Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сечархаҳо ё ба қавли мардум "мотороликҳои чинӣ", кори аробакашони маъмулиро дар бозорҳои Кӯлоб танг мекунанд.

Аробакаш ҳои тоҷик бо иваз кардани аробаҳои худ бо се чархаҳои дизелӣ, кори худро муосиртар месозанд. Исмоил Раҷабов, як аробакаши 50-солаи бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, маблағ ҷамъ карда ва сечархаи дизелӣ, ки моли Чин аст, харид ва корашро осонтар гардонид. Ҳоло Исмоил бо ин сечархаи дизелӣ то 700 кило борро аз бозор то хонаи муштариён мекашонад ва муздашон барои кашонидани бор аз бозор то хонаи муштариён аз 10 то 20 сомониро ташкил медиҳад. Дар гузашта ин аробакаш аробаи маъмулӣ дошт.

Исмоил Раҷабов, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кору ӯ хело осон шудааст ва мисли пештара азият намекашад. Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, аз муштариён боназардошти вазъи молияшон пул мегирад. Ӯ мегӯяд, кор мисли моҳҳои пештар дар авҷ нест, аммо дар як рӯз дар ҳоли ҳозир то 50 сомон кор мекунад, ки барои зиндагӣ кам ҳам бошад, басанда аст.

Вай мегӯяд, ки «то маҳаллаи Борбад аз даҳ сомон сар карда то бист сомонӣ бори муштариёнро мебарам. Боз ҳаст муштариёне, ки маблағ кам доранд, мо низ онҳоро маҷбур намекунем. Хайр, ҳамин хаст, ин набошад, зиндагиро чигуна пеш мебарем. Дар баробари суст будани корҳои мо, дар дигар ҷойҳо низ ин вазъият мушоҳида мешавад.»

Зимнан, сечархаҳо ё ба қавли мардум "мотороликҳои чинӣ" кори аробакашони маъмулиро бештар дар бозор танг мекунад. Ва онҳо мекӯшанд, ки пул ҷамъ карда, бо 700 доллари амрикоӣ як сечархаи дизелӣ бихаранд ва кори худро муосиртар созанд.

Алишер Қурбонов, як аробакаши дигар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштанд, бештари онҳо сечархаҳои дизелӣ харида, барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ роҳи бозорро пеш гирифтанд. Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, ҳоло ин аробакашони дизелӣ мавқеи онҳоро танг кардаанд ва аробакашҳо дар як рӯз аз 20 то 30 сомонӣ дигар пули зиёд кор намекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто нархашонро аз аробакашони сечархадор арзонтар кардаанд, аммо муштариён ба сӯи сечархаҳои дизелӣ мешитобанд.

Ин мусоҳиби мо гуфт, ки «мо борро то маҳаллаи Борбад то 10 сомонӣ мебурдем, аммо дигар моро ҳоло муштариён на он қадар суроғ мекунанд. Ҳатто ҳамин мотороликҳо аз даруни бозор низ бори мардумро мекашонанд. Кори мо рӯз аз рӯз сахт шуда истодааст».

Муосир шудани аробакашӣ дар ҳолест, ки бештари сокинон аз буҳрони молӣ шикоят мекунанд ва мегӯяд, ки бештари вақт борҳояшонро ба дастони худ ба хона мебаранд.

Фарзона, як сокини Кӯлоб мегӯяд, ки то бораш аз 50 кило зиёд набошад, ӯ ҳеҷ гоҳ ба аробакашҳо муроҷиат намекунад. Ба гуфтаи ин хонум, замоне аз 50 кило бештар шуд, ба сечархаҳои чинӣ муроҷиат мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар фасли гармо ба ин сечарха савор шуда, ҳам худ ва ҳам борашро ба хона мерасонанд.

Бо шиддат гирифтани буҳрони молӣ дар Русия, бештари муҳоҷирон аз онҷо баргашта, ба корҳои хоҷагидорӣ машғул шудаанд. Давлат Пирматов, як сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, ки баъди ихроҷ шуданаш аз Русия як сечархаи чинӣ харида, ҳоло ғӯзапоя, ҳезум мекашад ва хизмати ҳамдеҳагонашро анҷом дода ва музд мегирад ва зиндагияшро пеш мебарад. Ӯ мегӯяд, аз бозор низ бор мекашонад, то зиндагиашро сару сомон диҳад.

Зимнан, дар минтақаи Кӯлоб сечархаҳои чинӣ дар бозори ноҳияи Восеъ фурӯхта мешавад ва он аз 700 то 950 доллари амрикоӣарзиш дорад. Дар гузашта ин сечархаҳо 500 долар арзиш доштанд ва афзоиши талабот нархи онро дар 6 моҳи ахир то 350 долларболо бурдааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG