Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чоркӯҳ: Тарона ҷои амри маъруфро танг мекунад


акс аз бойгонӣ аст

акс аз бойгонӣ аст

Мақомот дар назди ҷамоати Чоркӯҳ як гурӯҳи мусиқӣ таъсис доданд, ки аз ин ба баъд дар тӯю маъракаҳои шоди мардуми ин мавзеъ даъват мешавад.

Мақомоти ноҳияи Исфара дар назди ҷамоати Чоркӯҳ як гурӯҳи мусиқӣ таъсис доданд, ки аз ин ба баъд тӯю маъракаҳои шоди мардуми ин мавзеъ бо иштироки ҳамин гурӯҳ баргузор мешавад. Азбаски ҷамоати Чоркӯҳ овозхону артисти худӣ надорад, мақомот барои кор дар ин гурӯҳи мусиқӣ ҳунармандонро аз манотиқи дигар даъват кардаанд. Исомиддин Холиқов муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 3−уми сентябр гуфт, дар назди ҷамоат ансамбли “Чоркӯҳ” ташкил шудааст, то ки сокинон барои киро кардани овозхонҳо дар тӯю маъракаҳояшон азият накашанд: “Мо бо харҷи 2,5 ҳазор доллар асбобу ускунаи мусиқавӣ харидорӣ кардем. Се нафар дар ансамбли “Чоркӯҳ” кор мекунанд. Сокинон як моҳ қабл аз санаи тӯяшон ба мо хабар медиҳанд ва овозхонони ин ансамбл бо навбат рафта тӯю маъракаҳои сокинонро обод мекунанд, рақсу хурсандӣ мешавад”, гуфт муовини раиси ҷамоат.

Ба гуфтаи Холиқов, нархи хизмати овозхонони ин ансабл ҳам гарон нест ва овозхонҳо ҳамагӣ дусад сомонӣ барои ширкат дар як тӯй ҳаққи хизмат мегиранд. Дар баъзе аз мавридҳо агар соҳиби тӯй шахси

Соли 2010. Духтарони чоркӯҳӣ ба мактаб мераванд

Соли 2010. Духтарони чоркӯҳӣ ба мактаб мераванд

камбизоат бошад ва ё ҷавоне, ки дар артиш хизмат кардааст, овозхонони ин ансамбл ройгон дар базми тӯяшон ширкат мекунанд, мегӯяд Холиқов. Бархе аз сокинони ин минтақа мегӯянд, ки ҳунармандҳои даъватӣ бояд ба соҳиби тӯй расид ё сурат-ҳисоб бидиҳанд ва ин ҳуҷҷат як ҷо бо санадҳои дигар барои сабти ақди никоҳ ба мақомот пешкаш шавад.

Ин дастаи ҳунарӣ дар ҳоле таъсис ёфтааст, ки мардуми Чоркӯҳ дар муқоиса бо бахшҳои дигари вилояти Суғд муҳофизакор буда, сарфи назар аз хоҳиши арӯсу домод, дар бисёр маврид ба баргузории ба истилоҳ тӯйҳои мазҳабӣ, на замонавӣ бартарӣ медиҳанд. Нақши ҳунармандро дар тӯйҳои мазҳабӣ маъмулан рӯҳониён мебозанд ва ба ҷои рақсу бозӣ қиссаҳои мазҳабӣ ва мавъизаҳо пахш мешаванд. Бархе аз ҷавонҳои ин ноҳия, ки хостори багузории тӯйҳои замонавӣ ҳастанд ва мехоҳанд маъракаи арӯсии онҳо бо иштироки ҳунармандон ва рақсу шодӣ баргузор шавад, мегӯянд, ки баъзан волидонро розӣ кардан имкон дорад, аммо онҳо "аз гапи мардум" метарсанд ва аз суннатҳои қадимӣ пайравӣ мекунанд.

Холиқов масъули ҷамоати Чоркӯҳ мегӯяд, ҳоло ба фарқ аз соли гузашта бисёре аз тӯйҳо бо ширкати овозхонҳо, базму сур ва шодиву нишот мегузарад. Вай афзуд: “Як муддат минбар ба дасти муллоҳои нохонда

Занон дар Чоркӯҳ гоҳо рӯяшонро аз чашми бегонагон пурра мепӯшанд

Занон дар Чоркӯҳ гоҳо рӯяшонро аз чашми бегонагон пурра мепӯшанд

гузашт ва қариб буд ҷамъият вайрон шавад. Ҳоло мо тавсия додаем, ки барандаи тӯй аз ҳисоби духтурон, муаллимон, хусусан муаллимони фанни адабиёт интихоб карда шаванд. Имрӯз маросимҳои тӯю сур дар ҷамоати мо тамоман ранги дигар касб кардааст ва ҳар касе биёяд, завқ мебарад”.

Ба гуфтаи сокинони ин ҷамоат, ин иқдоми мақомот ҳоло ҳавои тӯю маъракаҳоро дар Чоркӯҳ иваз кардааст ва дар рӯзҳои истроҳат аз ин ё он гӯшаи деҳа садои карнаю рақсу бозӣ баланд мешавад. Олимбой Соҳибов, як пажӯҳишгари тоҷик, ки урфу одатҳои мардумиро дар минотиқи гуногуни кишвар таҳқиқ кардааст, мегӯяд мақомот бо ташкили як гурӯҳи овозхонҳо талош доранд хулқу одатҳои дунявиро байни мардум ташвиқ кунанд. Чунки, ба таъкиди ӯ, бисёриҳо дар Чоркӯҳ самимона мехостанд, ки тӯи фарзандашонро бо базму сур гузаронанд, аммо чун нуфузи руҳониён зиёд буд, аз ташкили тӯи шоду пурнишот худдорӣ мекарданд.

Олимбой Соҳибов гуфт, “як сол пеш дар Чоркӯҳ тӯйро аз мотам фарқ карда намешуд. Ҳамин муллоҳо омада як амри маъруфу мавъиза мекарданд, арӯсу домодро оварда ба як хона медароварданд, бо ҳамин тамом. Ҳоло бошад, вазъият тағйир ёфт, бисёре аз тӯйҳо бо базму шодӣ мегузарад”, гуфт ӯ.

Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз минтақаҳои мазҳабии Тоҷикистон ба шумор рафта, мардумаш тибқи қоидаҳои шариати ислом ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, аксаритяи тӯйҳои арусӣ ва хатнасур низ бидуни базму мусиқӣ сипарӣ мешаванд ва дар ин гуна маросимҳо ба ҷои овозхонҳо рӯҳониён панду мавъиза мекунанд. Ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар марзи Тоҷикистон бо ҳамсоякишвари Қирғизистон ҷойгир буда, 40 ҳазор аҳолӣ дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG