Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиёр Худоназаров дар Олмон даргузашт


Бахтиёр Худоназаров
Бахтиёр Худоназаров

Бахтиёр Худоназаров, коргардони шинохтаи кино, дар синни 50 дар Олмон даргузаштааст. Ӯ тайи солҳои охир дар Берлин ва Маскав зиндагӣ ва кор мекард.

Худоназаров ду сол пеш филми "Дар интизори баҳр"-ро ба бозор бароварда буд. Вай, инчунин, филми "Братан", "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ", "Шик" ва "Танкери Танго"-ро наворбардорӣ намудааст. Маъруфтарин филми Бахтиёр Худоназаров "Падари моҳтобӣ" гуфта мешавад, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда, чандин ҷоизаи байнулмилалиро ба худ ихтисос додааст.

XS
SM
MD
LG