Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр ба ислом гаравид ва Искандар шуд


Ежов Александр Борисович.
Ежов Александр Борисович.

Як марди 48-солаи рус дар масҷиди ба номи Имоми Аъзами Кӯлоб расман дини исломро пазируфт.

Ин мард Ежов Александр Борисович ном дошта, сокини Ярославли Русия мебошад ва барои гаравидан ба дини ислом се рӯз пеш дар беморхонаи вилоятии Кӯлоб худро хатна кард.

Ӯ мегӯяд, дар оилаи масеҳӣ ба дунё омадааст, вале пас аз омӯзишҳо дини исломро дини ҳақ дарёфт ва тасмим гирифт, ки барои омӯхтани намоз ба кишварҳои мусалмоннишини наздик ба Русия биравад. Ҳамин тавр, ӯ ба фурудгоҳ меравад ва ба худ қавл медиҳад, ки ба ҳар кишвари наздики мусалмоннишине, ки наздиктарин парвозро дорад, чипта харидорӣ мекунад. Тасодуф ӯро ба Кӯлоб овард.

Ӯ ҳоло мехоҳад, тарзи талаффузи дурусти сураҳои Қуръонро биомӯзад: «Талаффуз дигар аст. Бояд шакли дурусти талаффузи калимаҳо, мисли алҳамдулиллоҳро ёд бигирам. Ҳоло ман мусалмони хурд ҳастам. Чуноне ки писарчаи 9 солаи мусалмон дар талаффузи калимаҳо мушкилӣ мекашад, ман ҳам чунинам. Аммо ман 48 солаам, вале бовар дорам, ки ҳамаро аз худ хоҳам кард.»

Аз тасмими ин мард ҳамсар ва ду фарзандаш норизо будаанд, аммо ӯ мегӯяд, бовар дорад, ки онҳо низ рӯзе ҳақиқатро дарк мекунанд ва мисли ӯ ин динро мепазиранд.


Мулло Ҳайдар Шарифзода
Мулло Ҳайдар Шарифзода
Мулло Ҳайдар Шарифзода, имомхатиби масҷиди ба номи Имоми Аъзам, пас аз адои намози пешин ва эълони мусалмонии Александр ба намозгузорон гуфт, хеле хушнуд аст, ки ин мард дар чунин синну сол ҳақиқатро фаҳмидааст.

Ӯ гуфт, ин мард бояд намунаи ибрати он мусалмононе бошад, ки ба хотири пулу мол шуда, мазҳаби худро иваз мекунанд. Ҷаноби Шарифзода гуфт, дар се соли ахир ин бори панҷум аст, ки русҳо дар масҷиди Имоми Аъзам ба ислом мегараванд. Дар миёни русҳои мусалмоншуда, ба гуфтаи Шарифзода, афсарони пойгоҳи низомии Русия низ будаанд.

Ба дини ислом гаравидани насрониҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи камназир аст, дар ҳоле, ки гаравидани мусалмонҳо ба адёни дигар ҳазорҳо намуна дорад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯои уламои кишвар, дар як нишаст бо имомхатибони вилояти Хатлон гуфтааст, ки 150 ҳазор тоҷик ҳоло пайрави дигар динҳо ҳастанд. Ба таъкиди вай, табдили дин ба чунин сурати дастаҷамъӣ ҳатто дар даврони Шӯравӣ мушоҳида нашуда буд. Бахши бузурги ин гурӯҳ насронӣ шудаанд. вале ба хотири ҷилавгирӣ аз табъиз шудан дар ҷомеъаи мусалмоннишин, мазҳаби воқеии худро пинҳон медоранд. Зеро мардум дар як ҷомеаи 99 дар садаш мусулмон, ба андозае, ки аз гаравидани як насронӣ ба дини ислом хушнуд мешаванд, ба ҳамон аздоза аз гаравидани мусалмонҳо ба адюни дигар ба хашм меоянд.

Аммо Александр, ки ҳоло худро эшони Искандар меномад, мегӯяд, оянда барои ташвиқи дини ислом дар Русия талош хоҳад кард. Сокинони Кӯлоб ин мардро дар меҳмонхонае ҷои зисти ройгон додаанд ва сари вақт бо маводи озуқа низ таъмин мекунанд.

Александр дар гузашта ба ҳайси инженер дар сохтмон кор мекардааст ва ҳоло нафақаи маъюбӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG