Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия дар Созмони Милал даргузашт


Виталий Чуркин дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал дар моҳи марти соли 2016
Виталий Чуркин дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал дар моҳи марти соли 2016

Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал даргузаштааст. Вазорати умури хориҷии Русия имрӯз 20-уми феврал бо нашри баёнияе дар вебсайти расмии худ хабар дод, ки Виталий Чуркин, як рӯз пеш аз 65-солагиаш дар шаҳри Ню Йорк даргузаштааст.

Владимир Сафронов, муовини сафир ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки Виталий Чуркин дар дафтараш дар қароргоҳи Созмони Милал бемор шуд ва ӯро ба шифохонаи Коламбия Пресбайтериан бурданд ва ӯ дар онҷо даргузашт. Бемориашро эълон накардаанд.

Виталий Чуркин яке аз дипломатҳои собиқадори рус дар гузашта сафир дар Канада, Белгия ва намоянда дар НАТО будааст. Вай соли 1974 Донишкадаи равобити байнулмилалии Маскавро хатм карда, ҳамчун корманди шӯъбаи тарҷумаи Вазорати умури хориҷии СССР дар солҳои 1970 гуфтушунидҳо бо ИМА-ро тарҷумонӣ кардааст. Чуркин аз соли 2006 ба ин сӯ намояндаи доимии Русия дар СММ ва Шӯрои Амният буд ва бо баҳсҳои тунду тезаш бо дипломатҳои ғарбӣ шинохта шудааст. Забонҳои муғулӣ, фаронсавӣ ва англисиро хуб медонист.

XS
SM
MD
LG