари Худоназаров – "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ" ва "Дар интизори баҳр" – ро низ намоиш хоҳанд дод.

Имсол ҷашнвораи "Фаҷр"-и Эрон аз ҳамкорону сарпарастони фестивали "Дидор" дар Тоҷикистон шудааст ва харҷи сафари меҳмонҳои эрониро бар ӯҳда дорад.

"Ҷашнвораи имсолаи "Дидор" ба хотири ин коргардони маъруфи тоҷик бахшида шудааст ва барои ҳамин тасмим гирифтем, ки чаҳор филмашро ба мардум нишон диҳем. Ин ёдоварӣ аз мост", - афзуд ӯ.

Бахтиёр Худоназаров моҳи апрели соли гузашта дар яке аз бемористонҳои шаҳри Берлин аз дунё гузашт. Ин коргардони маъруфи синамо соли 1965 дар Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав, соли 1989 бо филми "Братан" шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯ "Қош ба қош", ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи “Шери нуқра” гирифт.

“Дар интизори баҳр”, асари шашуми Бахтиёр Худоназаров, ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Маъруфтарин филми Худоназаров “Падари моҳтобӣ” аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байналмилалӣ гирифтааст.

Сафар Ҳақдодов

Сафар Ҳақдодов

Сафар Ҳақдодов мегӯяд, ба ҷашнвораи ҳафтуми "Дидор" 40 меҳмон аз Русияву Эрон, Афғонистон, Арманистону Озарбойҷон ва Қирғизистону Қазоқистон даъват шудаанд. Вай афзуд, имсол ҷашнвораи "Фаҷр"-и Эрон аз ҳамкорону сарпарастони фестивали "Дидор" дар Тоҷикистон шудааст ва харҷи сафари меҳмонҳои эрониро бар ӯҳда дорад.

"Мо аз Эрон имсол 16 меҳмон, аз ҷумлаи коргардонҳои шинохта ва ҳунарпешаҳоро дорем. Онҳо дар роҳ ҳастанд ва бояд ба зудӣ расанд. Тамоми харҷи роҳашонро фестивали "Фаҷр" медиҳад ва ин барои мо ёрии бузург аст", - таъкид кард Ҳақдодов.

Раҳбари Анҷумани синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳафтумин ҷашнвораи "Дидор" 80 филми баланди достонӣ ва филмҳои кӯтоҳ ба намоиш гузошта мешаванд, ки дар ин филмҳо ба “гуфтугӯи фарҳанги Ғарбу Шарқ”, “Синамои форсизабонҳо – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон” ва осори синамогарони ҷавону навкор таваҷҷуҳи хос шудааст.

Тоҷикистон дар ин намоиш "Хоби маймун", "Мушкилкушо"-и Умед Мирзоширинов ва филми кӯтоҳи "Ҳолат"-ро намоиш медиҳад. Сафар Ҳақдодов гуфт, ба хотири он ки аксари бинандаҳо аз Тоҷикистонанд, барои ҷалби онҳо розӣ шудаанд, ки қисми дувуми филми ҳаҷвии "Арӯси замонавӣ" ва "Сафари ҳавоӣ" низ намоиш дода шавад.

Синамобазми байналмилалии “Дидор” аз соли 2004 ин ҷониб дар ду сол як бор баргузор мешавад. Ҷашнвораи гузаштаи “Дидор” ба 110-солагии Комил Ёрматов – коргардон, филмноманавис ва ҳунарпешаи тоҷик ва асосгузори синамои Тоҷикистону Узбакистон бахшида шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG