Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як гурӯҳ сокинони шаҳри Чкалов дар номаи дастаҷамъӣ аз раиси вилояти Суғд хостаанд, то ба мушкили камбуди оби нӯшиданӣ дар манзилҳои онҳо расидагӣ кунад.

Сокинони кӯчаи "Ғалаба"-и шаҳри Чкалов, воқеъ дар 10-километрии шаҳри Хуҷанд дар як номаи дастҷамъӣ ба номи раиси вилояти Суғд, ки нусхаи он ба нишонии электронии Озодӣ низ расид, аз камбуди барқу об дар манзилҳои баландошёна нигаронӣ кардаанд. Онҳо навиштаанд, ки камбуди об дар канори норасоии нерӯи барқ зиндагии онҳоро дар манзилҳои бисёртабақаи шаҳр сахту сангин гардондааст.

Ба қавли муаллифон, ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта интиқоли об ба манзилҳояшон пурра қатъ карда мешавад ва ба ҷуз ин ғайр масъулон ҳар рӯзи дигаре ҳам, ки хостанд, додани обро бас мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли муаллифони нома, интиқоли нерӯи барқ низ ба манзилҳои сокинони Чкалов тибқи меъёр, аз соати 10-и шаб то 5-и саҳар қатъ мешавад.

Як сокини шаҳри Чкалов бо номи Маъмурҷон рӯзи 28 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин вазъи мушкилашонро тасдиқ кард ва гуфт, ки "рӯзона мушкили беобӣ, шабона - бебарқӣ гиребонгири мост. Наход, таъмири хатти об тамоми сол давом кунад ва аслан кай поён хоҳад ёфт?"

Мусоҳиби дигари Озодӣ аз шаҳри Чкалов бо номи Нуралӣ мегӯяд, онҳо дар рӯзҳои беобӣ обро дар зарфҳои зиёд захира мекунанд, вале наметавонанд дастгоҳи обгармкуниро ба кор андозанд. Вай афзуд, “доимӣ обро бо фишори паст интиқол медиҳанд ва ба хонаи мо, ба ошёнаи 3 намебарояд. Барои ҳамин, дар таҳхона як насоси алоҳида гузоштам ва бисёр сокинони табақаҳои аз 2 боло ҳамин тавр бо насоси худ ба хона об мекашанд. Аммо насоси обкашӣ ҳам шабона аз набуди нерӯи барқ кор намекунад ва мо ҳамеша ба мушкили об рӯ ба рӯем."

Сокинони Чкалов мушкили беобии худро борҳо ба мақомот матраҳ карда, вале то ҳол натавонистаанд ин мушкили худро ҳал кунанд. Баҳром Саидов, сардори идораи обу канали шаҳри Чкалов вуҷуди ин мушкили сокинонро тасдиқ мекунад ва сабаби онро ба кӯҳнаву фарсуда шудани шабакаи обрасонӣ марбут медонад.

Ба гуфтаи вай, "хатти обрасонии Чкалов солҳои 55 – 60-и асри гузашта сохта шудааст ва бояд 10 сол қабл навсозӣ мешуд. Вале ин барнома нав рӯи даст гирифта шудааст.” Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо 11 километр хатти лӯлаҳои оби Чкалов навсозӣ шуда, вале 35 километраш ҳанӯз таҷдид нашудааст.

Ба гуфтаи раҳбари идораи обу канали шаҳри Чкалов, барои рафъи мушкили сокинон шаҳрдории Чкалов барномаи барқарор намудани шабакаи оби ошомидании ин шаҳрро рӯи даст гирифтааст ва мутобиқи он, дар тӯли 2 – 3 соли оянда бо дастгирии молии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд 35 ҳазор метр хатти обрасонии Чкалов бо роҳи тендер навсозӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, 30 дарсади оби ошомиданӣ ва барои хоҷагӣ ба шаҳри Чкалов аз манобеи обии Хоҷа Боқирғон, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 70 дарсад аз чоҳҳои амудии канори худи Чкалов расонида мешавад. Вале дар ҳоли ҳозир мушкили аслӣ фарсудагии хати обрасонии дохили шаҳр ва рухдоди садамаҳои зиёд дар он аст, ки таъмини сокинон бо оби ошомиданиро душвор гардонидааст.

Мушкили дастрасӣ бо оби ошомиданӣ танҳо хоси сокинони Чкалов нест. Ба ин мушкил камобеш сокинони тақрибан тамоми шаҳрҳои Суғд, сар аз Хуҷанд, маркази вилояти Суғд то Табошару Чкалов рӯ ба рӯянд. Дар даҳсолаи охир ҳукумат борҳо барномаҳоеро ҷиҳати таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ ва бо вомҳои имтиёзноки созмонҳои молии байнулмилалӣ рӯи даст гирифта, вале мушкил ҳамчунон боқӣ мондааст.

Дар шаҳри Чкалов, бино ба оморҳо, ҳудуди 32 000 нафар ба сар мебаранд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ маҷлиси шаҳри Чкалов қарор кард, ки номи он ба Шоҳкант иваз карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG