Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

'Тоҷиккино' мегӯяд, 70 000 филми 'ужас'-ро маҳв кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ширкати давлатии “Тоҷиккино” мегӯяд, филмҳои “ужас” ё ваҳшатнок ба равони сокинон, махсусан ҷавонон, таъсир доранд.

“Тоҷиккино” беш аз 70 ҳазор навори видеоии филмҳои даҳшатнок ё “ужас”-ро аз нуктаҳои дискфурӯшии пойтахти кишвар мусодира ва маҳв намудааст.

Дар ин бора дафтари матуботи “Тоҷиккино” рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ин манбаъ гуфт, гурӯҳи кории "Тоҷиккино" тайи як ҳафтаи охир тамоми нуқтаҳои фурӯши наворҳо дар Душанберо мавриди тафтиш қарор дода, наворҳои "ужас" ва пастсифатро барчидааст.

"Ба хотири таъсири манфӣ гузоштан ба равони мардум, махсусан насли ҷавон ва хурдсол, тасмим гирифта шуд, ки чунин дискҳо аз нуқтаҳои фурӯш бардошта шаванд",-илова кард манбаъ.

Ба иттилои дафтари матбуоти “Тоҷкикино” наворҳое, ки аслан бардошта шуданд аз нигоҳи сифат низ хароб буд, то се-чаҳор бор бозсабт шудаанд. Ҳоло “Тоҷиккино” дар назар дорад, диски тӯйҳо, CD ва DVD-ҳои ҳофизони ғайриҳирфаӣ ва худсарро низ аз нуқтаҳои фуруш барчинад. Тайи як соли охир дар дискфурӯшиҳои Тоҷикистон навори тӯйҳое пайдо шудаанд, ки дар онҳо ин ё он ҳунарманди маъруф, аз ҷумла Шабнами Сурайё ва Манижа, тарона иҷро кардаанд.

“Тоҷиккино” моҳи майи соли ҷорӣ тарҷума ва намоиши 5 сериали дар байни мардуми тоҷик ва бахусус ҷавонон, хеле маъруфи туркӣ - “Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», «Хайлҳои сабз» ва «Водии гургон»-ро ба далели “вуҷуди саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ ва ифротгароиву терроризм” манъ кард. Ин идора қаблан ҳам чандин филми дигари сохти хориҷӣ ва як силсила наворҳои мазҳабиро ба “рӯйхати сиёҳ”-и барои фурӯш ва намоиш мамнӯъ шомил карда буд.
XS
SM
MD
LG